Хабарҳо
Шавкат Мирзиёев 63 маҳбусро афв кард
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо имзои фармоне як гурӯҳ маҳбусонро афв кард. Афвшудагон аз зумраи зиндониёне мебошанд, ки аз кирдорашон сахт пушаймон шудаанд ва ваъда додаанд, ки ба ҳаёти осоишта баргашта, дар роҳи ислоҳи худ низ собитқадам мемонанд. Аз шумори умумии афвшудагон 44 нафар шартан озод хоҳад шуд. Ғайр аз ин, муҳлати зиндони 19 нафар коҳиш меёбад. Дар ин бора Мирасрор Аҳроров аз шаҳри Тошканд ба «Ҷумҳурият» хабар дод.
NBC: «Дар ИМА ҷиноятҳо алайҳи амрикоиҳои осиёитабор се маротиба афзудааст»
ТАСС. Дар ИМА шумораи ҷиноятҳо дар заминаи хусумат алайҳи амрикоиҳои осиёитабор дар соли 2021 беш аз се маротиба афзуда, тақрибан ба 10 370 расидааст. Чунин маълумот аз Маркази омӯзиши ҷиноятҳои нафратангез ва ифротгароӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Калифорния тавассути шабакаи телевизионии NBC мунташир шуд.
Тибқи иттилои ин марказ, теъдоди чунин амалҳои ғайриқонунӣ, аз ҷумла амалҳои хушунатомез, дар маҷмуъ, дар ИМА аз моҳи марти соли 2020 то сентябри соли 2021 нисбат ба ҳамин давраи қаблӣ 339 дарсад афзудааст.
Ҳайати нозирони ИДМ дар раъйпурсии конститутсионии Беларус ба кор пардохт
ТАСС. Ҳайати нозирони ИДМ дар раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конститутсияи Беларус бо дарёфти шаҳодатномаи дахлдор аз Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ ба кор шуруъ намуд.
Игор Карпенко, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, зимни мулоқот бо Леонид Анфимов, раиси намояндагии ИДМ, изҳор намуд, ки имрӯз мо се шаҳодатномаи аввалини нозирони байналмилалиро супурдем.
Раиси КМИР ёдовар шуд, ки қаблан дар ҷумҳурӣ 153 комиссияи ҳудудии раъйпурсӣ ташкил шуда буд. "Раванди ташкили участкаҳои интихоботӣ идома дорад. Комиссияҳои участкавӣ бояд то 6 феврал ташкил шаванд", - хабар дод Карпенко.
Ҳайати нозирони ИДМ-ро дар раъйпурсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Илҳом Неъматов раҳбарӣ мекунад.
Токаев аз мақомоти давлатии Қазоқистон даъват кард, ки мубориза бо коррупсияро ба таври куллӣ бознигарӣ намоянд
Мир 24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев даъват намуд, ки тамоми самтҳои фаъолияти мубориза бо коррупсия дар кишвар бакуллӣ аз нав дида баромада шаванд. Дар ин бора ӯ дар ҷаласаи оид ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия изҳор дошт. Токаев дар назди мақомоти ваколатдор як қатор вазифаҳо гузошт.
«Таваҷҷуҳи махсус бояд ба мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои гумрук, сохтмон, маориф ва тандурустӣ дода шавад. Вазоратҳои масъул бояд нақшаи решакан кардани коррупсия дар ин соҳаҳоро бар асоси системавӣ таҳия кунанд. Ба шумо супориш медиҳам, ки ин нақшаро бодиққат кор карда, дар охири семоҳаи якум пешниҳод намоед. Ҳама чорабиниҳо бояд бо Агентии мубориза бо коррупсия ҳамоҳанг шаванд», - омадааст дар изҳорот. Токаев зикр кард, ки ба кори раҳбарони аввал дар мақомоти салоҳиятдор, аз ҷумла дар заминаи мубориза бо коррупсия, баҳо хоҳад дод.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 635