иқтисод
НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БАРДОШТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НОЗИРОТИ АНДОЗ ДАР СОЛИ 2021
Нозироти андози ноҳияи Восеъ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои мушаххас андешида, соли сипаришударо бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст кард.
- Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 101,3 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 53524113 сомонӣ ворид гардид, ки дар қиёс ба соли пешӣ 9224565 сомонӣ зиёд мебошад, - гуфт Саймуртазо Шамсов, сардори нозироти андоз. Танҳо нақшаи андози иҷтимоӣ иҷро нашуд ва ба буҷет 3981622 сомонӣ ворид нагардид. Вале нақшаи андоз аз фоида 100 дарсад таъмин ва ба буҷет 7115551 сомонӣ ворид гашт. Аммо тибқи таҳлилҳо, омили асосие, ки боиси кам ҳисоб шудани андоз аз фоида мегардад, аз ҷониби андозсупорандагон бар хилофи қонунгузорӣ ба ҳисоб гирифтани хароҷоти беасос дар эъломияи андоз аз фоида мебошад.
Гарчанде, соли сипаришуда нисбат ба соли пешӣ даромади умумӣ аз ҳисоби андозсупорандагони дар низоми умумӣ фаъолияткунанда зиёд гардида бошад ҳам, маблағи ҳисобшудаи ниҳоии андоз аз фоида соли 2021 нисбат ба соли пешӣ қариб 628 ҳазор сомонӣ кам аст.
- Яке аз самтҳои муҳим ва назарраси фаъолияти мақомоти андоз, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқӣ мебошад, - афзуд Саймуртазо Шамсов.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ ба аввали моҳи январи соли 2021 дар қайди нозироти андоз, дар маҷмуъ, 6339 субъекти хоҷагидории амалкунанда мебошад, аз ҷумла 733 шахси ҳуқуқӣ, 599 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома (шахсони воқеӣ), 3646 соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома (хоҷагиҳои деҳқонӣ) ва 1361 соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда.
Мутобиқи маълумоти барномаи компютерии “Баҳисобгирии ҳисоботи андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки тавассути шаҳодатнома фаъолият менамоянд”, ба якуми январи соли 2021 аз 1332 андозсупоранда 953 нафар эъломияҳои андозии худро ба нозироти андоз пешниҳод намуда, 379 кас (аз ҷумла, 162 шахси ҳуқуқӣ ва 217 соҳибкори инфиродӣ) эъломияҳои андозии худро пешниҳод накардаанд. Яке аз сабабҳои пешниҳод насохтани эъломияҳои андоз солҳои тулонӣ аз бемасъулиятии андозсупорандагон бошад, аз тарафи дигар, дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои мансабии кормандон аст.
- Чораҳои андешидашуда аз ҷониби нозироти андоз дар соли рафта нисбат ба андозсупорандагоне, ки эъломияҳои худро дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод наменамоянд, нишон дод, ки соли гузашта нисбат ба 28 андозсупоранда ё 7,3 дарсади шумораи умумии андозсупорандагоне, ки ҳисобот насупурдаанд, тибқи талаботи моддаи 601 КҲМ ҶТ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ шуд, аз ҷумла ба ҳар корманди шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, аз як то се протокол тартиб додаанд. Гарчанде соли рафта нисбат ба соли 2020 ҳисобкунии дигар намуди андозҳо ҳангоми гузарондани корҳои назоратӣ зиёд гардида бошанд ҳам, шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагонро зарур аст, ки дар ин самт корҳои назоратӣ ва фаҳмондадиҳиро дучанд намоянд, - гуфт С. Шамсов.
Чӣ тавре ки аз маълумоти барномаи компютерии СМИИА бармеояд, соли сипаришуда нисбат ба соли 2020 аз тарафи 20 шахси ҳуқуқӣ 47 коргар ва 37,6 ҳазор сомонӣ фонди музди меҳнат кам гардидааст. Тибқи маҳзани маълумоти барномаи компютерии СМИИА соли гузашта дар нозироти андози ноҳия 61 супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуд. Аз шумораи андозсупорандагони эъломияи ААИ пешниҳоднамуда тақрибан 19,7 дарсад соли сипаришуда эъломияи ААИ-ро сифрӣ пешниҳод кардаанд.
Барои риоя накардани талаботи моддаи 186 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаи 606 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаш андозсупоранда ба маблағи қариб 18 ҳазор сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ тартиб дода шуд.
Новобаста аз оне, ки дар соли гузашта нисбат ба соли 2020-ум маблағҳои пардохтшудаи ААИ, дар маҷмуъ, зиёд гардида бошанд ҳам, аммо даҳ супорандаи ААИ маблағ пардохт накардааст. Мушкилӣ дар фаъолияти соҳибкорони инфиродии бо шаҳодатнома амалкунанда ҷой доштани ғайрирасмӣ истифода бурдани коргарони кироя, ба таври сифрӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ аз ҷониби корфармоён мебошад. Ташвишовар аст, ки пас аз пешниҳоди электронии эъломияҳои андоз аз ҷониби андозсупорандагон, нозирони шуъбаҳои хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродӣ беэътиноӣ карда, ба асоснокии маълумоти эъломияҳои андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ оид ба шумораи кормандон ва фонди музди меҳнати онҳо диққати ҷиддӣ намедиҳанд.
Бино ба маълумот аз Феҳристи ягонаи давлатӣ аввали моҳи январи соли равон дар нозироти андоз 1361 нафар соҳибкори инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба қайди давлатӣ гирифта шуд. Аз ин ҳисоб ба маблағи 2431,6 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷет ворид гашт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта соҳибкорон 29 адад ва маблағи воридоти андозҳо 378,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Соли гузашта иҷрои нақшаи андозҳо аз ҳисоби соҳибкорони тибқи патент фаъолияткунанда дар Нозироти андози ноҳияи Восеъ 85,3 дарсад таъмин шуда, ба ҷойи 2850,0 ҳазор сомонӣ ба буҷет 2431,6 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки он нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ кам мебошад. Яке аз сабабҳои таъмин нагардидани нақша аз ҳисоби соҳибкорони мазкур, дар сатҳи зарурӣ иҷро накардани уҳдадориҳои мансабӣ ва набурдани назорат аз ҷониби кормандони гурӯҳи масъули нозироти андоз оид ба пардохти саривақтии маблағҳои патент, пурра ба қайд нагирифтани шахсони воқеии беқайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғулбуда, мебошад.
Новобаста аз таъкидҳои пайваста ва баргузор намудани ҷаласаҳои алоҳидаи корӣ оид ба муҳокимаи мушкилиҳои ҷойдошта, ҳоло ҳам бақияи қарзи андозҳо аз ҳисоби патент ҳалли худро наёфта, дар нозироти андоз 609,5 ҳазор сомонӣ афзудааст. Афзоиши бақияи қарзи патент аз он шаҳодат медиҳад, ки кормандони мутасаддии нозирот нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ ва фаъолияти корӣ бемасъулиятӣ карда, корро дар ин самт дуруст ба роҳ намондаанд ва барои пешгирии афзоиши қарзи андозҳо чораҳои аввалиндараҷа наандешидаанд.
Корҳои анҷомдодаи мутахассисони шуъбаи баҳисобгирии даромадҳои нозироти андоз оид ба рафти тартиб додани санадҳои муқоисавӣ бо андозсупорандагон аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳоло ҳам аз ҷониби онҳо ҳангоми тартиб додани санадҳои муқоисавӣ ба дурустии маълумоти дар ҳисобварақаҳои андозсупорандагон қайдшуда аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад. Дар натиҷа дар аксар ҳолатҳо баъд аз тартиб додани санадҳои муқоисавӣ дар ҳисобварақаҳои андозсупорандагон камбудиҳо ошкор мегарданд. Чунин ҳолатҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки санадҳои муқоисавиро рӯякӣ тартиб дода, ҳангоми қабули эъломияҳо ба дурустии нишондиҳандаҳои дар онҳо инъикосшуда аҳамият намедиҳанд, ки дар натиҷа дар ҳисобварақаҳои андозсупорандагон маблағҳои беасоси изофапулӣ ва бақияи қарзи андозҳо ба вуҷуд меоянд, - гуфт дар хотимаи суҳбат Саймуртазо Шамсов.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»,
Зафар АКРАМОВ,
рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.02.2022 №: 27 Мутолиа карданд: 2867