logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Ҷашни Садаи ниёгон, таъсиси боғу токзори нав, ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаҳои маъмурӣ, иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
 
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонию созандагӣ бо суръат идома дошта, Ҷашни аҷдодии Сада бо омодагии комили аҳли ҷомеа, руҳияи ифтихору фараҳмандӣ ва иҷрои ҳамаи оину суннатҳояш таҷлил мешавад.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МЕХҲОИ ПЕЧОНИ ҶДММ “НУРТЕЗ” 
8 феврал сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз гардид.
Дар ин шаҳри саноатӣ нахуст бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли мехҳои печони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Корхонаи мазкур дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ - бародарон  Акрамовҳо бо харҷи 15,3 миллион сомонӣ бунёд гашт. Дар ин ҷо зиёда аз 40 намуд мехи печон бо шаклу андозаҳои гуногун, ки имрӯзҳо дар бозори дохилӣ талабот ба онҳо бештар аст, истеҳсол карда мешаванд.
Истеҳсоли мехҳои печон тариқи муосиртарин хатҳои технологӣ, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб шудаанд, сурат мегирад.
Дар корхона давоми як моҳ 300 тонна ва дар як сол 3600 тонна мехҳои печон истеҳсол мешаванд, ки ба таъкиди мутахассисон аз лиҳози сифат ва намуд ҷавобгӯйи стандартҳои ҷаҳонӣ буда, дар бозор рақобатпазиранд.
Тибқи маълумоти масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҷумҳурӣ талабот ба мехҳои печон дар як сол 8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Корхонае, ки имрӯз ба истифода дода шуд, метавонад пурра талаботи вилояти Суғдро бо мехҳои печон таъмин намояд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот таъкид гардид, ки дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нуртез” 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин шуд ва дар оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ боз 50 нафари дигар соҳиби шуғли доимӣ мегардад. Яъне шумораи коргарон дар ин корхонаи саноатии шаҳри Бӯстон ба 100 нафар мерасад.
Барои истеҳсоли мехҳои печон ашёи хом, асосан, аз Федератсияи Россия ворид мегардад.
 Мехҳои печони корхона барои насби шифер, гачкартон, сохтани мебел ва дар маҷмуъ, ҷиҳати анҷоми корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шуда, муҳлати истифодаашон тулонӣ аст ва дар ҳамин замина аз ҷониби истеҳсолкунандагон ба сифати маҳсулот пурра кафолат дода мешавад.
Дар вақти истеҳсоли маҳсулот ҳаҷми ками партов ба вуҷуд меояд, ки он ҳам дар корхонаҳои оҳангудозӣ дубора мавриди коркард қарор мегирад.
Дар Тоҷикистон ин дуюмин корхона мебошад, ки истеҳсоли мехҳои печонро мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондааст. Соли 2019 корхонаи якумро ҳам соҳибкорони шаҳри Бӯстон ба кор дароварда буданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки амалигардонии ҳадафи стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шавад.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ЗАРГАРИИ “ЗАРИ СУҒД”-И КВД “ФИЛИЗОТИ НОДИРИ ТОҶИКИСТОН” 
8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи заргарии “Зари Суғд”-ро баъд аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳ зертобеи Корхонаи воҳиди давлатии “Филизоти нодири Тоҷикистон” буда, солиёни зиёд куҳнаву фарсуда ва бекор буд. Пас аз эълони иқдоми саноатикунонии босуръати мамлакат чун ҳадафи чоруми стратегӣ “Зари Суғд” ба пуррагӣ навсозӣ гардида, барои истеҳсоли маҳсулоти аълосифат бо дастгоҳҳои насли нави корӣ таъмин карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сехҳои истеҳсолии коргоҳ дидан намуда, бо коргарон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Иттилоъ доданд, ки дар навбати аввал корхона дар ҳаҷми то 50 миллион сомонӣ дар як сол маҳсулот истеҳсол менамояд ва ин нишондод тибқи нақша дар солҳои баъдӣ ба 100 миллион сомонӣ расонда мешавад. “Зари Суғд” истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни металлиро роҳандозӣ намудааст ва, инчунин, аз  сангҳои ороишӣ туҳфаву армуғон омода месозад.
Тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар доираи корҳои навсозӣ дар корхона  насб гардидаанд, истеҳсоли Туркия ва Федератсияи Россия буда, чунин шароит имкон медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоӣ бо сифати баланд омода гардад.
Дар ҳудуди корхона сехҳои заргарӣ, зарҳалкорӣ, қолабомодакунӣ, механикӣ ва анбори алоҳидаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр ташкил гашта, дар маҷмуъ, 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Дар корхона, асосан, хатмкардаҳои Донишкадаи  кӯҳию  металлургии Тоҷикистон,  ки дар шаҳри Бӯстон фаъолият менамояд, ба кор ҷалб шудаанд.       
Корхонаи заргарии “Зари Суғд” ба пуррагӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ  фаъолият намуда, маҳсулоти ивазкунандаи воридотро ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамояд. Инчунин, коргарон мақсад доранд, ки маснуоти заргарии истеҳсолнамудаи корхона ва маҳсулоти аз сангҳои ороишӣ омодагаштаи “Зари Суғд”-ро дар навбати аввал ба кишварҳои ҳамсоя содирот намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мағозаи корхонаи мазкур дидан намуда, бо маҳсулоти ниҳоии он шинос шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни боздид масъулонро вазифадор намуданд, ки бо назардошти талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсолотро ба роҳ монда, ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ ва рақобатпазир будани он таваҷҷуҳи хосса зоҳир созанд.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи навсозии корхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Филизоти нодири Тоҷикистон” муаррифӣ шуд.
Иброз гардид, ки то соли 2026 навсозӣ дар тамоми корхонаҳои саноатии ҷамъияти мазкур дар назар дошта шудааст. Бояд гуфт, ки “Филизоти нодири Тоҷикистон” дар тавозуни худ 7 корхонаи истеҳсолӣ дорад ва, аллакай, корхонаи “Хуҷанд - ЗИЛ” барои муҷаҳҳазсозии нақлиёти соҳавӣ ба кор пардохт.
Зимни муаррифӣ иттилоъ доданд, ки корхона айни замон метавонад нақлиёти ёрии таъҷилӣ, нақлиёти махсус барои кормандони милитсия, нақлиёти обкашонӣ ва коммуналиро дар заминаи мошинҳои гуногун навсозӣ карда, мутобиқ ба талаботи ҷорӣ ба сохторҳои дахлдор пешниҳод намояд. Қисмҳои иловагӣ, ки дар нақлиёти соҳавӣ насб мегарданд, истеҳсоли худи корхонаи “Хуҷанд - ЗИЛ” мебошад.
Соли ҷорӣ бояд дар корхонаи “Гидрометаллургия” бо гузарондани корҳои навсозӣ истеҳсоли қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷҳизоти кӯҳкорӣ ва мелиоратсия роҳандозӣ шуда, дар корхонаи “Хуҷанд-ЗИЛ” қисми рехтагарӣ пурра таъмиру муҷаҳҳаз карда шавад.   
Ҳадаф аст, ки бо баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ минбаъд ҳам ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ афзоиш меёбад ва ҳам  шумораи ҷойҳои кории доимӣ зиёдтар мегардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки нақшаи пешбинигардидаро сари вақт ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ иҷро карда, дар рушди саноати кишвар ҳиссагузор бошанд.  
 
КОРХОНАИ КОРКАРДИ ФИЛИЗОТ ВА ИСТЕҲСОЛИ ПРОФИЛУ ЛӮЛАҲОИ ҶДММ “ГАНҶОФАР” 
8 феврал дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди филизот ва истеҳсоли профилу лӯлаҳои оҳании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷофар”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи коркарди филизот ва истеҳсоли профилу лӯлаҳои оҳанин бо мақсади тақвияти раванди саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз бунёди корхонаи нави саноатӣ истифодаи босамари имкониятҳои худӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ мебошад.
 Корхонаи нави истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Амирҷон Самадов дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар масоҳати 2 гектар бунёд шуд. Бинои истеҳсолии корхона барҳаво буда, 4 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар мегирад.  
Бо таъсиси корхона 20 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон буда, онро мутахассисони ҷавони тоҷик васлу насб карда, идора менамоянд.
Маҳсулоти хом ба корхона аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, раванди коркарди металл тавассути се хати муосири технологӣ ба роҳ монда шудааст. Дар корхонаи навбунёд 28 номгӯй маҳсулот, аз ҷумла профил ва лӯлаҳои оҳанин бо шаклу андозаҳои гуногун мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, истеҳсол мегарданд.
Бояд гуфт, ки профилҳои оҳанин аз 2 ба 2 то 10 ба 10 сантиметр бо дарозии 6 метр ва лӯлаҳои оҳанин бо қутрҳои аз 15 то 150 миллиметр ва бо дарозии 11 метру 75 сантиметр истеҳсол мешаванд, ки истифодаи онҳо барои солҳои тулонӣ пешбинӣ гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо рафти истеҳсолот дар корхонаи нави саноатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои истеҳсоли босифати профил ва лӯлаҳои оҳанин, ки ҳамчун масолеҳи сохтмонӣ дар мамлакат талабот ба онҳо зиёд аст, вазифадор карданд.
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ҶДММ “ТОҶИР ПЛАСТ”  
8 феврал дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт”-ро ифтитоҳ карданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар доираи Солҳои рушди саноат дар маркази шаҳраки Ғафуров аз ҷониби соҳибкор Ҷамшед Мирхолиқов бунёд гардид.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт”, ки дар раванди татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст, 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашт.
Бо назардошти талаботи аҳолӣ  ва ширкату корхонаҳо дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷир пласт” истеҳсоли зарфҳои полиэтиленӣ аз 100 литр то 5 тонна ба роҳ монда шудааст. Ба таъкиди мутахассисон ин зарфҳои полиэтиленӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯй буда, рақобатпазирии он кафолат дода мешавад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи саноатӣ дар як моҳ ба 400 адад зарфи гуногунҳаҷми босифат баробар аст. Дар корхона беш аз 30 намуд зарфи полиэтилении ҳаҷму андозаҳои гуногун истеҳсол шуда, дар як моҳ аз 8 то 10 тонна ашёи хом коркард мешавад.
Хатҳои муосири технологии корхона, ки қисме аз он тавассути гази моеъ фаъолият мекунанд, аз Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас ва васлу насб гардидаанд. Ашёи хом, асосан, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас мегардад.
Зарфҳои полиэтиленӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор мераванд ва солҳои охир талабот ба онҳо бештар гардидааст.
Аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар корхонаи навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкор баҳои баланд дода, таъсиси корхонаи саноатиро дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот пешбинишуда намуна арзёбӣ карданд. 
 
ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ МЕБЕЛБАРОРИИ 
ҶДММ “СИТОРАИ СУҒД” 
8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи мебелбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ситораи Суғд”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати кишвар ва солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат аз ҷониби соҳибкор Фурқат Дадабоев бо харҷи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ва бо технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шуд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави истеҳсолӣ 30 нафар, аз ҷумла бонувон, бо ҷойи кор  ва маоши баланд таъмин гардиданд.
Масоҳати умумии иншоот 1,5 гектарро дар бар гирифта, биноҳои истеҳсолӣ ва анборҳои маҳсулоти хому тайёри он дар майдони 1100 метри мураббаъ қомат афрохтаанд.
Дар корхона намудҳои гуногуни мебел, аз ҷумла мизу курсӣ, роҳаткурсӣ, рахти хоб ва ҷевон, бо сифати баланд истеҳсол мешаванд.
Дастгоҳу таҷҳизоти васлгардида аз давлатҳои Чин ва Туркия ворид гардида, онҳоро мутахассисони маҳаллӣ идора мекунанд.
Ашёи хом барои истеҳсоли мебел, аз ҷумла ДСП, МДФ, ЛДСП ва ФАРНИТУРА, аз Федератсияи Россия ва Туркия дастрас гардида, дар асоси фармоиш ва завқу салиқаи мизоҷон бо шаклу андоза ва дизайни муосир маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот омода мешавад.
Корхона имкон дорад, ки бо истифода аз муосиртарин дастгоҳҳо дар раванди истеҳсоли мебел дар як моҳ 1000 метри мураббаъ ЛДСП ва МДФ-ро коркард намояд.   
Истеҳсолоти корхона дар марҳилаи аввал барои таъмини бозори дохилӣ равона гардида, масъулон дар асоси дастуру маслиҳатҳои Сарвари давлат иқдом гирифтаанд, ки бо боло бардоштани иқтидори истеҳсолӣ содироти маҳсулоти ватаниро ба кишварҳои ҳамсоя ҳам, ба роҳ монанд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТИ ОБИ ПОЛИЗӢ ВА БУНЁДИ ТОКЗОР ДАР МАСОҲАТИ 50 ГЕКТАР ДАР КОРХОНАИ ДАВЛАТИИ КИШОВАРЗИИ “ПАЛОС” 
8 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин, ба мавзеи Сомғор ташриф оварда, нахуст хати оби полизии Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба истифода доданд.
Хати оби полизӣ бо насби ду муҳаррики нав бо иқтидори 1500 киловолт аз масофаи 20 километр аз канали якуми Сомғор ба ин мавзеъ оварда шуд.
Иқдоми обёрии заминҳои мавзеи Сомғор бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо амалӣ гардида, ин раванд барои ба гардиш даровардани қитъаҳои нав, пешгирӣ аз шӯршавии заминҳо, барқарор ва бунёди боғу токзорҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ мусоидати фаъол хоҳад кард.
Сипас, дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Нақшаи ҷойгиршавии токзорҳои деҳоти “Дадабой Холматов” ва “Исмоил”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, дар Корхонаи давлатии кишоварзии “Палос”-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо шинондани ниҳоли ток ба бунёди 50 гектар токзори нав оғоз бахшиданд.
Бо бунёди токзори нав 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, дар ҷараёни корҳои мавсимӣ дар саҳро иловатан 150 нафари дигар ҷалб карда мешавад.
Иттилоъ доданд, ки дар ҷамоатҳои деҳоти “Дадабой Холматов” ва “Исмоил”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 2800 гектар токзор мавҷуд буда, соли равон дар асоси нақша 200 гектари он барқарор карда мешавад.
Ангурпарварони ду деҳот, ки аксарияти токзори ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ихтиёр доранд, танҳо соли 2021 зиёда аз 15 ҳазор тонна ҳосил ҷамъ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намудаанд.
Бунёди токзори нав дар мавзеи Сомғор дар заминаи боғҳои куҳна, ки солҳои 1978 - 1979 ташкил гардида буданд, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила анҷом дода мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулони Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир, аз ҷумла норасоии маводи ғизоӣ дар бархе аз кишварҳои дунё, ҷиҳати истифодаи мақсадноку бомавриди заминҳои дарихтиёрдошта ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми солонаи истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ба роҳбарияти корхона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.02.2021    №: 27    Мутолиа карданд: 3926
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед