сиёсат
ПАЁМ ВА АРҶГУЗОРӢ БА ҲУҚУҚИ ИНСОН
Дар паёмҳои Сарвари давлат ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мавқеи меҳвариро касб менамояд. Зеро ҳар тасмими роҳбарияти олии кишвар баҳри ҳифзу пешбурди ҳуқуқи инсон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинон равона мегардад. Дар иртибот ба ин масъала, дар Паёми навбатӣ чунин таъкид гардидааст: “Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад”.
Бояд гуфт, ки дар санади олии ҳуқуқии кишвар – Конститутсия таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба таври зарурӣ мустаҳкам гардидааст. Боби дуюми Конститутсияро, ки ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, метавон пойдевори низоми ҳуқуқии кишвар ва кафили амалишавии ҳуқуқу озодиҳои ҳар як фард номид. Ин боб 34 моддаро дар бар гирифта, сеяки умумии Конститутсияро ташкил медиҳад. Ин рақамҳо худ, аллакай, далели равшани онанд, ки дар қонуни асосии кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи марказӣ ва калидиро ишғол менамоянд. Моддаи 14 Конститутсия, ки боби дуюм аз он оғоз меёбад, дурнамои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мушаххас сохта, онро ченаки муайянсозандаи қонунӣ ва мақсаднок будани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ эълон доштааст. Аз ҷумла, дар банди дуюми ин модда омадааст: «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ ҳифз мегарданд». Аз ҳамин ҷост, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ақидаи ҳуқуқшиносони байналмилалӣ дар ҷаҳон аз беҳтаринҳо эътироф гаштааст.
Гузашта аз ин, дар Паём яке аз хитобҳои вижае, ки ба ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти судӣ, субъектони ҳуқуқэҷодкунӣ ироа гардид, ин мутобиқгардонии қонунгузорӣ ба инкишофу пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, механизми амалисозии онҳо, риоя ва иҷрои қатъии қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.
Роҳбари давлат доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва сари вақт баррасӣ намудани парвандаҳо чунин иброз доштанд: “Мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва, ба ин васила, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд”.
Аз ин нуқтаи назар, мо муваззафем, ки дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои вазифавиву шаҳрвандии худро иҷро намуда, сарфи назар аз касбу кор дар робита ба нишондодҳои Сарвари давлат дар таҳкими пояҳои ҷомеаи солиму бомаърифат саҳмгузорем. Насли ҷавонро дар руҳияи ваҳдату ягонагӣ, фановариҳои тоза, забондонӣ, малакаву кордонӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, баланд бардоштани неруи кадрӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем.
Ҳомидҷон МУҲАММАДЗОДА,
раиси суди шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.02.2022 №: 22 Мутолиа карданд: 666