Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Мир24. Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин ширкат хоҳад кард, -хабар медиҳад АИР «Новости» бо истинод ба Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат.
EurAsia Daily. Дмитрий Мезенсев, котиби давлатии Иттиҳоди давлатҳои Россия ва Беларус, изҳор дошт, ки беҳтарин посух ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Беларус ва Россия ҳамгироии муваффақи иқтисодии ду кишвар хоҳад буд.
INTERFAX.RU. Парлумони Арманистон истеъфои Президенти ҷумҳурӣ Армен Саркисянро тасдиқ кард.
RT. Қарзи давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бори аввал аз 30 триллион доллар гузашт. Дар ин бора маълумотҳои Вазорати молияи ИМА шаҳодат медиҳанд.
Дар гузориши департамент дар сутуни "қарзи умумии давлатӣ" маблағи 30,012 триллион доллар нишон дода шудааст.
Eur Asia Daily. “Толибон” бори аввал пас аз ба даст овардани қудрат дар Афғонистон аз таъини занон ба мақомҳои раҳбарӣ дар ин кишвар хабар доданд. Изҳороти дахлдор дар Твиттер дар саҳифаи Забеҳулло Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги Ҳукумати муваққатии Афғонистон, ки аз ҷониби радикалҳо ташкил шудааст, нашр шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 844