Хабарҳо
Аз нишастҳои матбуотӣ
ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ БА САВОЛҲОИ «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ДОД
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, ба саволи «Ҷумҳурият» доир ба таъмини бехатарӣ аз сӯхтор дар минтақаҳои дурдасти кишвар чунин посух дод: «Таъмини бехатарӣ аз сӯхтор яке аз самтҳои муҳими кори вазорат ба ҳисоб рафта, дар вилояту шаҳру ноҳияҳо Хадамоти оташнишонӣ амал мекунад. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам дар бисёр деҳаҳои шаҳру ноҳияҳо шароити бехатарӣ аз сӯхтор таъмин нест, зеро аз марказ дур ҷойгиранд. Ин масъала оҳиста-оҳиста ҳаллу фасл гардида истодааст. Бояд гуфт, ки хадамоти оташнишонии шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд. Аз ин рӯ, мо бо мақомоти маҳаллӣ фаъолият намуда, кӯшиш карда истодаем, ки дар нуқтаҳои дурдасти аҳолинишин дидбонгоҳҳои оташнишонӣ таъсис дода шаванд».
Дар иртибот ба саволи дигари хабарнигори рӯзнома дар масъалаи савдои одамон, Шодӣ Ҳафиззода, сардори раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, гуфт, ки соли гузашта 52 ҳолати марбут ба савдои одамон сабт гардид. Нисбат ба 33 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, панҷ кас дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Қурбониёни савдои одамон бошанд, пурра ба ёрии ҳимоятӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд.
Маҳмуд МИРЗОЁН
ҶОМЕА. БЕКОРШАВИИ АҚДИ НИКОҲ МУШКИЛОТИ ДОҒИ РӮЗ АСТ
Ба иттилои Музаффар Ашӯриён, вазири адлия, соли гузашта дар кишвар 13714 ақди никоҳ бекор шудааст, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 3178 адад зиёд мебошад. Дар ин миён, беш аз 10 ҳазори он бо қарори суд аст. Гузашта аз ин, 14814 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон вогузор гардидааст.
Вобаста ба саволи «Ҷумҳурият» дар ин бора, вазир чунин ҷавоб дод: «Пошхӯрии оилаҳо ва дар тарбияи яке аз волидон гузаштани фарзандон мушкилоти мураккаби иҷтимоист. Доир ба ин масъала, бояд ҷомеа бетараф набошад. Зеро ин на танҳо проблемаи ин ё он мақомот, балки мушкилоти кулли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Воқеан, нигаронкунанда аст, ки қариб 15 ҳазор кӯдак дар тарбияи яке аз волидон қарор дорад. Вазорат вобаста ба уҳдадориҳои худ дар ин самт корҳои муайянро ба сомон расондааст ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот боз фаъолиятро ҷоннок хоҳад кард».
Маҳмуд МИРЗОЁН
ВАЗОРАТИ МОЛИЯ
ҲАҶМИ ММД ҚАРИБ БА 99 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД
Соли рафта ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 98 миллиарду 910,7 миллион сомонӣ расида, суръати афзоиши он 9,2 дарсадро ташкил дод. Ин раванди рушд аз ҳисоби соҳаҳои саноат 22, гардиши бор 10,8, мусофиркашонӣ 8,2, кишоварзӣ 6,6, сохтмон 23,3 ва гардиши савдои хориҷӣ 39,5 дарсад таъмин гардидааст.
Ин матлабро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи ҷумҳурӣ, зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд.
Ба гуфтаи номбурда, соли 2021 аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ содироти маҳсулот аз ҷумҳурӣ ба хориҷа 33,8 дарсадро ташкил додааст. Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ бо назардошти ҷалби сармоягузориҳо ва маблағҳои махсуси муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ ба 29,5 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки 104,7 дарсади иҷрои нақша мебошад. Аз ин даромади дохилӣ тавассути Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ 13,7 миллиард сомонӣ аст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
БУНЁДИ 309 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ЯК СОЛ
Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки порсол тибқи маълумоти оморӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 8,2 миллиард сомонӣ беш аст.
Гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ новобаста ба пандемия беш аз сесад корхонаю коргоҳи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо зиёда аз панҷ ҳазору сад нафар соҳиби ҷойи кор шуд.
Дар ин давра дар вилояти Суғд 124, Хатлон 86, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 61, шаҳри Душанбе 26 ва Бадахшон 12 корхона мавриди истифода қарор гирифт. Корхонаю коргоҳҳои бунёдгардида, дар муқоиса ба як соли пеш 41 адад ва ҷойҳои корӣ беш аз 1400 -то зиёд мебошанд.
Кароматулло АТО
ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ
873,4 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ РАСОНДАШУДА БАРҚАРОР ГАРДИД
Соли сипаришуда мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 6 291 санҷиш гузаронда, аз натиҷаи онҳо 85 506 санади эътиноии прокурорӣ қабул ва 873,4 миллион сомонӣ зарари аз қонунвайронкуниҳо расондашударо барқарор намуданд, ки нисбат ба соли 2020-ум 172 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ афзуд, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 24 118 ҷиноят сабт гардида, кушодашавии он 80, 4 дарсадро ташкил дод.
Тавре таъкид гардид, дар ин давра нисбат ба соли қаблӣ 30 ҳодисаи даст задани шаҳрвандон ба худкушӣ, 4 ҷинояти одамкушӣ ва 143 ҷинояти хусусияти экстремистиву террористидошта коҳиш ёфт.
Инчунин, кормандони мақомот 11 437 гектар қитъаи замини ғасбшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгаштаро ошкор ва ба ҳолати аввала баргардонданд.
Сайфулло АШУРОВ
КОРРУПСИЯ
ЧАНД ШАХСИ МАНСАБДОР БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ БА ҶАВОБГАРӢ КАШИДА ШУД?
Дар иртибот ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият» оид ба таъмини назорати риояи қонунгузорӣ дар соҳаи танзими анъана ва ҷашну маросим, бахусус аз ҷониби шахсони мансабдор ва соҳибкорон, дар нишасти матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулӣ Барот, иҷрокунандаи вазифаи сардори сарраёсати муқовимат ба коррупсия, чунин ҷавоб дод: «Дар самти татбиқи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мунтазам дар якҷоягӣ бо мақомоти ваколатдор – Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Соли гузашта даҳ ҳолати аз ҷониби шахсони мансабдор риоя нагардидани талаботи Қонуни мазкур ошкор гардида, нисбат ба онҳо чораҳои қонунӣ андешида шуданд».
Ба саволи дигари «Ҷумҳурият» чунин посух доданд: «Яке аз вазифаҳои агентӣ гузарондани экспертизаи зиддикоррупсияи лоиҳаҳо ва санадҳои меъёрии амалкунанда мебошад. Соли рафта 1049 лоиҳаи санадҳои меъёрӣ аз экспертиза гузашта, дар 162 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор гардиданд ва хулосаҳо ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда ирсол шуданд».
Маҳмуд МИРЗОЁН
ПАЛАТАИ ҲИСОБ
274,5 МИЛЛИОН СОМОНӢ ЗАРАРИ МОЛИЯВӢ БАРҚАРОР ГАРДИД
Бо мақсади таъмини истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои буҷетӣ дар вазорату идораҳо, гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ Палатаи ҳисоб 247 чорабинии аудиторӣ гузаронда, ба маблағи 282,8 миллион сомонӣ зарари молиявиро муайян намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ шумораи объектҳои мавриди аудитқарордодашуда 25 адад кам ва зарари молиявии ошкоргардида 30,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ин матлабро раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарахон Чилазода дар нишасти матбуотӣ иброз намуд. Ба гуфтаи ӯ, бо бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида, чораҳои мушаххас андешида шуда, зарари молиявӣ ба маблағи 247,5 миллион сомонӣ барқарор гардид.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ДУ МОҲИ ОХИРИ СОЛИ ГУЗАШТА НАРХИ ГАЗИ МОЕЪ КОҲИШ ЁФТ
Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Абдулмаҷид Муминзод дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки тибқи ҷараёни мониторинги бозори маводи сӯзишворӣ аз аввали соли гузашта афзоиши нархи чаканаи сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад.
Соли гузашта ба ҷумҳурӣ 618,76 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 345,1 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 242,4 ҳазор тонна бензин ба маблағи умумии 412,61 миллион доллар, ворид гардид. Асосан, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ аз Федератсияи Россия 85,86, Қазоқистон 7,77, Ӯзбекистон 2,57, Туркманистон 2,08 дарсад буда, боқимонда 1,72 ба дигар давлатҳо рост меояд.
Тибқи мониторинги доимии бозори молӣ, болоравии нархи воридотии сӯзишворӣ, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ, инчунин, фурӯши чаканаи онҳо соли гузашта бо назардошти баланд гардидани нархи як тоннаи он дар корхонаҳои коркард ва биржаҳои ҷаҳонию минтақавӣ ба мушоҳида расид. Омилҳои таъсиррасон ба ин раванд афзоиш ёфтани арзиши як баррел нафт дар бозори ҷаҳонӣ нисбат ба соли пешӣ афзудани талабот ба сӯзишворӣ ва аз фаъолият боз мондани бархе корхонаҳои бузурги истеҳсоли маҳсулоти нафтии мамлакатҳои содиркунанда мебошад.
Оид ба нархи гази моеъ иброз шуд, ки нархи баландтарини воридоти гази моеъ соли гузашта дар моҳи октябр буд, ки ба 726 доллар баробар гардида буд. Дар моҳҳои ноябр – декабри соли гузашта коҳиши нархи гази моеъ нисбат ба моҳи октябри ҳамон сол ба мушоҳида расид.
Кароматулло АТО
361 ШАХСИ МАСЪУЛ БА ҶАВОБГАРИИ МАЪМУРӢ КАШИДА ШУД
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ 2376 корхона ва 10518 иншоот ба қайд гирифта шудаанд. Соли рафта аз тарафи ҳашт нозироти давлатӣ ва се нозироти комплексии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон дар корхона ва иншооти бақайдгирифташуда 220 назорати техникӣ, 191 нақшавӣ, 26 ғайринақшавӣ ва 3 нақшаи иловагӣ гузаронда шуд, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ, сардори хадамот Санъат Раҳим.
Дар натиҷа 1432 қоидавайронкунӣ ошкор гашт. Ба роҳбарони корхонаву ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 220 санад - нишондод ва 21 нишондод оид ба боздошти кор пешниҳод шуд.
Иброз гардид, ки барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 361 шахси ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеии корхонаҳои бақайдгирифташуда, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1306040 сомонӣ ҷарима карда шуд.
Соли сипаригашта дар корхонаву иншооти бақайдгирифташуда 39 ҳодисаи нохуш рух дода, 24 нафар ҳалок ва 45 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт. Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли гузашта дар корхонаҳои зериназоратии хадамот шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли пешӣ 8-то зиёд мебошад.
- Сабабҳои асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо дар ҷойи ҳодиса, беаҳамиятии ҷабрдидагон ҳангоми кор бо иншооти хатарнок, риоя нашудани қоидаҳои бехатарии саноатӣ ҳангоми кор бо иншооти истеҳсолии хатарнок, технологияи коркарди кон, ҳамчунин, нарасидани мутахассисони соҳавӣ мебошад, - афзуд Санъат Раҳим.
Кароматулло АТО
КУМИТАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ЭКОЛОГӢ ВУСЪАТ МЕЁБАНД
Соли сипаришуда аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 40 вохӯрию мулоқоти расмӣ бо намояндагиҳои дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилалии дар Тоҷикистон фаъолияткунанда ва давлатҳои хориҷӣ анҷом дода шуд.
Аз ҷумла, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар шаҳри Глазгои Шотландия баргузор гардид, иштирок намуда, дар он масъалаҳои идоракунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ҳамчунин, раванди иҷрои талаботи Конвенсияро баррасӣ намуданд.
Дар доираи мулоқоти раиси кумита бо роҳбари Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки дар шаҳри Душанбе Дафтари минтақавии созмони мазкур кушода шуда, айни замон вобаста ба ин масъала Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдорро ҷамъбаст ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намуд.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
РУШДИ БАДАХШОН
РОҲАНДОЗИИ БАРНОМАҲОИ НАВИ ФАРОГИР
- Барои солҳои 2021- 2025 барномаҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва, ҳамзамон, барномаи маҷмуии рушди вилоят аз ҷониби Ҳукумат тасдиқ ва роҳандозӣ гардидаанд. Ҳоло барномаҳо мавриди амал қарор дошта, вазъи иҷрои онҳо аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор таҳти назорат аст,- зикр намуд Нуралӣ Риозода, муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи Фирӯз Яҳёев, сардори раёсати банақшагирӣ ва арзёбии рушди маҳали кумита, дар доираи барномаҳои вилоят бунёду навсозии инфрасохтори соҳаҳои гуногун, таъмини шуғли пурраи аҳолӣ, рушди истеҳсолоти саноатӣ, ободонии роҳҳо, дастрасии саросарӣ ба оби нӯшиданӣ ва беҳбудии боз ҳам бештари соҳаҳои дигар пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки барномаҳои нави рушди маҳали дигар шаҳру навоҳии кишвар низ барои солҳои 2021 – 2025 бо қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо қабул гардидааст, ки дар асоси он рушди соҳаҳои саноат, дастрасӣ ба оби нӯшиданию полизӣ ва ободонии роҳу иншооти муҳими ҳаёти хоҷагии халқ нақшабандӣ шудаанд.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
КУМИТАИ АНДОЗ
СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР 3,5 ҲАЗОР АДАД АФЗУДАНД
Тибқи Феҳристи ягонаи давлатӣ, то 1-уми январи соли 2022 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 338,8 ҳазор адад расид, ки назар ба соли пеш 3,5 ҳазор бештар аст. Нақшаи ҳама гуна пардохтҳои ба зиммаи мақомоти андоз буда 100,7 дарсад ё 13 миллиарду 722 миллион сомонӣ иҷро шудааст, ки 101 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин бора Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, иттилоъ дод.
Раиси кумита изҳор дошт, ки дар ин давра бақияи пардохти андозҳо 102 миллион сомонӣ коҳиш ёфта, ба 781 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Барои маҷбуран ситондани бақияи қарзҳои андозии солҳои гузашта аз ҷониби мақомоти дахлдор нисбат ба қарздорони маблағҳои андоз 10 ҳазор қарор содир шуд, ки тавассути онҳо ба буҷет 1,7 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ
ГУМРУК
РАҚАМИКУНОНӢ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТРО БЕҲБУД БАХШИД
Гардиши тиҷорати хориҷӣ соли гузашта 6004,1 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 1547,1 миллион доллар ё 35 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора сардори Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ислоҳоти гумрукие, ки давоми солҳои 2020 – 2021 амалӣ гашт, барои беҳтар шудани гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намуд. Аз ҷумла, бо ҷорӣ гаштани низоми «Равзанаи ягона»- и барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, ки аз моҳи сентябри соли гузашта роҳандозӣ шуд, фаъолияти 12 мақомот оид ба иҷозатномадиҳӣ ба савдои хориҷӣ дар шакли электронӣ гузашт. Яъне, муроҷиаткунанда имкон пайдо кард, ки бо пешниҳоди ариза тариқи электронӣ то 22 номгӯи ҳуҷҷатро онлайнӣ дастрас намояд. Инчунин, аз моҳи феврали соли гузашта зерсистемаи пардохтҳои электронӣ ҷорӣ гашту барасмиятдарории гумрукии пардохти нақдӣ аз байн рафт ва 97 дарсади маблағи ба буҷет воридшуда тариқи ин низом сурат гирифт.
Гузашта аз ин, бо дастгирии молиявии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Корея моҳи майи соли гузашта «Системаи идораи таваккал»-ро мавриди истифода қарор додем, ки ҳолатҳои нодуруст пешниҳод кардани арзиши гумрукии молро назорат мекунад.
Меҳрангез ҚОДИРОВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 775