Хабарҳо
БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА ТАҲКИМИ САНОАТ
Дар доираи эълон шудани Солҳои рушди саноат (2022 – 2026), имсол дар шаҳри Бӯстон се корхонаи тавлидотӣ ба истифода дода шуда, зиёда аз 100 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад.
Яке аз ин корхонаҳо ҶДММ “Нуртез” ба ҳисоб меравад. Чуноне интизор меравад, фаъолияти он, қабл аз ҳама, бо назардошти талаботи бозори байналмилаливу ватанӣ роҳандозӣ шуда, маҳсулоти сохтмонии воридотиивазкунанда – 60 намуди мехҳои андозаашон гуногун истеҳсол хоҳад кард. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 40 тоннаро ташкил медиҳад.
Корхонаи дигар ҶДММ “Ганҷофар” аст, ки дар он лӯлаҳои калонҳаҷм ва профилҳои сохтмон истеҳсол хоҳанд гашт. Тавре таъкид шуд, дар корхона наздики 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешавад.
Бо назардошти афзоиши истихроҷи маъданҳои қиматбаҳо, дар кишвар солҳои охир бунёди коргоҳҳои заргарӣ вусъати тоза пайдо кардаанд. Дар ин радиф, соли ҷорӣ корхонаи заргарии “Зари Суғд” мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Тибқи маълумотҳо, корхонаи мазкур бо ворид кардани таҷҳизоти муосири ширкатҳои Олмон, Чин ва Туркия маҳсулоти заргарии куллан рақобатпазир истеҳсол мекунад. Дар он зиёда аз 50 нафар бону бо ҷойи кор таъмин мегардад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 636