logo

Хабарҳо

Путин бо Ҷонсон Украина ва кафолатҳои амниятиро баррасӣ сохт

 
Российская газета.  2 феврал Владимир Путин бо Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
"Мубодилаи муфассали афкор дар заминаи буҳрони дохилиукраинӣ ва вазъ ҷиҳати таъмини кафолатҳои дарозмуддати қонунӣ муқарраршудаи амнияти Федератсияи Россия сурат гирифт", — омадааст дар хабари   Кремл. Дар ҷараёни суҳбат Владимир Путин майл надоштани НАТО ба вокуниши муносиб ба нигарониҳои асосноки Россияро зикр кард. 
 
СААД ва ИДМ тавсеаи ҳамкорӣ дар муқовимат бо терроризмро зарур шумурданд
Мир24. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ   Станислав Зас ва роҳбари Маркази зиддитеррористии ИДМ Евгений Сисоев зарурати муттаҳидсозии талошҳоро дар  шароити таҳдиди афзояндаи терроризм таъкид карданд. 
Дар ин бора ТАСС бо истинод ба котиби матбуотии СААД Владимир Зайниддинов хабар дод.    Илова бар ин, мавзуи ҳамкориҳои амалии СААД ва Маркази зиддитеррористии  ИДМ дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
Си Ҷинпин: «Чин барои мизбонии Бозиҳои олимпӣ омода аст»  
ТАСС. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин гуфт, ки кишвараш ба мизбонии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ-2022 дар Пекин комилан омода аст ва барои таъмини амнияти он тамоми чораҳои заруриро меандешад. 
- Олимпиадаи соли 2022 дар Пекин бегоҳи  4 феврал ифтитоҳ мешавад.   Мо ҳама корро мекунем, то  Бозиҳои олимпӣ дар сатҳи баланд гузаранд, - таъкид кард Сарвари давлати Чин  зимни иҷлосияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ.
 
Ҳукуматдорони  Ӯзбекистон як қатор маҳдудиятҳои марбут ба коронавирусро сабук карданд
Мир 24. Ҳукуматдорони Ӯзбекистон мамнуияти вуруди шаҳрвандони як қатор  давлатҳои  Африқои Ҷанубӣ ба ин кишварро лағв карданд.  
Илова бар ин, Тошканд ба шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои Аврупо меоянд, иҷозат дод, ки ба карантини даҳрӯза нараванд. Ҳамзамон, давраи карантин барои онҳое, ки бо сироятшудагони  коронавирус дар тамос буданд, то ҳафт рӯз кам карда шуд.
Вазорати тандурустии кишвар дар бораи  оғози дарсҳо дар мактабҳо ва донишгоҳҳо дар шакли анъанавӣ аз 7 феврал хабар дод. Сабаби ин тасмим   беҳбуди вазъи эпидемиологӣ дар кишвар унвон шудааст.
 
Владимир Путин бо Си Ҷинпин дар Пекин мулоқот доир менамояд
RT. Президенти ФР Владимир Путин дар матлаби худ "Россия ва Чин: шарикии стратегӣ ба оянда нигаронда шудааст" дар бораи мавзуъҳои музокироти қарибулвуқуъ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки дар Пекин баргузор мешавад, сухан гуфт.
"Дар ҷараёни боздиди дарпешистода ман ва  Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва ҷаҳониро ҳамаҷониба баррасӣ хоҳем кард", - изҳор дошт В. Путин. Ба гуфтаи вай, дар назар аст, ки ба густариши равобити тиҷоратӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.
Вазорати хориҷии Чин қаблан хабар дода буд, ки Си Ҷинпин ният дорад, бо Владимир Путин ва раҳбарони дигар, ки аз 4 то 6 феврал ба Бозиҳои олимпии Пекин меоянд, мулоқотҳои дуҷониба анҷом диҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 692
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед