мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИ ҶИНПИН
5 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот карданд.
Дар он маҷмуи васеи масоили ҳамкориҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Роҳбари кишвари мизбон барои пазироии самимӣ ва даъват ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ изҳори сипос намуданд.
Сарвари давлат Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ифтихори баргузории чорабинии бошукӯҳи варзишӣ ва фарорасии иди Баҳор ва Соли нави анъанавии мардуми Чин шодбош гуфтанд.
Бо ёдоварӣ аз таърихи 30-солаи муносибатҳои дипломатии кишварҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз робитаҳои ҳасанаи ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва боварию эътимоди мутақобилаи шарикии стратегӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, бахусус саноат, муҳокима гардид.
Барои воридоти технологияи нав ва дар ҳудуди Тоҷикистон таъсис додани заминаҳои истеҳсоли “технологияи сабз”, бахусус мошинҳои электрикӣ, панелҳои офтобӣ, сохтмон ва бо технологияи пешрафта муҷаҳҳаз кардани иншоотҳои энергетикии Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои густариши муносибатҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содирот, пеш аз ҳама маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба Чин, рушди минбаъдаи робитаҳоро дар бахши нақлиёт ва логистикаро матраҳ намуданд.
Таъкид гашт, ки мулоқоти гурӯҳи кории Тоҷикистону Чин оид ба ҷалби сармоя, ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби иқдоми “Як камарбанд – як роҳ” ва таҳияи лоиҳаҳои нави саноатӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва кишоварзӣ метавонанд аз омилҳои муҳими пешбарандаи муносибатҳои судманди ду кишвар бошанд.
Густариши робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ аз самтҳои дигари муҳими шарикии ду кишвар маънидод гардид.
Ба ҷониби Чин барои расондани кумаки моддӣ дар шакли вояҳои зидди коронавирус дар давраи пандемияи COVID – 19 изҳори сипос шуд.
Мусоҳибон, зимни баррасии мавзуи амниятӣ, ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вазъи иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҷонибҳо ба ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ аҳамияти махсус доданд.
Дар охири мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2022 №: 25 - 26 Мутолиа карданд: 3488