logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ИСТЕҲСОЛИ БЕШ АЗ 20 МИЛЛИАРД  КВТ / СОАТ НЕРУИ БАРҚ ДАР ЯК СОЛ
 
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли рафта истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ 20 миллиарду 624,6 миллион кВт / соатро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли пешӣ 853,8 миллион кВт / соат бештар мебошад. 
Ҷамъоварии маблағи неруи барқ 93,6 дарсад ё 3 миллиарду 113,6 миллион сомонӣ буда, нисбат ба соли пешӣ 385,1 миллион сомонӣ зиёд аст.
- Сабабҳои асосии зиёд гардидани ҷамъоварии маблағи неруи барқ ба пурзӯрсозии назорати кори низоми биллингӣ, идоракунии корпоративӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои нави хизматрасонӣ барои муштариён ба ҳисоб мераванд, - гуфт Далер Ҷумъа.
Зикр шуд, ки айни замон дар асоси технологияи муосири (барномаи биллингӣ) дар соҳа ҷоригардида, ирсоли СМС-паёмак ба муштариён оид ба маълумоти нишондиҳандаҳои ҳисобкунак, сарфи неруи барқ, ҳисоби маблағи барқи истифодашуда, пардохти он ва бақия баъди сабти электронӣ ва ё баъди пардохти маблағ роҳандозӣ шуд, ки ҳадаф аз он шаффофият дар ҳисоби дақиқи неруи барқ мебошад. Айни замон вазорат якҷо бо ҷамъиятҳои шабакаҳои интиқол ва тақсимоти барқ ҷорӣ намудани системаҳои электронии идоракунии истифодаи неруи барқро ба роҳ мондааст.
 
Кароматулло АТО, 
«Ҷумҳурият»
 
 
 
 
Хизматрасонии алоқаи барқӣ ва интернет қонеъкунанда нест
Давоми соли сипаришуда ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 200 шикояти сокинони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба хизматрасонии бесифати алоқаи барқӣ ва суръати пасти интернет ворид шуд. 
Дар ин бора Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод.   
Ба гуфтаи номбурда, барои бартарафсозии ин камбудиҳо, беҳтар кардани сатҳу сафати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқиву интернет раёсати назорат ва танзими Хадамоти алоқа якҷо бо ширкатҳои мобилӣ дар асоси фармоиши сардори Хадамот дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва марказҳои назди марзӣ мониторинг гузаронд. Дар натиҷа, муайян гашт, ки дар бисёр ҳолатҳо номутобиқатии телефонҳои мобилӣ бо қолабҳои нави 4G ва 5G, сарборӣ ба фаъолияти истгоҳҳои базавӣ, ҷойивазкунии онҳо дар раванди сохтмони биноҳои баландошёна ва амсоли инҳо ба фаъолнокии интернет ва алоқаи барқӣ таъсир мерасонанд. Ин ва чанд мушкили дигари вобаста ба таъмини аҳолӣ бо интернети босифат ва алоқаи барқӣ бояд дар давоми ду моҳ бартараф шаванд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
 
«Ҷумҳурият»
 
 
 
 
Вазорати кишоварзӣ кластерикунонии маҳсулотро ба роҳ мемонад 
Зимни нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ дар ҷавоб ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» дар мавриди гузарондани тадқиқотҳои маркетингӣ ва таъсиси марказҳои логистикии маҳсулоти кишоварзӣ Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзӣ, иброз дошт: 
- Дар ҳақиқат, ин масъалаи мубрами рӯз аст ва Ҳукумати мамлакат низ дар ин самт кор карда истодааст. Соли 2020 аз ҷониби Ҳукумат маҳз бо назардошти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти кишоварзӣ ва бозоргир набудани он дар бозорҳои ҷаҳонӣ «Консепсияи кластеркунонии агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул шуд. Ҳоло дар вазорат вобаста ба ин гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, дар робита ба минтақабобкунии маҳсулот арзёбиҳо гузаронда шуданд. Нақшаи чорабиниҳоро доир ба амалисозии конпсепсияи болозикр ба вазорату идораҳо пешниҳод намудаем. Вобаста ба ҷорӣ намудани «кишоварзии сабз» ва ба стандартҳои байналмилалии содирот мутобиқ гардондани маҳсулот, инчунин, пайваст намудани занҷираи кишоварз бо истеҳсолкунанда, муассисаҳои илмӣ ва ташкилотҳои хизматрасонии агрологистикие, ки маҳсулотро то ба дасти истеъмолкунанда мерасонанд, кор карда истодаем. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДМТ.  30 КОРМАНД БО ХОБГОҲ ТАЪМИН МЕГАРДАД 
Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба саволи хабарнигори рӯзнома перомуни ҷудо кардани хобгоҳи оилавӣ барои устодони донишгоҳ чунин посух дод: 
– Соли равон раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки хобгоҳи №1-и донишҷӯёнро, воқеъ дар маҳаллаи «Гипрозем», аз ҳисоби маблағҳои махсус таъмиру таҷдид карда, ба 30 оилаи кормандони донишгоҳ тақсим намояд. Ин иқдом дар мувофиқа бо Ҳукумати мамлакат сурат мегирад ва мо, аллакай, дар ин хусус дастур гирифтем. 160 донишҷӯе, ки дар ин хобгоҳ истиқомат мекард, ба бинои нави хобгоҳи 12-ошёнаи Шаҳраки донишҷӯён кӯчонда шуд.  Хобгоҳи мазкур хусусӣ  гардонда намешавад ва устодону кормандон то замони фаъолияташон дар донишгоҳ дар он зиндагӣ мекунанд. 
Тавре таъкид шуд, сарфи назар аз буҳрони иқтисодӣ, соли гузашта маоши кормандони донишгоҳ 10 дарсад зиёд шуд ва дар назар аст, ки роҳбарияти донишгоҳ шуруъ аз 1 сентябри соли равон музди меҳнати кормандонро 10 дарсади дигар боло барад. Яъне, имсол бо назардошти аз ҷониби Президенти кишвар  20 дарсад зиёд шудани маоши омӯзгорон, дар маҷмуъ, музди меҳнати кормандони донишгоҳ 30 дарсад боло меравад. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 
 
 
 
ДОНИШГОҲИ ТИББӢ.  ТАҲСИЛ БА МЕЪЁРҲОИ ҶАҲОНӢ ҶАВОБГӮЙ МЕШАВАД
Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино тазаккур дод, ки барои ба талаботи таҳсилоти байналмилалӣ ҷавобгӯй шудан, дар Донишгоҳ курсҳои инноватсионии омӯзишӣ бо номи «Омӯзгори самаранок» роҳандозӣ шуданд. Ба курсҳо даҳ мураббӣ аз хориҷи кишвар ҷалб гардид. Машғулиятҳо 80 дарсади ҳайати профессорону устодонро фаро гирифтанд.
Ҳамзамон, ДДТТ байни муассисаҳои олии кишвар аввалин шуда ба татбиқи системаи менеҷменти сифат дар асоси стандарти байналмилалии «ИСО 9001:2015» оғоз бахшид.
Соли 2021 дар Донишгоҳ нуҳ лоиҳаи байналмилалӣ амалӣ гардид ва ба наздикӣ татбиқи 16 лоиҳаи дигар аз ҳисоби Буҷети давлатӣ сар мешавад.
Инчунин, соли гузашта аз тарафи пажӯҳишгарони муассиса 44 пешниҳоди навоварӣ, 23 ихтироъ, 18 монография ва як ихтирои авруосиёӣ ба қайд гирифта шуданд.
 
Б. САЛИМОВ, «Ҷумҳурият»
 
 
 
ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКӢ.  АЗ ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ЗЕҲНИ МАСНУӢ ТО УСТОХОНАИ ЛУ БАН
Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қудрат Давлатзода дар нишасти матбуотӣ баён дошт, ки соли 2021 муассиса ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникии давлатҳои ИДМ пазируфта шуд.
Ҳамзамон, ҷиҳати васеъ истифода бурдани технологияҳои муосир корҳо дар самти таъсиси Маркази зеҳни маснуӣ оғоз ёфт, ки дар кишвари мо нахустин аст. 
Муассиса дар рейтинги байналмилалии Webometrics Ranking of World Universities бо нишондиҳандаҳои баландтарин дар байни донишгоҳҳои Тоҷикистон ҷойи аввалро ишғол кард ва дар ҷаҳон мавқеи худро таҳким бахшида, назар ба соли гузашта 3734 зина боло рафт.
Ректор, инчунин, тазаккур дод, ки соли мозӣ дар заминаи ҳамкориҳои Чину Тоҷикистон шартнома ба тасвиб расид. Мувофиқи он, дар ДТТ устохонаи бузургтарини Осиёи Марказӣ ба номи Лу Бан бунёд ёфта, мутахассисони соҳаҳои сохтмон ва геодезияро омода месозад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 780
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед