logo

иҷтимоиёт

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ. АГАР МЕХОҲЕМ НАСЛИ СОЛИМ ДОШТА БОШЕМ...

Қонун  “Дар бораи  маъсулияти  падару  модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  моро вазифадор менамояд, ки бори дигар  масъулияти  худро дар  тарбияи  фарзанд  дучанд намоем, чунки  фарзанд  меваи боғи ҳаёти ҳар як  падару модар ба шумор меравад. Ин мева бояд бенуқсон ва аз ҳар ҷиҳат солиму боадаб ба воя расад. 
Дар моддаи 7 қонун аҳамияти  тарбияи  ҷисмонӣ ва  варзиш маданияти ҷисмонии  кӯдакон  зикр шудааст, ки сарчашмаи  барору  муваффақиятҳо  дар ин ҷода аз  оила  сарчашма мегирад. Ҳар кӯдаки ба мактабомада, бебаҳо ва нодир аст. Вале  ӯ  «алмос»-и суфтанашударо мемонад ва заргари хуберо мехоҳад, то онро  мукаммал гардонад. Иштироки  фаъолонаи оила  дар ҳаракатҳои   ҷисмонӣ-оммавӣ мақсаднок иҷро намудани восита ва шаклҳои гуногуни маданияти ҷисмонӣ ва варзиш дар ҳаёти  ҳаррӯза дар замони мо ба як шакли муайян   даромадааст.                                                                          Таъсири  мактаб на  фақат аз  кор бо падару модарон, балки худи хонандагонро барои  дарсҳои мустақилонаи ҳаёт омода намудан аст. Инҳо омӯзиши маҷмуи машқҳои  гимнастикаи  пагоҳирӯзӣ, обутобёбии ҷисмонӣ, тамринҳои мураккаби ҷисмонӣ, иҷроиши вазифаҳои хонагӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ, гузарондани машқҳои мустақилона барои супурдани меъёрҳои таълим ва тарбия мебошанд. Оила  ва мактаб дар амал бояд ягона  бошанд, дар тарбияи кӯдакон. Вобаста ба  ҳамин шартҳо тарбияи кӯдакон натиҷаи мусбӣ медиҳад. Ҳам падару модар ва ҳам мактаб корҳои худфаъолият - машқии кӯдаконро бояд ташкил намоянд, баҳо диҳанд ва барои инкишофи ҳаматарафаи ҷисмонию маҳорати варзишии онҳо ғамхорӣ намоянд. Мақоми дарси тарбияи ҷисмонӣ дар  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шароити кунунии ҷумҳурӣ ба мутахассисони соҳибкасби сохтмончӣ, заргар, дуредгар, харрот ва монанди инҳо  ниёз дорад. Барои  касбинтихобкунӣ ва бедор  намудани  шавқу  ҳавас нисбат ба ин ё он шуғл мавқеи  фанни тарбияи  ҷисмонӣ ва вазифаи омӯзгорони  синфҳои  ибтидоӣ хеле  муҳим аст. Мутаассифона, ба  таълими фанни   мазкур дар баъзе муассисаҳои таълимӣ кам эътибор дода мешавад.   Ҳарчанд  ки барномаю  китобҳои  пурмуҳтаво ва  серрасм  мавриди  истифодаанд. Қисме аз  омӯзгорон, бахусус дар синфҳои ибтидоӣ фанни тарбияи ҷисмониро дуюмдараҷа ҳисобида, ба ҷойи он математика  ва забони  модарӣ мегузаранд, ки дар натиҷа омӯзиши босамари ин фан дар синфҳои 5-9 душвор мегардад. Дар раванди тарбияи ҷисмонӣ дар  хонандагони  синфҳои ибтидоӣ дараҷаи фикрронӣ,  дидан, иҷро кардан бо ашёи варзиш ва фаъолияти эҷод оҳиста-оҳиста пайдо мешавад. Омӯзгорони тарбияи ҷисмониро зарур аст, ки барои тарбияи насли навраси имрӯзу фардо бояд чунин шароитҳоро муҳайё созанд:                 
а)  риоя намудан ва аҳамият додан  ба раванди тарбияи ҷисмонӣ;
б) дар ҷараёни дарс ташкил намудани саволу ҷавоб доир ба мавзуъ;
в) дар дарси тарбияи ҷисмонӣ  васеъ  истифода бурдани асбобҳои  аёнӣ; 
г) истифода намудани ҳар гуна  методу  усулҳо, ки дар оянда истифодаи ашёҳои варзиш лозиманд;
д) пайдарпайии мавзуъҳои тарбияи ҷисмонӣ дар раванди дарс ташкил ва  гузарондани  корҳои беруназсинфӣ;
д) ташкил намудани алоқамандии байни дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ бо фанҳои санъати тасвирӣ, суруд ва мусиқӣ, забони модарӣ, табиатшиносӣ. 
Омӯзгор дар дарсҳои  тарбияи ҷисмонӣ бояд ба фаъолияти хонандагон аҳамият диҳад,  хусусан ба онҳое, ки малакаю  маҳорати варзишии хуб доранд, супоришҳои иловагӣ додан бамаврид аст. Тарбияи ҷисмонӣ ва ҳаёти солим танҳо тандуристии  ҷисмониро дар назар  надорад, инчунин мафҳумҳои солимии руҳ ва шароити иҷтимоии осудаҳолонаро низ дар бар мегирад. Падару модари руҳан ва ҷисман солим метавонанд фарзандони ҷисман  солиму хушодобро тарбия намоянд. Абуалӣ ибни Синои бузург, ки асарҳои ӯ моҳияти ҷаҳонӣ доранд, дар китоби худ «Тадбири манзил» қайд кардааст, ки агар  модар бемор  бошад, шире, ки ӯ  ба тифл медиҳад, сабаби беморию  носолимии тифлаш мегардад, падар бадрафтор бошад, рафтори ӯ ба одобу ахлоқи фарзанд низ таъсири бад мерасонад. Аз ин хотир, хонандагони  имрӯза  писарон ва духтарон - падарон ва модарони оянда ин нуқтаро бояд хуб дар хотир дошта бошанд ва минбаъд фарзандони ҷисман ва ботинан солимро ба воя росонанд. Тарбия бояд комплексӣ анҷом шавад. Агар ба яке аз рукнҳои тарбия таваҷҷуҳ камтар шавад, он гоҳ вай номукаммал мемонад. Масалан, агар шахс аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим набошаду аз ҷиҳати маънавӣ хуб камол ёбад, тарбия яктарафа сурат мегирад. Ё худ тарбия,  меҳнат дар оила ва мактаб хуб ба роҳ монда шуда бошаду тарбияи экологӣ сарфи назар гардад, чунин тарбия натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Агар ба тарбияи ҷисмонӣ диққат диҳему аз арзишҳои  маънавии маҳаллию  мантиқӣ дар канор монем, он гоҳ ҷавонон ҷисман солиму бақувват, аммо аз одоб дуру руҳан носолим ба воя мерасанд. Басо хуб  мефаҳмем, ки барои идомаи умру ободии кишвар, пеш аз ҳама, ҷавонони солиму тандуруст ва ҷисман  обутобёфта  лозиманд.
Сол ба сол кӯдакон мустақилона миқдори такрори машқҳоро аз худ мекунанд ва кори хуби мушакҳо ва пайвандҳоро дарк менамоянд. Ҳисси дарккунии мушакҳои пагоҳирӯзӣ  ба монанди  оббозӣ дар ҳавз, дарё ва наҳории сабук дида мешавад. Оби хунук баданро бардам, бақувват, тоза ва аз пӯст ба системаи асаб набзро мебарад. Хулоса, нақши тарбияи ҷисмонӣ дар  солим ва солимгардонӣ, тарбия ёфтани насли наврас басо бузург аст. 
 
Хубон ХОЛОВА,
устоди Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 
ба номи Саидмумин Раҳимов
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.02.2022    №: 23    Мутолиа карданд: 2818
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед