logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

СИЁСАТИ ХОРИҶӢ
Аз музаффариятҳои дипломатӣ то омодагӣ ба Саммити ҷаҳонии об
 
Соли 2021, сарфи назар аз вазъи печидаи минтақаву шароити ҳассоси ҷаҳон, дипломатияи тоҷик уфуқҳои тозаеро фатҳ кард, ки барои таъмини сулҳу амнияти фаромарзӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ ва густариши бештари муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон, аҳамияти зиёд доранд.
Ин матлабро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҳузури васеи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ баён намуда, ҳамзамон, ба раёсати муваффақонаи кишвари мо дар созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай дар ин давра, ишора кард. Зикр шуд, ки зимни ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои СҲШ, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе доир гардид, 30 санади муҳим ба тасвиб расид, ки дар таърихи фаъолияти 20 – солаи Созмони мазкур бесобиқа аст.
Соли гузашта беш аз 150 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, шаҳри Душанбе мизбони сафарҳои расмии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Покистону Эрон буд.
Вазири корҳои хориҷӣ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори «Ҷумҳурият» вобаста ба ҷараёни татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи милливу байналмилалӣ изҳор дошт, ки соли 2023 дар асоси Қатъномаи Маҷмаи СММ дар шаҳри Ню-Йорк дуюмин Конфронси бузурги об дар шакли саммит доир мегардад. Ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нидерландия баргузор мешавад, ки дар он иштироки намояндагони воломақоми кишварҳои ҷаҳон ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар назар аст. 
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН
 
 
 
 
ВАЗОРАТИ МАОРИФ 
1842 медали хонандагон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ
 
Дар соли таҳсили 2020-2021 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар олимпиадаҳои  ҷумҳуриявии фаннӣ иштирок намуда, соҳиби 284 медали тилло, 532 нуқра ва 1026 биринҷӣ гардиданд. Ин  нуқтаро зимни нишасти матбуотӣ  вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода зикр намуд. 
Гуфта шуд, ки аз шумораи умумии медалҳои хонандагон ба шаҳри Душанбе 663, вилоятҳои Суғд 477,  Хатлон 412, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 210 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 80 медал рост меояд.   
Инчунин, зикр гардид, ки танҳо дар соли гузашта тибқи маълумоти оморӣ дар гӯшаву канори кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 217 муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 48281 хонанда ба маблағи 523 миллиону 970 ҳазор сомонӣ бунёд гардид.   
 
З. РАҶАБ
 
 
 
 
СУДЯҲО БА КАШОЛКОРӢ ХОТИМА МЕДИҲАНД
 
Дар соли 2022 назорат аз ҷараёни фаъолияти судяҳо дар самти риояи муҳлати мурофиавии муқаррарнамудаи қонун, ҳаматарафа, пурраю холисона баррасӣ намудани парвандаҳо, сари вақт таҳияву ба тарафҳо супурдани қарорҳои судӣ ва рафти иҷрои онҳо пурзӯр мегардад.
Ин дар ҳолест, ки кашолкорӣ вобаста ба баррасии парвандаҳо, сари вақт таҳияву ба тарафҳо насупурдани санадҳои судӣ аз ҷумлаи камбудиҳое арзёбӣ мешаванд, ки Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олӣ, зимни нишасти матбуотӣ мавҷудияти чунин норасоӣ дар фаъолияти мақомоти судиро эътироф намуд. Бино ба гуфтаи ӯ, бемасъулиятии раисикунандаи мурофиаи судӣ, яъне судяе, ки парванда дар истеҳсолоташ қарор дорад, баъзан сари вақт ба мурофиаи судӣ ҳозир нашудани иштирокчиёни мурофиа аз сабабҳои умдаи ба миён омадани чунин камбудиҳо мебошанд, ки зимни таҳия ва тасдиқи нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи аввали соли 2022 ислоҳи чунин вазъ ба назар гирифта шудааст.
- Роҳбарияти Суди Олӣ барои бартараф намудани камбудиҳо дар ин самт пайваста чораҳои зарурӣ меандешад, ки дар натиҷаи он соли 2021 теъдоди парвандаҳое, ки зимни баррасии онҳо муҳлати муқарраршуда риоя нагардидааст, дар муқоиса ба соли 2020-ум 33 адад коҳиш ёфтааст. Минбаъд низ, мо ин масъаларо ҷиддӣ назорат мекунем, то дар ҳама ҳолат талаботи қонун иҷро шавад, - изҳор дошт Шермуҳаммад Шоҳиён.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН
 
 
 
КУМИТАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ
65 озмоишгоҳ дар бозорҳои истеъмолӣ фаъолият дорад
 
Зимни нишасти матбуотӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи  бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд, ки дар соли рафта аз ҷониби Кумита барои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат  22 маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ ва 65 озмоишгоҳ дар бозорҳои истеъмолӣ мунтазам фаъолият намуда, бо лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд.
Аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ тибқи талаботи байторию беҳдоштӣ 61 731 кг маҳсулоти гӯштӣ, 16 599 кг маҳсулоти ширӣ, 1 795 литр равғани рустанӣ, 25 714 дона тухми паранда, 853 кг моҳӣ, 602 кг асал, 4 344 кг маҳсулоти намакин, 29 942 кг полизӣ, 7 474 кг меваи хушк, 144 036 кг меваю сабзавот ҳамчун маҳсулоти бесифат ва ба саломатӣ хавфнок муайян ва аз фурӯш гирифта шуданд. 
- Тамоми маҳсулоти хӯрокворие, ки дар бозорҳои мамлакат барои  фурӯш бароварда мешаванд, аз зери назорати мутахассисони кумита гузашта, сипас барои истеъмол иҷозат мегиранд, - гуфт  М.  Файзуллозода.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
ДДОТ
Таъсиси 4 кафедра ва ихтисосҳои нав
 
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли сипаришуда дар муассиса 4 кафедраи нав: «Хариташиносӣ, иқлимшиносӣ ва яхшиносӣ», «Педагогика ва психологияи томактабӣ ва кори иҷтимоӣ», «Таърих ва ҳуқуқ» ва «Физиологияи синнусолӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ» таъсис ёфт.
Бино ба гуфтаи Нуъмонҷон Ғаффорӣ, таъсиси ин кафедраҳо аз сиёсати Ҳукумат ва ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ва пиряхшиносӣ сарчашма мегиранд.
Ҳамчунин, вобаста ба рушди маориф ихтисосҳои нав, ба монанди «Сурдопедагогика. Забон ва адабиёти тоҷик», «Олигофренопедагогика. Таҳсилоти ибтидоӣ» роҳандозӣ гардиданд, ки қабул ба онҳо аз моҳи марти соли ҷорӣ оғоз мешавад.
Ректор, ҳамзамон, тазаккур дод, ки донишҷӯйи Донишгоҳ Дилшод Ниёзов дар Маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров» дар шинохти асолати миллӣ» барандаи Шоҳҷоиза гардид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
ДОНИШГОҲИ ТИҶОРАТ
Илм рушди назаррас кард
 
Дар раванди нишасти матбуотӣ, муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Саймаҳмуд Саидов, зикр кард, ки дар давоми таърихи 34-солаи муассиса 22 омӯзгор, аз ҷумла 4 кас рисолаи докторӣ ва 18 нафари дигар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.
Раёсати Донишгоҳ ба хотири корҳои саховатмандӣ ва ҳавасмандгардонии устодону донишҷӯёни ятим, нимятим ва аълохон як миллиону 5941 сомонӣ равона кард, ки бесобиқа аст. 
Дар баробари ин, Саймаҳмуд Саидов гуфт: «Имсол дар робита ба пандемия ва шароити иҷтимоии мардум, нақшаи қабул бештар аз шаст дарсад иҷро гардид, ки имсол барои ислоҳи он чораҳои қатъитар меандешем».
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
ДТТ
Робитаҳои байналмилалӣ таҳким меёбанд
Моҳи ноябри соли гузашта дар доираи созишномаи ҳамкориҳои намояндагони муассисаву корхонаҳои Ҷумҳурии Корея дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Коллеҷи лифти Корея маркази таълимии муҳандисии лифтсозӣ ифтитоҳ ёфт.
Ин нуктаро ректори Донишгоҳ Илҳом Амонзода дар нишасти матбуотӣ тазаккур дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло 8 устоди муассиса дар асоси бурсия ба Донишгоҳи Валядолиди Шоҳигарии Испания барои омӯзиш фиристода шудааст.
Ректор, инчунин, иттилоъ расонд, ки дар шуъбаи магистратура нақшаи қабул 22 дарсад иҷро гардид, ки боиси ташвиш аст. 
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
ОМБУДСМЕН
Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул гашт
Соли рафта дар дастгоҳи марказии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) 639 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сабт шудааст, ки 10 дарсади он (61 адад) доир ба муҳокимаи одилона ва норозигӣ аз санадҳои судӣ мебошад. Ин нуктаро Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, зимни нишасти матбуотӣ баён кард.    
Саволи «Ҷумҳурият», ки дар иртибот ба нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (21 декабри соли 2021) дар самти таъмин ва риояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд буд, Умед Бобозода чунин посух дод: «Тамоми фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба таъмину риояи ҳуқуқи инсон равона гардидааст. Бо ташаббуси сохтори мо Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026 таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ гардид. Дар доираи ин барнома нақша-чорабиниҳои вижа таҳия гашт. Гузашта аз ин, стратегияи фаъолияти мақомот барои солҳои 2021 – 2026 амал мекунад, ки тибқи он самтҳои фаъолияти мақомот дар панҷ соли минбаъда пешбинӣ шудааст».
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
 
 
МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Ошкорсозии беш аз 90 тонна намаки ғайристандартӣ
Дар Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ доир гардид. Ҷӯрахон Сайдализода, сардори раёсат, иттилоъ дод, ки мутахассисони шуъбаҳои ниҳоди фавқуззикр дар якҷоягӣ бо мақомоти марбут дар бозору марказҳои савдо ва дигар корхонаҳову нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 665 санҷиш гузаронда, нисбат ба 609 соҳибкор ва мутасаддиёни корхонаҳо барои риоя накардани талаботи савдо ба маблағи 85 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима таъин карданд. 
Зикр шуд, ки дар ин давра аз ҷониби мутахассисони раёсат беш аз 90 тонна, аз ҷумла дар ҶСК “Хоҷа Муъмин” 25, ҶДММ “Зоир - А” 15, ҶДММ “Диловар - Н” 15, ҶДММ “Сунатуллоҳ” 10, ҶДММ “Шуҳрат - ЛТД” 4 ва аз ду соҳибкори инфиродӣ 25 тонна намаки ғайристандартӣ ошкор гашта, дубора барои коркард фиристода шуд. 
 
Суннати СОДИҚ
 
 
 
 
ММҚ 
Савдои электронӣ тақозои замон аст
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта 8 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла кодексҳои гражданӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи шарикии ҳиссагӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ», «Дар бораи баҳои замин», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва ғайраро  мавриди таҳия қарор дод.
Дар ин бора Иззатулло Саидзода, директори марказ, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Дар иртибот ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият», директори марказ гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» бо назардошти тақозои рушди ҷомеа барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти савдои электронӣ равона гардида, дар меҳвари он ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, бахусус соҳибкорон, мебошад. Ин санад фаъолияти озоди савдои электрониро дар Тоҷикистон кафолат дода, имкониятҳои ҳуқуқии навро дар ин замина ба вуҷуд меорад.
                                                       
Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб беш аз 74 миллион сомонӣ фоида дид
 
- Дар соли сипаришуда ба 232 ҳазору  656 нафар мусофир хизмат расондем, ки нисбат ба соли гузашта 205  ҳазору 460 нафар мусофир зиёд аст, - гуфт Нуралӣ Ҳомидзода, роҳбари ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб”, зимни нишасти матбуотӣ.  Ба гуфтаи ӯ, тариқи фурудгоҳ дар як ҳафта 19 парвоз ба хатсайрҳои муайяншуда анҷом меёбад. Инчунин, соли гузашта 351 рейси мунтазам ва 692 парвози чартерӣ сурат гирифтааст, 
Ҳамчунин, мавсуф зикр кард, ки дар соли рафта даромади фурудгоҳ 102 миллиону 875 ҳазору 100 сомонӣ ва хароҷот 28 миллиону 321 ҳазору 251 сомониро ташкил додааст. Дар натиҷа, фурудгоҳ 74 миллиону 553 ҳазору 849 сомонӣ фоида ба даст овард. 
Аз ҷониби масъулони Хадамоти бехатарии авиатсионӣ 185 нафар бо гумони вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ боздошт ва 35 нафар ба шуъбаи корҳои дохилӣ супурда шуд. 
Суннати СОДИҚ
 
 
 
 
КӮЛОБ 
Хонаҳои харобгашта пурра барқарор гардиданд
 
11 майи соли сипаришуда дар пайи боришоти зиёди борону жола ба сокинони шаҳри Кӯлоб хисороти молию ҷонӣ расид. Дар шаҳр 1 ҳазору 878 манзили истиқоматӣ осеб дид. Аз ҷумла, 1733 иншооти ёрирасон, 103 хона қисман, 42 манзили истиқоматӣ пурра валангор гардид. Се нафар сокини шаҳри Кӯлоб фавтид. 
Ин матлабро Абубакр Саидзода, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар минтақаи Кӯлоб зимни нишасти хабарӣ баён дошт.    
Зикр шуд, ки офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ба маблағи 45,3 миллион сомонӣ хисорот овард. Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумакҳои башардӯстона ба сокинони шаҳр дастрас гардида, 42 хонаи харобгашта аз тарафи вазорату ташкилотҳо пурра барқарор гашт. Ҳамчунин, наздики 50 метр роҳи байналмилалии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 - и шаҳр таҷдид гардид.  
 
Суннати СОДИҚ
 
 
 
 
НОРАСОИИ ТЕХНИКАИ КОРӢ 
мушкили асосӣ боқӣ мемонад
 
Беш аз 50 дарсади техникаҳои кории Идораи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб фарсуда буда, ба таъмир ниёз доранд, - гуфт Нуралӣ Муъминов, муовини директори идораи мазкур дар нишасти хабарӣ. Ӯ баён дошт, ки дар тобеияти муассиса маҷмуан, 69 адад техникаи корӣ буда, 37 адади он таъмирталаб аст. Бар замми ин, лавозимоти корӣ барои кашондан ва тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо муҳим буда, бо сабаби норасоии онҳо бештар техникаҳои кории хоҷагидорон истифода мешаванд.
Тибқи иттилои масъулон, идораи мазкур аз истифодаи неруи барқ 11 миллиону 778 ҳазор сомонӣ, аз андоз 4 миллиону 229 ҳазору 600 сомонӣ, аз фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2 миллиону 267 ҳазору 500 сомонӣ, аз музди меҳнат 260 ҳазор сомонӣ қарздор аст.    
 
Суннати СОДИҚ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 762
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед