logo

Хабарҳо

САДА. ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛИСТ

 
Ҷашни Сада яке аз идҳои куҳантарин ва бузургтарини бостонии мардуми эронитабор,  аз ҷумла тоҷикон, ба шумор меравад. 
Баъди   ба   истиқлолият  расидан,  ҷашнҳои  миллиамон,  ки   садсолаҳо  ба кӯи фаромӯшӣ рафта буданд, эҳё  гардиданд. Хушбахтона, туфайли Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯзҳо, дар баробари дигар идҳо,  Ҷашни  Сада  дар    ҷумҳурӣ  бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. 
Вобаста ба ин сана, кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” дар якҷоягӣ бо аъзоёни маҳфили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” конфронси адабиро дар мавзуи «Фурӯғи Ҷашни Сада» баргузор намуданд. Тавре зикр гардид,  боиси  ифтихору хушнудист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон се ҷашни миллӣ – Меҳргон, Сада ва Наврӯзро идҳои  расмӣ  эълон  намуданд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки барои  поянда  нигоҳ доштани  онҳо, ки  дар  роҳи  худогоҳии  миллӣ  аҳамияти  бузург    доранд, талош варзем.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ китобдорон намоиши пурмуҳтавою пурмазмунро таҳти унвони “Сада – ҷашни рӯшноӣ” пешкаши хонандагон ва меҳмонон карданд.  Сипас, хонандагон бо қироати шеър ва базму суруд хотири ҳозиронро шод намуданд.  Дар охир хонандагони фаъол   бо  туҳфаҳои хотиравии маъмурияти китобхона сарфароз гардиданд.
 
Саодат АБДУЛҲАКИМЗОДА, 
корманди Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ 
дар шаҳри Кӯлоб”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 691
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед