logo

Хабарҳо

МАГИСТРАТУРАИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИТОҲ ШУД

 
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон магистратураи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.
 
Дар чорабинӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода,  раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва устодону кормандони академия иштирок намуданд.
Ректори академия Абдухалил Ғафурзода гуфт, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, пурқувват кардани иқтидори ҳайати кадрии хизматчиёни давлатӣ ва таҳқиқу омӯзиш Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи академия магистратураи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро таъсис дод. Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ зикр намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне роҳбари давлати тоҷикон гардид, ки Тоҷикистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор буд ва тамоми шохаҳои мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, аз уҳдаи идоракунии мамлакат намебаромаданд. Дар чунин шароити сангин вазифаи муҳимтарини роҳбарияти нави Тоҷикистони соҳибистиқлол пешгирии шикасти минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таъмини амнияти давлат ба ҳисоб мерафт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки воқеии вазъияти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии мамлакат аз лаҳзаҳои нахустини фаъолият дар ин мақоми барои сарнавишти миллат ва давлат басо пурмасъулият барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ раҳо бахшидани кишварро ба миён гузошт. Мактаби давлатдории Пешвои миллат арзандаи омӯзиш буда, зарур аст, ки хизматчиёни давлатӣ таҷрибаи бузурги давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро омӯзанд.
Дар соли 2022 ба шуъбаи магистратураи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон 46 магистрант аз рӯйи ихтисосҳои  идораи давлатӣ,  сиёсати хориҷӣ ва дипломатия шомил шуд. 
Хуршед МАВЛОНОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 746
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед