logo

Хабарҳо

ПАЁМ. ТАТБИҚИ САНАДИ ЗИНДАГИСОЗ ДАР НУРОБОД

Ҳамасола бо ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои анҷомгардида, масъалаҳои нави дарпешистода ва мушкилоти мавҷудаи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт баррасӣ мегарданд. Дарвоқеъ, ин санади ҳадафманд, бахусус дар рафъи проблемаҳои хоҷагии халқ нақши бориз мегузорад.
Бо масъалагузорӣ дар Паём ҷиҳати рушду пешрафти тамоми самтҳои стратегии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, ҳамчунин, саҳм гузоштан дар ободии диёр ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро водор месозад то дар пешрафти диёраш нақше гузорад.
Ба ин хотир, имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ба хотири фаҳмондадиҳии ҳадафи асосии Паёми навбатӣ гурӯҳҳои алоҳида ташкил шуда, ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои кишвар вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир менамоянд. 
Тибқи нақша – чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар якҷоягӣ бо кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва муассисаву идораҳои марбута байни сокинони  деҳаҳои дурдаст, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодааст. Дар рафти вохӯрӣ Додарҷон Ҷобирзода, раиси ноҳия, Гавҳар Арчабекзода, муовини раиси ноҳия, Саломатшо Саъдуллоев, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Фароғат Ҷамолова, мудири бахши кор бо занон ва оила, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, дигар намояндагони гурӯҳи тарғиботӣ ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат сухан карда, вобаста ба самтҳои асосии Паём, эълон гардидани солҳои 2022 - 2026 Солҳои рушди саноат, инчунин, ба хотири беҳбуди сатҳи зиндагӣ, зиёд гардидани маоши ҳадди ақал ва нафақа, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, бахусус пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, обод намудани зодгоҳ ва дигар паҳлуҳои дар Паём зикршуда баромад менамоянд.
Ҳамчунин, ситоди ноҳиявӣ кӯшиш менамояд, ки дар асоси супоришҳои раиси ноҳия аз ҳар ҷамоат фаъолону собиқадоронро ба хотири возеҳ фаҳмондани масъалаҳои рӯз ҳамроҳ намуда, бештар масъалаи тарбияи дурусти ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми хоки аҷдодӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва ихтиёран ҷалб намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷалби духтарон ба синфҳои болоӣ ва ба хотири пош нахӯрдани оилаҳои ҷавон ва соҳибкасб кардани ҷовондухтарони деҳотӣ роҳандозӣ намоянд. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 616
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед