сиёсат
МАНУ МО СИПАРИ ТОҶИКИСТОНЕМ. БО ВАТАН, БО ХАЛҚИ ХУД, БО САРВАРИ МЕҲАНПАРАСТ!
Ба андешаи мо, инсоният ва сайёраи Замин тули мавҷудият ва ҳастии худ ҳаргиз ба чунин вартаи муҳлик, хатарбору хатарзо, номуайяну баённопазир ва пешгӯинашаванда рӯ ба рӯ наомада буд. Мудҳиш он аст, ки ин таҳдид ва хатарҳо бар сари инсоният баякборагӣ аз чор сӯ чу бодҳои нобаҳангом қасди вазидан доранд.
Аз як ҷониб таҳдидҳои афзояндаву бесобиқаи хатарбори экологӣ дар асоси харобшавии пайваставу босуръати табиат ба дасти одамизод, тороҷи бесобиқаи он, аз он гирифтану ба он надоданҳо, ки метавонанд зиндагии одамонро дар сайёраи Замин мувоҷеҳи фоҷиаҳои мудҳишу маргбор гардонанд. Аз ҷумлаи селу тӯфону обхезӣ, безурётиву нокоршоямии замин, заҳролуд гардидани он, хушксоливу қаҳтӣ, ташнагиву гуруснагии миллионҳо, балки миллиардҳо инсони рӯи Замин, ки оқибат аз ночорӣ даст ба инфиҷору куштору хунрезӣ тавонанд зад.
Аз ҷониби дигар, бемориҳои сирояткунандаи инсонкуш дар сурату сирати нав ба нав ва афзоишёбандаву ҳар карат тағйирёбанда, мисли бемории COVID-19 бо вирусҳои навбаромади тоҷдор ва даҳҳои дигар, ки сол ба сол хуруҷи бештар доранд. Ин ҷо ба бемориҳои шигифтангези инсонӣ бемории даҳшатбори табиати зинда, бемории обу ҳавову муҳит, бемории ҳар гулу гиёҳу ҳар дарахт ва ҳар чашмаву рӯди равонро бояд зам кард. Дар маҷмуъ, ин ҳама бемориҳои инсону табиат бемории вақту фазоро ба зуҳур хоҳад овард, ки ҳанӯз ба ҷуз аз инсофу адолат, шафқату ғамхориву ҳамҷавории ҳамдигар доруе барои рафъи онҳо надорем.
Дар ин радиф, зуҳури нобаҳангому бесобиқаи ҷангҳои беамону бемаънои мазҳабӣ, ки ҳатто инсонҳои муътақиди як дину як Худоро ба куштору тороҷу хонумонсӯзии ҳамдигар бархезондаанд. Ва мо дидем, ки чӣ гуна як исломӣ бо номи ислом як исломии бегуноҳи дигарро мекушад, хонумонашро месӯзад ва мардуми осоиштаву соҳиби ризқу рӯзиро гадои кӯву барзан ва беватан мегардонад.
Ва оқибат гегемонизми байналмилалӣ, нафси беамон, ҳирси бепоёни ҷаҳонгирӣ, бузургманишӣ, оламхорӣ, дастзӯриву зӯроварӣ, ки пайваста кишварҳои ободро хароб, зиндагии осоиштаро пурфоҷиа, халқҳоро хонабардӯш намуда, шаҳрҳову кишварҳоро харобу хокистар ва мардумонро оғуштаи хун мегардонад.
Аммо, дареғо, ки инсоният аз ин ҳама сабақ намегирад, фоҷиаҳое, ки солҳои охир бар сари халқу кишварҳо меоянд, ба ҷойи он ки инсонҳоро барои мубориза бар алайҳашон муттаҳид созанд, баръакс, онҳоро дуртар аз ҳамдигар мегардонанд, ваҳшитар нисбат ба якдигар месозанд. Масалан, банда гумон карда будам, ки пас аз хуруҷи COVID-19 ва фоҷиаҳои инсоние, ки ба бор овард, абарқудратҳои ҷаҳон мефаҳманд, ки инсоният бар алайҳи душмани сайёраву инсоният бояд ба ҳам оянд, дасти ҳамдигар бигиранду нақшаи ягонаи мубориза бо ин фоҷиа ва маҳви онро маслиҳатомез ва бо мадади ҳамдигар тарҳрезӣ кунанд. Ман амин будам, ки ҳама тасвиб ва таҳримҳои душманона бар муқобили ҳарифон, амалҳои хилофандозу харобиовару зарарнок ва нақшаҳои шадиди маҳви ҳамдигар, туҳматҳои бепояву беасоси зидди якдигар барҳам мехӯранд. Дард ва мушкили ягона, фоҷиаи умумии ба сари одамизод омада инсониятро ҳушдор хоҳад дод ва ба оғози ҳамдигарфаҳмиву ягонагӣ асос хоҳад гузошт. Аммо, вовайло, ки баръакс шуд; душманиву бадбинӣ, роҳандозии таҳримҳои навбанаву гаронтар пеш гирифта шуд.
Бале, як гурӯҳи хунмасте дар дунё ҳаст, ки ҳатто фоҷиаҳои инсониро мехоҳад чун силоҳ ба манфиати худ истифода кунад. Аз ақл берун аст!? Бале! Аммо ҳамин тавр аст! Фалсафаи онҳоро танҳо худашон шояд мефаҳманд ва ё аслан ҳеҷ фалсафае надоранд, ҷуз ин ки муқтазои табиаташон каждумист. Гумон мекунам муборизаи зоти шайтону инсон, ки ҳар дуро Худо халқ кардааст, дар замони муосир бо тарзҳои нав идома дорад. Онҳое, ки шайтон дар сиришташон ҷой гирифтааст, намехоҳанд ба осонӣ сар ба пеши адолату ҳақиқат ва адлу инсоф гузоранд.
Бадбахтона, Тоҷикистони азизи мо, халқи сулҳпарвару некманишу башардӯсти он аз таҳдид ва таъсири ин амвоҷи даҳшатзои селу тӯфонҳои харобиовари охирзамон бар канор нестанд. Ва мо инро дар мисоли таҳмили ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ, ки бар сари кишвари навистиқлолёфтаамон тарҳрезӣ шуда буд, дидаему шоҳиди даҳшатҳои он будаем. Танҳо хиради зотии халқ ва ҷасорату андешамандӣ, сулҳу салоҳ ва ваҳдату ягонагии халқамон таҳти раҳнамоии фарзандони фарзонаву хирадманди он Тоҷикистони азизи моро тавонист аз вартаи фалокат ва нестӣ наҷот бидиҳад.
Имрӯз ҳаводиси ғайричашмдоште, ки дар яке аз кишварҳои пешрафтатарин аз байни ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ - Қазоқистон, ки сатҳи зиндагӣ, шароити рӯзгор, маош ва маишати мардумаш ба маротибҳо боло буд, рух додаву, хушбахтона, комгор нагардид, гувоҳи он аст, ки ин таҳмили ғояҳои бегона ва фоҷиаҳои ҷаҳонгириву зӯроварӣ метавонад нобаҳангом бар сари ҳар кишваре ояд ва ин раванд идома дорад.
Чаро инсоният худро ба дасти худ гирифтори маргу хунрезӣ, фоҷиаву харобиҳои даҳшатовар мегардонад? Чаро ободиро вайрон, покиро ифлос ва сарсабзиву шукуфоиро ба харобазор табдил медиҳад? Чӣ неру, чӣ ғоя, чӣ ҳадафҳое раҳнамои ӯянд? Ин саволест, ки инсоният кайҳо мебоист ба пеши худ мегузошту посухи онро медод ва аз пайи ҳифзи ягона сайёраи ҳастизо, пешгирии фоҷиаҳои марговари ҳаёти одамон дар рӯи Замин мегардид? Аммо, не! Афсӯс, ки ин раванд, яъне раванди худкушӣ ва маҳвсозии замину замону ояндаи башарият бо суръати баланд идома дорад. Бубинед, чунон карданд, ки бо як иғвову туҳмат ҳатто ду қавм, ду халқи бародару ҳамхуну ҳамрешаи славянӣ имрӯз дар сангарҳои муқобил омодаи маҳви ҳамдигар ҳастанд? Ин кори кист, аз куҷо бо чӣ ҳадаф сарчашма мегирад? Ҳар ҳадафе надошта бошад, бар муқобили хушбахтӣ ва ягонагии одамизод дар рӯи Замин аст.
Аз он кишвари обод ва халқи хуштабъу дилшоди Сурия, аз он кишваре, ки ҳар сокинаш ҳанӯз таваллуд нашуда, ба миқдори лозима ба номаш маблағ, суғуртаи молиявӣ ва маскану манзил дошту ҳамагон, аз ҷумла мо сокинони собиқ шуравӣ, ҳавас доштем, ки дар кишвари мо ҳам чунин бошад, имрӯз чӣ монд? Чаро як кишвари ободу намунавиро бар хок яксон карданд? Ё худ аз он Ироқ, аз он мамлакати ободу зебову сарбаланду неруманд чӣ монд? Чаро имрӯз ҳам дар ин кишвари ба хоку хун яксон шуда, то имрӯз террор идома дорад, сунниву шиа ҳамдигарро метарконанд. Чаро тули чиҳил сол аст, ки кишвари Афғонистон, халқи заҳматкашу ҷабрдидаи он дар ватани худ беватан буда, нони дасти тифлони афғонӣ ашколуд ё балки хунолуд аст? Ин иғворо кӣ ва барои чӣ барангехтааст? Ёдовар шудан аз инҳо ба хотири он аст, то донем, ки халқи нотифоқ ва пароканда бо як иғво метавонад гирифтори чунин фоҷиаҳо гардаду буду шудашро аз даст бидиҳад. Хусусан, ки кӯшиши ба роҳ андохтани низоу душманӣ дар байни маҳалҳо, дар сурати шимолигариву ҷанубипарастӣ, мазҳабдориву бемазҳабӣ, гирифторсозӣ ба ҷараёнҳои иртиҷоии гуногун дар кишвари мо ҳам шуда буд ва халқи дилсофу зудбовари мо то ҷойе гирифтори он ҳам гардид ва ин асоси сар задани фоҷиаҳо гардид.
Тамоми ҳодисоти мудҳиши ҷаҳон, зуҳури ҷангҳо, бархӯрдҳои фоҷиабори солҳои охир ҳама бояд дарси ибрат ба халқи тамаддунпарвари мо бидиҳанд. Ҳоло ҳам шукри қисмат ва халқу миллату давлату Ҳукумати кишварамон мекунем, ки дар чунин як ҳолати ноорому пуртаҳдиду пуртазоди тарканда зиста, тавонистааст, як мамлакати осоиштаву ором, бунёдкору созанда ва хайрхоҳу башардӯстро барқарор созад. Дар сурате ки аз чор акнофу атрофамон садои таркишу террор ба гӯш мерасаду насими раҳгузар гоҳо ҳавои ғаразу кина ва нохайрхоҳиву душманиро аз он сӯи сарҳадҳо ба мо низ мерасонад, илоҷи дигаре ба ҷуз ҳушёриву зиракӣ ва мутаккои ҳамдигар будан надорем.
Танҳо ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмии инсонҳои рӯи Замин имкон медиҳанд, ки бо дастгирии якдигар пеши роҳи бисёре аз фоҷиаву хатарҳо, аз ҷумла фоҷиаҳои экологиву бемориҳои инсокуш ва террору инфиҷор, хунрезиву куштор, гирифта шаванд ва саёраи мо аз фоҷиаҳое, ки ба сӯяш равона шудааст, эмин монад.
Таърихи навини мо ба халқи мо дар оғози бунёди кишвари соҳибистиқлоламон имтиҳоне рӯ ба рӯ оварду сабақи худро дод. Ва мо набояд онро фаромӯш кунем, зеро дар ҷаҳон неруҳои шайтоние ҳастанд, ки метавонанд, як кишвари озоду ободу зеборо зуд ба харобазор табдил диҳанду дар оташи сӯзони ҷисму ҷони мо дасту дил гарм кунанд. Чӣ гуна осон метавонанд нифоқ дар байни мо андозанд, то ҷойе, ки имрӯз ҳатто мухолифини мо дар хориҷа, ки собиқан бо ҳам ва ҳамнеру буданд, рахнаҳо дар байнашон фитоду зуд ба сангарҳои муқобили ҳам ҷудо гардидаву пинак гирифтаанд. Танҳо як неруе ҳаст, ки мо - миллати тоҷикро аз ҳама хатарҳо маҳфуз медорад ва ин неру ваҳдату ягонагӣ ва хираду фазилати зотии халқамон аст, ки ба шарофати Истиқлоли давлатиамон имрӯз эҳёи дигар дорад. Касе нест, ки аз берун ояду моро наҷот диҳад, сарпарасту ғамхори мо бошад. Танҳо ягонагӣ, аз як гиребон сар баровардан, пуштибони ҳам, мутаккои якдигар будан ҳомии бегазанди мо хоҳад буд. Ин андешаро Сарвари ватандӯсти мо гаштаву баргашта ба мо гӯшзад намудаанд.
Чанде пеш халқи фарҳангпарвар ва ватансози мо 30 - солагии Истиқлоли давлатии худро бо тантанаҳои бошукӯҳу зебанда таҷлил дошт. Оё метавон эътироф накард, ки дар тули ин сӣ соли ватансозиҳову бунёдкориву шукуфоиҳо ва эҳёи тозаи сарзамини аҷдодӣ давлату Ҳукумати Тоҷикистон, халқи шарифи он таҳти сарварии Пешвои муаззами худ тавонистанд як сарзамини сулҳдӯсту инсонпарварро бо муҳиту ҳавои солиму пур аз меҳру муҳаббат ва хайрхоҳӣ дар ҳотаи осоиштагиву амонӣ ва бо сиёсати башардӯстона бунёд гузоранд. Тамоми фаъолият ва сиёсати дохиливу берунии кишвари мо талош барои сулҳу амонӣ, осоиштагӣ, некиву хайрхоҳӣ дар ҷаҳон буда, ки аслан сиришти миллати тоҷик бар он асос ёфтааст.
Тоҷикистони биҳиштосои мо, боғу токзорҳо, гулгашту чаманистонҳои беҳадду каноре, ки дар даврони Истиқлоли давлатии мо чун рамзи муҳаббат ва меҳри шукуфои халқамон бунёд гардиданд, роҳҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, нақбҳои бесобиқаи онҳо, бунёди маҳалҳои тозаву зебо бо иморатҳои сарбаланду мафтункунанда дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ҳаргиз наметавонанд маҳзари ҷангу ҷидол, душманиву бадбинӣ бошанд, зеро онҳо маҳзари некуӣ ва меҳру муҳаббат, маҳзари зуҳури Садаву Наврӯзу Меҳргон, маҳзари ҷилои ишқу муҳаббати ҷавонон ва майдони нишоти тифлакони мо хоҳанд буд. Халқи фозил ва соҳибмаърифат, халқи башардӯст ва инсонпарвари тоҷик, халқи созандаву бунёдкор, халқи ҳунарманду офаранда, асосгузори ҳазорон суннати шарифу неки инсонӣ, халқи башардӯсту меҳрпарвар, халқе, ки дар таърих бо бузургони илму адабаш шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, сазовори зиндагии шоиставу арзанда хоҳад буд. Танҳо ваҳдати миллӣ ва ягонагии тамоми халқамон метавонанд кафолати зиндагии хушбахтонаву пойдору бегазанди миллати некбунёду хайрхоҳу башардӯст моро бидиҳанд. Аз ин рӯ, дар вазъияти имрӯза, дар ҷаҳони пур аз низоу душманиву нохайрхоҳӣ ва таҳдидҳои бесобиқаи вақту фазо, пешомадҳои фоҷиабори тақдиру рӯзгор, алайҳи ғазабҳои табиату инсонӣ беш аз ҳарвақта бояд такя бар хираду фазилат ва маърифату адаби бегазанди миллии худ кунем, ки дар тули таърих моро аз ҳама хатару фоҷиаҳо гузарондаву зинда нигаҳ доштааст. Оре, миллати мо имрӯз фақат як сипари наҷот дорад, ки ин ваҳдати миллӣ ва пойдории он аст, ки он асос бар муҳаббати ҳамдигарӣ ва Ватани азизамон дорад.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.02.2022 №: 25 - 26 Мутолиа карданд: 842