Хабарҳо
ӮЗБЕКИСТОН. ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ КИНЕМАТОГРАФИЯ ДАР ХАРҶИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАБЛАҒ ГУМОНБАР ШУД
Ба иттилои Дурдона Очилова, сухангӯи Агентии мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори Агентии кинематографияи ин кишвар Фирдавс Абдухолиқов ба иттиҳоми нодуруст харҷ кардани маблағҳои буҷетӣ гумонбар шудааст.
Қазия замоне ба амал омад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ перомуни харҷи маблағҳои ғайриқонунӣ аз тарафи Фирдавс Абдухолиқов бонги изтироб зада шуд.
Дурдона Очилова мегӯяд, маҳз бар ин асос Агентии мубориза бо коррупсия оид ба бархӯрди манфиатҳо ва ҳолатҳои мансубияти ӯ ба истеҳсоли силсилафилмҳо корҳои таҳқиқотӣ пиёда кард. Дар натиҷа, маълум шуд, ки директори Агентии кинематография зимни таҳияи шартнома ва тақсими маблағҳои субсидияи давлатӣ ба бархӯрди манфиатҳо роҳ додааст ва маблағҳои калон вайро ба сӯи гумроҳшавӣ кашидааст.
Ба таъкиди Дурдона Очилова, ахиран, Фирдавс Абдухолиқов ҳамроҳи дастандаркорони шабакаи телевизионии “Sevimli”, ки ҳамсар, духтар ва писари ӯ мебошанд ва соҳиби асосии саҳмияҳо низ ҳастанд, маблағҳоро “обу лой” кардааст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти агентӣ, соли 2021 Агентии кинематография бар асоси супориши фармоишгарон дар ҳамкории шабакаи телевизионии “Sevimli” (ҶСММ “Master Media Production and Broadcast”) силсилафилмҳои “Утоқи рӯъёҳо” ва “Дом”-ро ба навор гирифтааст.
21 феврали соли 2021 байни Агентии кинематография, ҶСММ “Master Media Production and Broadcast” ва ҶСММ "MY-FILMS" барои ба навор гирифтани силсилафилми миллии “Утоқи рӯъёҳо” ба маблағи 3 миллиард сӯм ё 280 ҳазор доллари амрикоӣ шартнома имзо гардида, ба суратҳисоби ҶСММ "MY-FILMS" 1,5 миллиард сӯм ё 140 ҳазор доллар интиқол ёфтааст.
Инчунин, 18 майи соли 2021 байни Агентии кинематография ва ҶСММ “Master Media Production and Broadcast” барои ба наворгирии силсилафилми миллии “Дом” бо арзиши 1,8 миллиард сӯм шартномаи дуҷониба имзо шудааст ва ин маблағ низ ба суратҳисоби ҷамъияти мазкур мустақиман ирсол гардидааст. Ба гуфтаи Дурдона Очилова ҳамаи ин маблағҳо аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди саноати кинематография ихтисос дода шудаанд, аммо бархӯрди манфиатҳо кори худро кардааст.
- Натиҷаҳои аз таҳқиқот гирдовардашуда барои чораҷӯии қонунӣ ба Прокуратураи Генералӣ ирсол шудааст, - иброз дошт Дурдона Очилова.
Мирасрор АҲРОРОВ, шаҳри Тошканд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 692