Хабарҳо
Музокироти Си Ҷинпин бо Владимир Путин натиҷабахш арзёбӣ шуд
Синхуа. Муовини вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчэн ба расонаҳо гуфт, ки мулоқоти Раиси Ҷумҳурии Марумии Чин Си Ҷинпин бо Президенти Россия Владимир Путин пурсамар буд.
Владимир Путин рӯзи ҷумъа дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ - 2022 дар Пекин ширкат намуд.
- Тайи солҳои ахир Си Ҷинпин ва Владимир Путин 38 маротиба мулоқот ва беш аз 100 бор мукотибаву тамоси телфонӣ анҷом додаанд. Ин дар байни роҳбарони мамлакатҳои бузург рӯйдоди нодир аст. Роҳбарони ду кишвар дар фазои гарму дӯстона табодули амиқу пурмазмун оид ба муносиботи Чину Россия ва як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба рушду суботи ҷаҳонӣ анҷом дода, нақшаи равобити дуҷонибаро дар шароити нави таърихӣ муайян карданд,- гуфт Лэ Юйчэн.
Пекресс: «Ҷанг дар Украина иштибоҳи бузург аст»
ТАСС. Номзад ба мансаби Президенти Фаронса аз ҳизби "Ҷумҳурихоҳон" Валери Пекресс дар пахши шабакаи телевизионии France 5 шоми якшанбе ба русҳо бо забони русӣ муроҷиат карда, хостори бунёди ояндаи муштараки Аврупо шуд: «Ман мехоҳам ба мардуми сарбаланди Россия бигӯям, ки мо бояд сулҳро дар Аврупо якҷоя бунёд кунем».
Номзад ба мақоми Президенти Фаронса изҳор дошт, ки амалиёти ҷангӣ дар Украина иштибоҳи бузург хоҳад буд.
Эътирозҳо дар ИМА бо шиори «Нест бод ҷанг бо Россия»
Правда.ру. Дар назди Қасри Сафед тазоҳуроти оммавӣ барпо гардид, ки он дар Ню - Йорк ва даҳҳо шаҳрҳои дигари 29 иёлати ИМА ҳамовозӣ пайдо кард.
Мардум дар даст овезаҳо бо шиорҳои «Нест бод ҷанг бо Россия», «Дипломатия, на ҷанг», «НАТО пароканда карда шавад» доштанд. "Мероси империализми ИМА - дахолати беасос, таҳоҷум, ишғолгароӣ ва ҷанги беохир дар асоси дурӯғ ва бофтаҳои расонаҳо мебошад. Давоми ду даҳсолаи охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ироқ, Афғонистон, Либия ва Сурияро хароб кард. Хавфи воқеӣ ба ҷаҳон мошини ҷангии ИМА аст", - шарҳ медиҳад эътилофи ANSWER дар сомонаи худ.
Туркия тавсеаи НАТО-ро барои чанд кишвар таҳдид медонад
Лента.ру. Котиби генералии ҳизби "Ватан"-и Туркия Доғу Перинчек тавсеаи НАТО-ро барои Россия, Туркия, Эрон ва Чин таҳдид медонад. Дар ин бора ӯ ба АИР «Новости» хабар дод.
Вай зикр кард, ки сафари Президенти Россия Владимир Путин ба Чин ва сипас ба Анкара рамзи як харитаи роҳ на танҳо барои минтақа, балки ҷаҳон аст, ки “ҳадафи сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ” дорад. «Ин як навъ паёмест, ки Россия, Туркия, Чин ва Эрон якҷоя кор мекунанд. Танҳо ин чаҳор кишвар қодир аст, аз тавсеаи НАТО ба самти Шарқ ҷилавгирӣ кунад”, - гуфт Перинчек.
Дар Алма-Ато вазъият ба ҳолати муқаррарӣ баргашт
CentralAsia (KZ). Ситоди ҷумҳуриявии оперативӣ оид ба мубориза бо терроризм хабар дод, ки аз 7 феврал дар вилоятҳои Ҷамбул ва Алма- Атои Қазоқистон сатҳи баланди хатари "норинҷӣ"- и таҳдиди террористӣ лағв шуд.
«Тибқи қарорҳои раҳбарони ситоди оперативии минтақавии мубориза бо терроризм, аз соати 00:00-и 7 феврали соли ҷорӣ сатҳи баланди хатари террористӣ дар ҳудуди шаҳри Алма-Ато, вилоятҳои Ҷамбул ва Алма-Ато бекор шуд», - гуфта мешавад дар ситоди ҷумҳуриявӣ.
Бар асоси ин хабар, тасмими мазкур дар иртибот ба эътидол овардани вазъ дар ин манотиқ гирифта шудааст. "Воҳидҳои сохторҳои қудратӣ ба кори муқаррарӣ мегузаранд", - омадааст дар хабар.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 673