logo

Хабарҳо

ХАТЛОН. ТАНТАНАИ САДАИ БОСТОНӢ

Дар шаҳри Бохтар Ҷашни Сада бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Нахуст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ниҳолу гулбуттаҳо дидан намуд. Намояндагони шаҳру навоҳии вилоят беҳтарин намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, анвои таомҳои миллӣ, қаннодӣ, ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороиширо ба маъраз гузоштанд. Сипас, дар толори Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов қисми тантанавии ҳамоиши идона идома ёфт.
 
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли толорро ба муносибати Иди ниёгон – Сада шодбош гуфт. Зикр гардид, ки дар фарҳанги суннатии ниёгонамон муборизаи равшанӣ бар  торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ дорад, ки он ба Ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. 
– Аслан, дар идҳои Сада ва Меҳргон, ки ҷашнҳои кишоварзонанд, аз дастоварду муваффақиятҳои барзгарон ёдовар гардидан бамаврид аст, – гуфт раиси вилоят. – Дар иҷрои татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба 20 миллиарду 694,5 миллион сомонӣ расонданд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум 1 миллиарду 191,6 миллион сомониро ташкил менамояд. 
Дар чорабинӣ беҳтарин пахтакор, занбӯриасалпарвар, чорводор, полизкор, кирмакпарвар, ҷангалбон, боғдор, парандапарвар, олимони соҳа ва дигар фаъолони комплекси агросаноатӣ бо ифтихорнома ва мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гаштанд.
Барои дастовардҳои шоён дар соҳаи кишоварзӣ дар соли 2021 ноҳияи Данғара бо «Шоҳҷоиза» ва 10 ҳазор сомонӣ мушарраф гардид. Соҳиби ҷойи дуюм - ноҳияи Кӯшониён бо вимпел ва 7000 сомонӣ қадр гашт. Ноҳияи Ҷайҳун, ки дар зинаи сеюм қарор гирифт бо вимпел ва 5000 сомонӣ мукофотонда шуд.
 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед