сиёсат
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН
3 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пекин меҳмони олиқадр – Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндаи воломақоми Ҳукумати Чин самимона истиқбол гирифт.
ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОЗИҲОИ XXIV ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ
4 феврал дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими бошукӯҳи ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Дар маросим роҳбарони давлатҳо ва намояндагони воломақоми зиёда аз 20 кишвар ва созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок доштанд.
Дар таҳияи барнома чор ҳазор мутахассис ва дар парад варзишгарони 91 давлати ҷаҳон ширкат варзиданд.
ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО САРВАРОНИ ЯК ҚАТОР ДАВЛАТҲО
5 феврал дар ҳошияи иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин дидору суҳбатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарварони як қатор давлатҳо ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи умумии СММ Абдулло Шаҳид, доир гардиданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2022 №: 25 - 26 Мутолиа карданд: 630