Хабарҳо
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НИЁГОН ДАР ИСТАРАВШАН
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод ба шумор рафта, 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ, мутобиқ ба 31-уми январи солшумории мелодӣ, таҷлил мегардид.
Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Дар ин рӯз мардум либосҳои идона ба бар намуда, хурсандӣ мекунанд ва ҳамдигарро бо рӯзҳои нек муборакбод мегӯянд.
Дар иртибот ба ин санаи фархунда, дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан бо иштироки раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ фаъолону сокинон чорабинии бошукӯҳу шаҳомат доир шуд.
Адҳам Маъмурзода зимни суханронӣ ҳозиронро бо Ҷашни Сада муборакбод гуфта, баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадаанд, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.
Дар ин рӯзи пуршукӯҳ маҳсули меҳнати ҳунармандони чирадасти деҳот, маҳаллаҳо, донишҷӯёни коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва литсейи касбии техникӣ дар ярмарка-фурӯши маводи озуқаворӣ ва таомҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуд. Дар баробари ин, варзишгарони шаҳр бозиҳои гуногуни миллиро нишон доданд.
Ҳамзамон, ба ифтихори Ҷашни Сада гулхани рамзӣ афрӯхта, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр намоиши театрикунонидашударо пешниҳоди ҳозирон гардонданд.
Саъдулло САЙФУЛЛОЗОДА, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 819