logo

Хабарҳо

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БЕШ АЗ 81 КИЛОМЕТР ХАТИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ БО ҚИРҒИЗИСТОН МУАЙЯН ШУД 
Соли гузашта дар доираи гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ ҳашт вохӯрӣ бо ҷониби Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ, инчунин, шаш вохӯрии гурӯҳи кории топографии ду давлат гузаронда шуд. 
Ин нуктаро Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт. 
Ба таъкиди раиси кумита, пас аз муноқишаи марзии моҳи апрелӣ, 1 май роҳбарони комиссияи ду давлат дар Боткент вохӯрда, протоколи №39-ро ба имзо расонданд. Тибқи банди 2-и он, гурӯҳи топографӣ барои муайян намудани сарҳад вазифадор шуда, то моҳи октябри соли гузашта ҳашт маротиба вохӯрӣ гузаронд. Дар натиҷа, 81,19 километри хати лоиҳавӣ аз тарафи гурӯҳи топографӣ муайян ва протоколҳо имзо шуданд. Дар ҳақиқат, баҳсҳо вуҷуд доранд ва кӯшишҳо дар самти муайян намудани хати сарҳад бо назардошти манфиати тарафайн ҷоннок мешаванд.  
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
ТОҶИКСТАНДАРТ БА 14 КОРХОНАИ ВАТАНӢ СЕРТИФИКАТИ МУТОБИҚАТИ НИЗОМИ «ҲАЛОЛ» СУПУРД
Дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар раванди гузарондани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидори ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо (Тоҷикстандарт) барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, вориду фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок дар 8864 ҳолат ба маблағи 1 971 802 сомонӣ ҷарима таъин гардида, ба буҷети давлат пардохт шуд. 
Ин нуктаро  Темурҷон Абдулваҳобзода, директори агентии мазкур,  зимни нишасти матбуотӣ, зикр намуд.
Вобаста ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ин давра 122 аризаи шикоятии шаҳрвандон, ки мазмуни аксарияти онҳо аз паст будани сифати молу маҳсулот ва фиреби истеъмолкунандагон иборат мебошад, аз тарафи масъулони соҳа баррасӣ гардида, ба таври мусбат ҳал шуданд.
Зикр гашт, ки бо мақсади бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар тибқи супориши Сарвазири мамлакат аз 21 октябри соли 2019 аз тарафи бахши «Татбиқи стандарти «Ҳалол» - и агентӣ бо тартиби муқарраршуда татбиқи стандарти СТҶТ 1098-2012 «Ҳалол» дар корхонаҳои истеҳсолӣ оғоз гардид. То ин давра ба 14 корхонаи истеҳсолӣ сертификати мутобиқати низоми «Ҳалол» дода шуд. 
         
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
 
ШАҲРИНАВ
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ зиёда  аз нақша таъмин гардид
Ҷаббор Носирзода, раиси ноҳияи Шаҳринав, зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли сипаришуда соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт дар маҷмуъ, хуб ҷамъбаст гардид. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 666 миллиону 590 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати рушди он ба 113 дарсад баробар шуд. 
Дар муқоиса ба соли 2020 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 76 миллиону  718 ҳазор сомонӣ зиёд буда, ин нишондиҳанда аз ҳисоби истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, гардиши савдои чакана ва хизматрасонии пулакӣ таъмин гашт. 
Бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳияи Шаҳринав чораҳои муассир роҳандозӣ гардиданд. То имрӯз дар ноҳия теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ ба 18 адад расонда шуд, ки онҳо, асосан, дар самти истеҳсол ва коркарди нӯшокии машруботӣ, маҳсулоти нафт, оҳан ва маводи сохтмонӣ фаъолият менамоянд. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
БУНЁДИ БЕШ АЗ ЯК МИЛЛИОН МЕТРИ МУРАББАЪ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ 
- Соли рафта дар ҷумҳурӣ ба масоҳати умумии 1 миллиону 430 ҳазору 300 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки чунин равнақи сохтусоз дар кишварамон бесобиқа арзёбӣ мегардад. Аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳия пурра ба анҷом расида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди амал қарор доранд, - иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Маҳмадсаид Зувайдзода. Ӯ илова кард, ки сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи беш аз 14 миллиарду 757 миллион сомонӣ истифода шуд.
Зикр гашт, ки тибқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар 1153 иншоот  санҷиши сифати корҳои сохтмонию васлгарӣ гузаронда шуда, 4635 камбудӣ ошкор ва қонуншиканҳо ба маблағи 1099452 сомонӣ ҷарима гардиданд.
- Бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва дурнамои рушди соҳа, танзими давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ тавассути татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва амалӣ намудани идоракунии давлатии фаъолияти шаҳрсозӣ аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба барои таҳияи «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, лоиҳаи стратегия омода гашт ва пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдор барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, - гуфт раиси кумита.
 
Кароматулло АТО
 
 
 
 
ХАДАМОТИ ИҶРО
Бардошт аз нишасти матбуотӣ
Бар пояи иттилои Барно Сайидвализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли рафта иҷрочиён 48809 санади судӣ ва санадҳои дигари мақомоти давлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки дар қиёс ба соли пешин қариб ҳазор зиёд мебошад. Гузашта аз  ин, бо назардошти рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ сол ба сол ҳуҷҷатҳои иҷро тамоюли зиёдшавӣ доранд.  
Соли 2021 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст. 
- Лоиҳаи қонуни мазкур дар қиёс ба қонуни амалкунанда бартариятҳои зиёд дошта, аз нигоҳи ҳаҷм, меъёрҳо, техникаи қонунгузорӣ ва имкониятҳо фарқ мекунад. Яке аз авлавиятҳои лоиҳаи нав ин нагирифтани маблағ (фоиз) аз фаъолиятҳои муайян мебошад. Минҷумла, иҷрочиён аз санадҳои судии вобаста ба алимент фоиз намеситонанд (дар қонуни амалкунанда 7 фоиз муқаррар шудааст). Ин меъёр ба дастгирии ҳуқуқҳои модар ва кӯдак равона гардидааст, - гуфт Барно Сайидвализода дар ҷавоб ба саволи хабарнигори рӯзнома. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 639
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед