logo

порлумон

ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН. ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

Робитаҳои анъанавии дӯстона ва муносибатҳои дуҷонибаи сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ бо Туркманистон, ки бо дастгирию роҳнамоиҳои сарварони Тоҷикистону Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов амалӣ гардид, ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш ёфта, таъмини заминаи асосӣ дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳо рӯз ба рӯз тамоюли мусбӣ касб менамоянд.
Ин нуктаро Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ зимни баррасии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон «Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан» иброз дошт. 
Созишнома бо мақсади рушди ҳамлу нақл ва транзити бор тавассути ҳудуди кишварҳо, таҳкими муносибатҳои дӯстонаю ҳамкориҳои дуҷониба, таъмини интиқоли мунтазам ва бехатари борҳо таҳия гардида, ба содагардонии раванди интиқол ва транзити борҳо, инчунин, кам кардани хароҷоти нақлиётӣ, ҳангоми интиқоли борҳо, мусоидат менамояд.
- Бо истифода аз роҳҳои оҳани транзитӣ ва бандари обии Туркманбошӣ тавассути баҳри Каспий баромадан ба роҳҳои оҳани кишварҳои Аврупо ва тариқи бандарҳои обии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба монанди Бандар Аббос ва дигар бандарҳои обии ин кишвар амалӣ намудани ҳамлу нақли мултимодалӣ (яъне, ҳамлу нақли бор бо якчанд намуди нақлиёт) бо кишварҳои мутараққӣ имконият пайдо мегардад. 
Азим Иброҳим афзуд, ки вобаста ба ташкили интиқоли мултимодалӣ байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Туркманистон масъалаи кушодани долони нақлиётии Туркманистон - Ӯзбекистон - Тоҷикистон - Чин ва баръакс мавриди коркард қарор гирифта, вохӯрии ҷонибҳо соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст. Ташкили интиқоли мултимодалии борҳо тавассути нақлиёти роҳи оҳан аз Туркманистон то ба истгоҳи роҳи оҳани Кӯлоб ва сипас, тавассути нақлиёти автомобилӣ ба Чин пешбинӣ гардидааст.
Созишномаи мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкории дуҷониба, рушди муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, мусоидат ба рушди иқтисодиёти ҳар ду кишвар, инчунин, ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.02.2022    №: 24    Мутолиа карданд: 4683
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед