иҷтимоиёт
ВОКУНИШ БА МАВОДИ «ДУШАНБЕ-ХОРУҒ. ДУ БАРДОШТ АЗ ЯК САФАР»
Маъмурияти ҶДММ «Шоҳроҳи Бадахшон» ба маълумоти шумо мерасонад, ки маводи «Душанбе-Хоруғ Ду бардошт аз як сафар», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти № 14 (24 373) аз 19 январи соли 2022 рӯйи чоп омадааст, дар байни коллективи кормандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки бинобар баланд шудани нархи сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётии нақлиёт ва дигар хароҷот ронандагон маҷбуранд, то пур намудани ҷойи нишасти воситаи нақлиёташон ба сафар набароянд.
Инчунин, оид ба бе навбат ба сафар баромадани ронандагон ёдрас мешавем, ки ҳоло ронандагон муваққатан бе навбат мусофир гирифта, ба сафар мебароянд. Зеро, як муддат дар терминал ҳамин пешниҳоди шумо ҷорӣ шуда буд, вале баҳсҳо аз тарафи мусофирон бисёр шуд. Яъне, мусофирон худашон воситаи нақлиётро бо баҳонаи хеш будани ронанда ва ё бароҳат будани воситаи нақлиёт, интихоб мекарданд.
Аз ҷониби мусофирон ҳамин гуна норозигиҳо нисбат ба бо навбат равона шудани воситаҳои нақлиёти мусофирбар зиёд буд. Ҳоло дар хусуси ин пешниҳод дар терминал тадбирҳо андешида шуда, дар ин самт корҳо пурзӯр мегарданд.
Қобили зикр аст, ки воситаҳои нақлиёт зери назорати доимии роҳбарияти ҷамъият қарор доранд.
Абдураҳмон ХИЗИРОВ,
директори ҶДММ «Шоҳроҳи Бадахшон»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.02.2022 №: 23 Мутолиа карданд: 627