logo

Хабарҳо

Ёрии Чин ба пойтахти Тоҷикистон

 
Бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва намояндагони Сафорати Чин дар Тоҷикистон рӯнамоии техникаи коммуналии ба шаҳри Душанбе воридшуда доир гардид, - хабар дод шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр.
Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкориҳо соли 2021 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома оид ба ёрии техникии бебозгашт ва ворид намудани 466 воситаи нақлиёти гуногуни коммуналию мусофиркашӣ ба  имзо  расонд.
Бо амалӣ гаштани созишнома дар 16 марҳила то имрӯз 413 техника вориди пойтахт гардид ва 53-тои дигар дар ҷараёни воридшавӣ қарор дорад.
 
 
 
Таҷлил аз 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ
Бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон муовини вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Тошиҳиро Аикиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопонро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд.
 
 
 
Аз сафар ба Қирғизистон худдорӣ намоед!
«Новобаста ба фармоиши Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон, аз 22 октябри соли 2021, дар бораи муҳайё намудани шароит барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил ва кор кардан дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон, дар ҳудуди ин кишвар ҳолатҳои муносибати ғаразнок нисбат ба шаҳрвандони тоҷик мушоҳида мегарданд», - хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муассисаҳои таҳсилоти олии Қирғизистон таҷрибаи ба таври сунъӣ кашол додани раванди бозпасдиҳии ҳуҷҷатҳои донишҷӯёни тоҷикро идома дода, барои судури ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гузариш ба макотиби олии Тоҷикистон монеа эҷод месозанд. Зимни ин, дар аксар мавридҳо, ба донишҷӯён шарт гузошта мешавад, ки маблағи ҳаққи таълимро барои соли пурраи таҳсил пардохт намоянд, ҳарчанд дар қарордодҳои онҳо бо муассисаҳои таълимии Қирғизистон талаботи мазкур пешбинӣ нашудааст. Илова бар ин, далелҳои аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Қирғизистон боздошт шудани донишҷӯёни тоҷик дар гузаргоҳҳои сарҳадии ин кишвар ба қайд гирифта мешавад.
Бо назардошти ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои таълимии Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, хоҳиш менамояд, ки аз сафар ба кишвари мазкур худдорӣ намоянд.
 
 
 
Озмун барои дарёфти Ҷоизаи  ба номи Исмоили Сомонӣ 
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2022 озмун эълон менамояд. 
Ҳадаф аз таъсиси ҷоизаи мазкур қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии онҳо ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Довталабони то 35-сола ҳуқуқи иштирок намудан дар озмунро доранд. Дар озмун ба тадқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб, коркард ва азхудкунии техника, мавод ва технологияи пешқадам, ки суръати афзоиш ва самаранокии пешрафти иқтисодиёту иқтидори мудофиавии мамлакатро мустаҳкам менамоянд, афзалият дода мешавад.
 
 
 
Қариб 80 дарсади аҳолӣ ба ваксина  фаро гирифта шуд
То 1 феврали соли равон дар Тоҷикистон  4 миллиону 594 ҳазору 703  нафар, яъне 79,7 фоизи шаҳрвандони мамлакат, ба ваксинаи зидди коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. 
Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 3 миллиону 902 ҳазору 269 нафар ё 67,7 фоизи шаҳрвандон гирифтаанд, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ваксинаи зидди бемории коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 833
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед