logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1… Бухороӣ, шоири машҳури асри Хl, аҳди Қарахониён. 2.Ранги сари бонувони Ҳинд. 3. Фитрати …-и Самарқандӣ, муаллифи достони «Толиб ва Матлуб». 4. Шоҳи Хоразм, ки соли 1147 бо ҳукми ӯ  Адиб Собири Тирмизӣ дар Амударё ғарқ карда шуд. 7. Олими мусиқишиноси асри Х, сулолаи Сомониён, муаллифи асари «Таълими сонӣ». 8. … Исмоилова олими соҳаи педагогикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 9. Асари безаволи Бобоҷон Ғафуров. 13. Ҳокими Ҳирот, ки бо амри ӯ соли 1529 шоир Бадриддин Ҳилолӣ қатл карда шуд. 14. … Абдуллоев, овозхон. 15. Асбоб, роҳкироҳисобкунаки таксӣ. 16. Ҳароратсанҷ. 19. Пойтахти давлат дар Аврупо. 20. Суруд. 23. Актрисаи театр ва кино Дилбар … . 24. Роҳбари шӯриши калонтарин ба муқобили истилогарони араб дар Хуросон, соли 755. 25. Ҳадия. 29. Достони шоир Ҳадиса Қурбонова. 30. Тими футболи Арманистон. 31. Навъи бомба. 33. Қаҳрамони достони «Ҳасани аробакаш»-и Мирзо Турсунзода.
АЗ ЧАП БА РОСТ: 
5. Номи аслии Чингизхон. 6. Писари Чингизхон, ки соли 1219 ба шаҳри Хуҷанд ҳуҷум кард. 10. … Раҳимова, ходими давлатӣ, собиқ вазири таъминоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 11. Яке аз кӯлҳои ҳафткӯли Панҷакент. 12. Кӯҳ дар шоҳроҳи байни шаҳри Ваҳдат ва шаҳри Норак. 17. Дилҷӯй. 18. Асбоби теннисбозӣ. 19. … Қосимов, овозхон. 21. Ҳимоягар дар мурофиаи судӣ. 22. Романи Садриддин Айнӣ. 26. Асарнавис аз ҷинси латиф. 27. Бонуи миёнарав. 28. Қисми физика. 32. Қалббарӣ. 34. Китоби муқаддаси Зардуштиён . 35. … Муъминова, овозхон. 36. Зайниддин … Ҷурҷонӣ, олими соҳаи тибби асри Хl, муаллифи асари «Захираҳои хоразмшоҳӣ». 37. Вазири аҳди Сомониён.      
Таҳияи Абдуҷалил ЮСУФОВ, 
сокини шаҳри Ваҳдат
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ШОҲМОТ» АЗ 28.01.2022
Аз чап ба рост:
3. Моҳак. 6. Геометрия. 9. Давлат. 10. Мауглӣ. 11. Сергап. 13. Руанда. 14. Азизмурод. 15. Сомон. 
Аз боло ба поён:
1. Шоҳмот. 2. Бастом. 5. Тирукамон. 7. «Парем». 8. Слада. 12. Пазмон. 13. Рауфов.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
 
 
 
«ҚУДРАТИ ИНСОН»
4. АЛЕКСЕЙ ПЕТРОВИЧ МАРЕСЙЕВ
Алексей Петрович Маресйев Қаҳрамони Ит-тифоқи Советӣ, дар таърих ягона лётчикест, ки баъди маҳрумӣ аз ду пой дигарбора иҷозати парвоз дар тайёраи ҷангиро гирифтааст. 
Қисса ин аст, ки соли дуюми ҶБВ ҳангоми ҳамлаи навбатӣ тайёраи Маресйев оташ гирифта, худаш ҷароҳати вазнин мебардорад ва маҷбур мешавад, ки дар ҳудуди душман фуруд ояд. Бо вуҷуди ин, сарбози ҷонсахт давоми се ҳафта гаваккашон худро то назди худиҳо мерасонад. Аниқтараш, ҷисми нимҷони ӯро сокинони маҳали наздисарҳадӣ пайдо мекунанд, вале танҳо баъди боз даҳ рӯзи дигар то госпитал бурда мерасонанд. Алексей Петровичро профессор Теребинский аз марг наҷот медиҳад, ҳарчанд ду пойи зардобгирифтаи қариб пӯсидаашро аз ноилоҷӣ мебурад. Бо вуҷуди пойҳои оҳании сунъӣ, ки хеле вазнин буданд, сарбози ҷонфидо баъди тамринҳои зиёд аз духтур иҷозат гирифта, дубора ба майдони ҷанг бармегардад. 
Аллакай, моҳи июли соли 1943 Алексей Петрович якбора ду тайёраи ҷангии душманро ба замин сарнагун карда, қаҳрамонӣ нишон медиҳад. Дар маҷмуъ, то охири ҷанг ин лётчики маъюб 86 парвоз анҷом дода, 11 тайёраи немисро нобуд кардааст.
Воқеан, филми «Повест дар бораи инсони ҳақиқӣ» маҳз аз рӯзгори лётчик Алексей Маресйев қисса мекунад.
Аз русӣ тарҷимаи 
Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Сэр Артур Конан Дойл, нависандаи машҳури англис, «як шӯхӣ кунем» гуфта, интихобан ба суроғаи дувоздаҳ бонкдори номии Лондон, ки ҳамчун роҳбарони ростқавлу поквиҷдон ном бароварда буданд, ба ин мазмун паёмак мефиристад: «Сиррамон фош шуд, зудтар пинҳон шавед». 
Боварнокарданист, вале субҳи содиқ ҳамаи дувоздаҳ бонкдор Лондонро тарк мекунанд. 
Баъдтар, шоҳидони ҳол аз қавли худи онҳо шунидаанд, ки сабаби асосии фирорашон фаъолияти пур аз ҷиноят ва зиддиҷамъиятиашон будааст..
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ГАНҶИ ШОЙГОН
БО ҲАФТОДУ ДУ МИЛЛАТ ЯКЕАМ
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз марде, ки бар ҳоли буруну дарунаш воқиф буд, суол кард: - Ту ба синну сол бузургтарӣ ё ришат?
Мард дар посух гуфт: - Ман бист сол аз риши худ бузургтарам, ӯ охиртар омадааст.
Мавлоно фармуд: «Эй бечора, он ки баъд аз ту расид ва пухта шуд (яъне, аз сиёҳӣ ба сафедӣ расид) ва ту, ҳамчунон, ки будӣ, дар сиёҳӣ ва табоҳӣ ва хомӣ меравӣ. Эй вой бар ту, агар табдил наёбӣ ва пухта нашавӣ».
                 * * *
Мавлоно мегуфт: - Ман бо ҳафтоду ду миллат якеам. Яке аз фақеҳони замонаш касеро таҳрик кард, ки бар сари кӯ ё барзани ӯ биравад ва аз ин боб суол кунад. Агар ин суханашро тасдиқ бикунад ва, ҳамчунон, ба такрор бигӯяд, дашномаш бидеҳ ва носазояш бигӯ. Мард, ҳамчунон, кард, ки фармуда шуда буд. 
Мавлоно бо шунидани дашном ва носазоҳо бо меҳрубонӣ ба он таҳриккунандаи фақеҳ гуфт: - Ба инҳо низ, ки ту мегӯӣ, якеам.
* * *
Мавлоно мегуфт: - Мо дари суол (чизе хостан аз мардум) - ро бар ёрон (муридон) – и худ дарбастаем. Ва муридонро мефармуд, ки ба касбе машғул бошанду бо арақи ҷабин нон ба даст оранд. Инчунин, таъкид менамуд: - Ва ҳар ки аз ёрони мо ин тариқаро наварзад, пуле наярзад, ҳамчунон, рӯзи қиёмат рӯйи мо нахоҳад дидан ва, агар чунон ки ба касе даст дароз кунанд, ман рӯй бад – эшон фароз (боло) хоҳам кардан. Ба тақвияти суханон ин ду байт бар забонаш ҷорӣ буд:
Гуфт пайғамбар, ки ҷаннат аз Илоҳ
Гар ҳамехоҳӣ, зи кас чизе махоҳ.
 
Гар нахоҳӣ, ман кафилам мар туро
Ҷаннатулмаъвову дидори Худо. 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
ҲУКМҲОИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ЁБУ ГИР
Додситонӣ ба хаткашон  384912 соли ҳабс талаб кард…
Чунин ҳукми тасаввурнашаванда ба Габриел Марч Гранадоси испанӣ таҳдид мекард. Мақомоти додситонӣ ӯро ба он айбдор намуд, ки давоми солҳои хаткашониаш дар Палма-де-Майорке (1968 – 1970) 42768 номаро ба суроғааш нарасонда, илова бар ин, мактубҳоро кушода ва аз дохили онҳо расидҳои бонкӣ ба маблағи 50 ҳазор евроро дуздидааст. 
Вобаста ба ин ҳолат, додситонӣ нисбат ба Габриел барои ҳар як мактуби ирсолнашуда 9 сол ва, дар маҷмуъ, 384912 сол ҳукми зиндон талаб намуда, ҳамчунин, пардохти ҷарима ба миқдори 19 миллион евроро тақозо кард. Ба иқболи хаткашон, суд талаби прокуратураро ба инобат нагирифт ва нисбат ба ӯ ҳукми қобили иҷроро содир намуд. 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
 
5 БРЕНДИ АҶИБИ ШОКОЛАД
4. БРЕНДИ “WANDER” 
ДАР ЖИТОМИР
Барои ба даст овардани шоколади ғайриодӣ  дур рафтан лозим нест. Дар шаҳри Житомири Украина низ бренди ҷавон ва номдор - “Wander” пайдо шуд, ки он бо идея шириниҳо месозад. Ин бренд 17 намуди шоколади Белгия, аз ҷумла чормағзҳои олӣ, пастилҳои шарбати олу ва теъдоди васеи маҳсулоти табииро мувофиқи тавсияҳои аслӣ (ретсепт) дар бар мегирад. 
Беҳтарин бренд маҷмуи “Cheezarro” мебошад, ки таъми панири кабуд,  шоколади  сафед ва мармеладҳои лазизро медиҳад.  Қабатҳои шоколади сафеду сиёҳ аз як навъи какао тайёр шудаанд, номи давлатҳои истеҳсолкунандаи лӯбиёро доранд ва дӯстдорони зиёдро  барои сафар аз Перу ба Ветнам, аз Уганда ба Вануату водор мекунанд. 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ҲАҚҚИ ҚАЛАМ
У. ЧЕРЧИЛЛ:   бо қалам ва забон
Дар қиёс бо В. И. Ленин, дар сутуни варақаи корӣ «Ихтисос ё намуди вазифа» Уинстон Черчилл (собиқ сарвазири Британияи Кабир) адиб будан ва корномаи эҷодиашро, ки манфиати басо шоёнро дастрас мекард, зикр менамуд. Черчилл дар синни 80-солагӣ иброз дошт, ки ҳамеша барои зиндагӣ тариқи қалам ва забон пул ба даст меовард.
Дар охирҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон Черчилл яке аз маъруфтарин одамони дунё маҳсуб мешуд. (Рузвелт он замон даргузашта буд). Ҳамрадиф бо ӯ аз сиёсатмадорон танҳо Сталин буд. Уинстон дар ин давра китоби таърихии хеш «Ҷанги дуюми ҷаҳон»-ро ба нашр расонд ва аз Ҷоизаи Нобел 25,3 млн рубл дарёфт намуд.
Ҳаққи чопи китоб дар тамоми нашрияҳои дунё ва маоши 5 – солаи фонди Literary Trust  бо эквиваленти муосир ба Черчилл анқариб 22 миллион фунт стерлинг суд овард.
 
Таҳияи Раҷабалӣ  ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
 
КӮДАКОНИ МИЛЛИОНДОР
Дар ҷаҳон кӯдакони зиёде ҳастанд, ки айёми наврасӣ миллиондор шудаанд. Фаъолияти бархе 
аз онҳо дар саҳифаи «Шоми шанбе» манзури хонандагони гиромӣ мегардад.
1. ҶЕМИ МУЪҶИЗАОВАР 
 
Писарбачаи амрикоӣ Фрейзер  Доерти дар 14-солагӣ тасмим гирифт, ки аз ретсепти олиҷаноби бибиаш оид ба омода кардани ҷем  (як навъи мураббо) истифода карда, ба фурӯши он машғул шавад. Муштариҳои нахустини ӯ ҳамсояҳояшон буданд, вале пас аз гузашти чанд сол, овозаи ҷемҳои Фрейзер он қадар ба атроф паҳн шуд, ки ба ӯ лозим омад ҷиҳати рушди кораш аз волидон қарз бигирад ва ширкати хусусии хешро оид ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ таъсис диҳад. Ҳанӯз дар синни 19, Фрейзер  Доерти миллиондор шуда буд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ ВАРЗИШӢ
“ЛЕСТЕР СИТИ”
дастае, ки ғайриинтизор қаҳрамони Англия шуд
Дар оғози мавсими 2015-2016-и Премерлигаи Англия касе тахмин намезад, ки клуби футболи “Лестер Сити” (“Рӯбоҳон”) қаҳрамон мешавад. Зеро дар мавсими гузашта даста аз 38 бозӣ 19-тоашро бохта, бо душвории зиёд мавқеашро дар чемпионат нигоҳ дошт. 
Тобистони соли 2015 Клаудио Ранери итолиёвӣ сармураббии даста таъин гардид. Тим футболбозони шинохта надошт, бо вуҷуди ин, мураббӣ тавонист як дастаи рақобатпазирро ҷамъ кунад. Ба коршиноси итолиёвӣ муяссар гашт, ки Ҷейми Вард, Рияд Маҳрез ва дигар бозигаронро ба ситораҳои дурахшон табдил диҳад. 
Ҳамин тавр, «Рӯбоҳон» муқобили дастаҳои машҳури «Челси», «Ливерпул», «Тоттенхэм», «Манчестер Юнайтед» ва «Манчестер Сити» рақобати арзанда нишон дода, 3 майи соли 2016 пеш аз муҳлат қаҳрамони Англия шуд. Ин даста дар 132 соли мавҷудияташ бори якум чемпион гашт. 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
САБАҚҲОИ КӮТОҲБАЁНӢ
Шоҳи Македония Филиппи дувум, Спартаро муҳосира карда, ба аҳли он чунин нома фиристод: “Маслиҳат ин аст, ки бетаъхир таслим бишавед! Агар лашкарам ба шаҳратон дарояд, онро хароб, боғҳоятонро несту нобуд, худатонро ғулом хоҳам кард!”
Ҷавоби спартаниҳо аз як калима иборат буд: “Агар...”
***
Фредерик Браун кӯтоҳтарин воқеаи мудҳишро ба қалам додааст: «Охирин одами рӯйи Замин дар хона менишаст. Ногоҳ дар тақ-тақ шуд...»
***
Эрнст Ҳемингуей гарав баст, ки ҳикояи муассиртаринро иборат аз шаш калима менависад ва шартро бурд: “Кафшчаҳои кӯдакона фурӯхта мешаванд. Пӯшида нашудаанд.”
***
О. Генри ғолиби озмуни ҳикояи кӯтоҳтарине шуд, ки гиреҳбандӣ, авҷ ва гиреҳкушоӣ дошт: “Ронанда сигор даргиронда, хам шуд, то бубинад, ки дар баки мошинаш чӣ қадар бензин мондааст. Марҳум бисту сесола буд.”
***
Дар озмуни ҳолномаи кӯтоҳтарин фаронсавизани солхӯрдае ғолиб омад, ки навишта буд: “Пештар чеҳраи ҳамвору домани пурчин доштам, ҳоло – баръакс”.
Таҳияи Сурайё АҲМАДЗОД
 
 
 
 
САРГУЗАШТИ БОВАРНОКАРДАНИИ АҶИБ ДАР ТИБ
3. БИНОӢ БА ВОСИТАИ ДАНДОН БАРҚАРОР ШУД 
 
Мартин Ҷонси бинокор пас аз воқеаи нохуше нобино мешавад. Баъди 12 сол, дар натиҷаи ҷарроҳии ғайриодӣ як чашмаш бино мегардад. Гап сари он аст, ки табибон барои амалиёт аз дандони мизоҷ истифода бурданд. 
Мутахассисон дар чашмони ӯ дандонро чунон моҳирона ҷойгузин карданд, ки он линзаро мустаҳкам нигоҳ медошт. Туфайли чунин ҷарроҳии камназир биноии чашми рости Мартин Ҷонс барқарор гардид. 
Аз русӣ тарҷимаи Нигина РАҲМОН
 
 
РУБРИКАИ НАВ!
Даҳ қоидаи нӯшидани чой 
ФОИДА ВА ЗАРАРИ ЧОЙ
Чойро ҳангоми гуруснагӣ нӯшидан мумкин нест. Махсусан, чойи сабз «миҷози хунук» дорад ва ба меъдаи холӣ ворид шуда, онро сард мегардонад. Аз қадим чиниҳо маслиҳат медоданд: «Бо шиками холӣ чой нанӯшед!». Дар Чин даҳҳо қоида ва санъати таҳияи чой ва пешкаш кардани он мавриди истифодаанд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
РУБРИКАИ НАВ!
БЕРУН АЗ СИЁСАТ
Дар рубрикаи нави «Шоми шанбе» - «Берун аз сиёсат», асосан, дар бораи машғулиятҳои дӯстдошта ё тавре маъмулан мегӯянд, хоббии шахсиятҳои номвари ҷаҳон, ҳунармандону сиёсатмадорон ва варзишгарону адибон маълумот медиҳем. Бо ҳам огоҳ хоҳем шуд, ки чеҳраҳои шинохтаи дунё вақти холии худро чӣ гуна сипарӣ мекунанд. 
ПУТИН
Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯйи Президенти Федератсияи Россия, машғулияти писан-дидатарини Путин хондани китобҳои таърихист. Ин-чунин, ӯ рӯйхати махсуси нашрияҳоро тартиб додааст, ки солҳо боз пайваста онҳоро мутолиа мекунад. Азбаски забони олмониро хуб медонад, барномаҳои олмониро низ зуд-зуд тамошо менамояд. Дигар вақт, асосан, бо варзиш банд мебошад. Узви тими «Лигаи шабонаи хоккей» маҳсуб мешавад, ки соли 2011 аз тоҷирону сиёсатмадорони шинохта таркиб ва таъсис ёфтааст.
Дар рӯзҳои истироҳатӣ бо шикори моҳӣ, сайругашт дар табиат ва шиноварӣ саргарм мешавад.
Песков, ҳамзамон, афзудааст, ки Путин ҳоло бо омӯзиши ҷиддии забони англисӣ машғул аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
ЧӢ ХЕЛ СУВОРОВ ХУДАШРО ҲАБС КАРД?
Генералиссимус Александр Василйевич Суворов ҳамчун роҳбар ба моликияти давлатӣ таваҷҷуҳи бесобиқа махсус дошт. Дар вақти ҷанги Полша хабар меёбад, ки мудирони бахши хоҷагияш маблағи ҳангуфтеро дар қимор бохтаанд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки генерал бо шунидани ин шумхабари нангин қариб давона мешавад. Ба ҳар ҳол чун каме ба худ меояд, либоси низомӣ ба бар намуда, рост ба гауптвахта меравад ва аз посбон хоҳиш мекунад, ки ӯро «барои дуздии дороиҳои армия» ба маҳкама гирад. Бо ин ҳам дили Суворов қарор намегирад ва аз маҳкама истода, ба наздиконаш нома менависад, ки чанде аз амволашро дар Петербург ба савдо гузоранд ва пули артишро баргардонанд. Дар мактуб ҳам худро сарзаниш мекунад, ки маҳз бо айби ӯ хоҷагидорони ҷавон ба худашон иҷозат доданд, то маблағҳои давлатиро тороҷ кунанд. Хабари худашро ҳабс кардани Суворов ба гӯши императритса Екатеринаи II мерасад. Маликаи дурандеш амр медиҳад, ки ҳамаи маблағи зарар аз ҳисоби хазинаи давлат ҷуброн шавад ва генерал худашро озод карда, ҳарчи зудтар ба иҷрои вазифаи муҳими давлатияш баргардад. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
МАВЗЕЪҲОИ ДАСТНОРАСИ САЙЁҲӢ
ҶАЗИРАИ ТРИСТАН ДА КУНЯ 
Дуртарин ҷазираи аҳолинишин дар ҷаҳон Тристан да Куня дар уқёнуси Атлантик дар масофаи 3200 км аз соҳили Амрикои Ҷанубӣ ва 2700 км аз соҳили Африқои Ҷанубӣ ҷойгир аст. Ҷазираи Тристан бузургтарин ва ягона ҷазираи истиқоматӣ дар галаҷазираҳои Тристан да Куня мебошад. Гумон меравад, ки галаҷазираҳоро Тристан да Куняи португалӣ соли 1506 кашф намудааст, аммо вай ба соҳили ҷазираҳо нафаромадааст. Бори аввал соли 1767 ба замини ҷазираҳо баҳрнавардони фаронсавӣ қадам гузоштаанд. Аз соли 1815 ҷазираҳо ба ихтиёри Британияи Кабир гузаштанд. Галаҷазираҳои Тристан да Куня ҳангоми аз Аврупо ба укёнуси Ҳинд сафар кардан, то кушода шудани канали Суэтс, нуқтаи стратегӣ буд. Тибқи барӯйхатгирии соли 2016, шумораи аҳолии ҷазира 267 нафарро ташкил медод. Ҳама сокинон авлоди аввалин муҳоҷироне мебошанд, ки дар байни солҳои 1816 ва 1908 ба ҷазира омадаанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
КӢ БЕШТАР ГАП МЕЗАНАД?
Равоншиносони ҷаҳон пас аз як таҳқиқоти психологӣ ба ин натиҷа расиданд, ки мардҳо зимни гуфтугӯйи ҳаррӯза тахминан 14 ҳазор ва занҳо 26 ҳазор калимаро истифода мебаранд. Пас аз пурсиш  аз занҳо дар мавриди он ки чаро қариб ду баробар нисбат ба мардҳо гап мезананд, чунин посух гирифтанд: «Ба мардҳо барои  фаҳмондани масъалае бояд даҳ бор ба даҳ шеваву  тарз онро такрор намудан лозим меояд».
 
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
ИНСОН ВА АСРОРИ КОИНОТ
УРАН
Сайёрае, ки фаслҳои солаш иваз мешаванд
Уран аввалин сайёрае буд, ки баъди ихтирои телескоп кашф шуд. Онро, агар тавассути асбоби ёрирасон бинанд, гумон намерафт, ки сайёра аст. Онро бо чашм дидан мумкин аст, аммо на ҳама вақт. Массаи Уран аз Замин 15 маротиба зиёд буда, қувваи ҷозибааш нисбат ба Замин 10 дарсад кам аст. Атмосфераи Уран асосан аз гидроген ва гелий иборат буда, ягона ҷирми осмонист, ки аз Офтоб гармии зиёд гирифта, ба кайҳон кам гармӣ хориҷ мекунад. 80 дарсади Уран аз об, аниқтараш аз захираи бузурги ях ташкил ёфтааст. Дар ин сайёра  ивазшавии фаслҳо ба амал меояд. Як шабонарӯзи Уран 17 соат ва як соли он 84 соли Заминро ташкил медиҳад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
10 ИХТИРОИ МУҲИМТАРИНИ ИНСОНИЯТ ДАР СОЛИ 2021
3. ТАҒЙИРИ ГЕНОМ 
Дар таърих бори аввал донишмандони соҳаи тиб тавассути технологияи CRISPR-Cas9 ҷарроҳии мураккаби геном (геном – маҷмуи маводи ирсӣ, ки дар ҳуҷайраи организм мавҷуд аст)-ро, ки   боиси амилоидоз  (вайроншавии мубодилаи сафедаҳо) мешавад, тағйир доданд. 
Коршиносон ин амалиётро дастоварди муҳим  арзёбӣ мекунанд, зеро тағйири геном барои пешгирии бисёр бемориҳои хатарнок,  аз ҷумла саръ (эпилепсия)-и кӯдакон, мусоидат менамояд. 
Бо тағйири геном донишмандон имкон ёфтанд, ки ҷанини дурагаи макака (як намуди маймун) ва инсонро ба вуҷуд оранд, ки он 20 рӯз зиндагӣ кард. Дар назар аст, ки минбаъд ҷиҳати омӯзиши бемориҳо ва парвариши узвҳо барои трансплантатсия чунин ҷанинҳоро ба вуҷуд оваранд.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2022    №: 24    Мутолиа карданд: 3758
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед