logo

иҷтимоиёт

ФАЙЗОБОД. НОҲИЯЕ, КИ АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ ГУЛ МЕКУНАД

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумат дар гӯшаву канори гуногуни мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Файзобод, ташаббусҳои ободониву бунёдкорона  вусъати тоза касб кардаанд. Роҳҳои мумфарш, кӯчаву гулгаштҳои тозаю озода, корхонаҳои навбунёд, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва иншооти хуштарҳу замонавии маъмурию маишӣ далели ин гуфтаҳоянд. Бо чунин раванди фарогири созандагиҳо, симои ноҳия боз ҳам зеботару пурҳашамат мегардад. 
Тавре Бобишо Холзода, раиси ноҳияи Файзобод, зикр намуд,  соли гузашта барои мардуми сарбаланди кишвар, хосса сокинони меҳнаткаши ноҳияи Файзобод, таърихӣ ва фаромӯшнашуданӣ буд. Зеро ҷашни 90-солагии ноҳия ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ  рост омад. 
Боиси тазаккур аст, ки  ба ифтихори Иди миллӣ –  30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии беш аз  370 иншоот  ба нақша гирифта шуда, наздики 330-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни ҳол таҷдиду таъмири роҳу маҳаллаҳо на танҳо дар маркази ноҳия, балки дар деҳоти он ҳам бомаром идома доранд. Бояд гуфт, ки  дар иншооти баистифодадодашуда, 2145 нафар бо кори доимию мавсимӣ таъмин гардид.
 
САҲМИ СОҲИБКОРОН  ДАР ОБОДИИ МАҲАЛ 
Соҳибкорони меҳандӯсти ноҳия бо шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, оромию осудагии кишвар бо дили гарм ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо гардондани ин гӯшаи Ватан дастаҷамъона кӯшиш менамоянд. 
Танҳо соли гузашта аз тарафи онҳо қариби 70 иншоот бунёд ёфт. Аз ҷумла, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаҳои Муллоашӯрӣ, Шаҳтакиён, Арзанова, Очилдӣ ва Дороб, инчунин, моҳи сентябр бо иштироки  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  ва роҳбари гурӯҳи кории омодагӣ ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод Бахтиёр Худоёрзода дар деҳоти Меҳрободу Мискинобод як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Дар деҳоти Меҳробод аз тарафи соҳибкор Манучеҳр Каримов корхонаи коркарди обҳои минералӣ сохта шуд, ки дар он 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Инчунин, дар корхона истеҳсоли обҳои ранга дар назар аст. Ҳамчунин, соҳибкори ватанӣ Убайдулло Розиқов, дар деҳаи Орифон   дар доираи  омодагиҳо ба ҷашни миллӣ меҳмонхона ва дарвозаи даромадгоҳи деҳаро бунёд карда,  2 километр роҳро, ки солҳо хароб буд, мумфарш  намуд. 
Дар баробари ин, ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат дар деҳоти Мискинобод толори варзиш, меҳмонхона, дарвозаи даромадгоҳи деҳаи Заркамар ва беморхонаи бемориҳои сироятӣ ифтитоҳ гаштанд. Беморхонаи  бемориҳои сироятӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд шуд.  Он дорои 17 ҳуҷра ва 50 кати хоб буда, 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
 
СОҲАИ МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои беҳбудии фаъолияти  кормандони соҳа ҳамаҷониба саъй менамояд. Ҳоло дар ноҳия  44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 7 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 4 кӯдакистон фаъолият доранд ва дар онҳо 25 ҳазору 270 хонанда таълим мегирад. Инчунин, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва маркази эҷоди наврасону кӯдакон дар хизмати сокинон қарор доранд. Соли 2021 аз ноҳия 22 хатмкарда бо Квотаи президентӣ, аз ҷумла 11 духтар, ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуд.
Ҷои зикр аст, ки дар зарфи сӣ соли  Истиқлоли давлатӣ  дар ноҳия  25 муассисаи таълимии хуштарҳу замонавӣ, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва фарогири 5 ҳазору 788 хонанда бунёд ёфт. 
 
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯ
Кишоварзӣ аз соҳаҳои асосии ноҳия ба ҳисоб рафта, бобати таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардондани имкониятҳои содиротӣ ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши калидӣ дорад. Яке аз бахшҳои рушдёфтаи соҳа боғпарварист. Иқлими  ноҳия барои парвариши меваҳои гуногун, хусусан нок, себ ва гелос, мувофиқ мебошад.  Ҳамчунин, меваҳои ноҳия бо таъму лаззати хос, аз ҷумла навъи себҳои “стар кримсон”, “семиренко”, “голден”, “хубонӣ”, “крепсон” берун аз кишвар низ машҳуранд.
Кишоварзони ноҳия бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони боғу токзори меваҳои бозоргиру содиротиро сол то сол васеъ менамоянд. Айни замон дар ноҳия 6031 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз ин 424 гектараш токзор мебошад. Зиёда аз 3728 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд, ки бештари онҳо ба боғдорӣ машғуланд. 
Соли 2021 боғпарварон 5457,3 тонна ҳосили себ гирифтанд, ки нисбат ба соли 2020 417,4 тонна беш аст. Дар ноҳия барои нигоҳдории мева ду сардхонаи замонавӣ фаъолият мекунад, ки ғунҷоиши он 100 тонна мебошад. Имсол дар талу теппаҳои ноҳия, аллакай, 193,1 гектар боғи нав бунёд шуд.
Баҳри иҷрои дастурҳои Пешвои муаззами миллат соли равон майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, бамаротиб афзуд. Бо мақсади таъмини фаровонии бозорҳои дохилӣ бо хӯрокворӣ майдони кишти зироатҳо ба 9438 гектар расид. Аз ин ғалладона 3977,6, зироатҳои техникӣ 668, картошка беш аз 817 ва хӯроки чорво 3098 гектарро ташкил медиҳад. Дар  ин давра кишоварзон дар ҳамаи  шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз  6353 тонна ғалладона, 612,3 зироатҳои техникӣ, 13000,5 картошка, 14712,9 сабзавот, 159,6 полизӣ, 5874,7 мева, 859,9 тонна ангур ва 14988 тонна хӯроки чорво ҷамъ оварданд.
Тавре Бобишо Холзода таъкид сохт,  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод минбаъд низ тамоми имкониятҳо ва саъю кӯшиши худро барои татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарбар намуда, умед дорад соли 2022-ро  бо дастовардҳои бештар аз пештара  ҷамъбаст намояд.  
 
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2022    №: 23    Мутолиа карданд: 633
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед