logo

Хабарҳо

Аз нишастҳои матбуотӣ

 
 
СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ 
Бештари баҳсҳо муносибатҳои қарзианд 
- Соли гузашта ба судҳои иқтисодӣ 3 824 аризаи даъвогӣ ва шикояту дархостҳо ворид гардиданд, ки 2 673-тои он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, доир ба 1 718 ҳалнома бароварда шуда, 1140 қарори судӣ қабул шудааст.
Дар ин бора Мавлуда Қаландарзода, раиси Суди Олии иқтисодӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. 
Ӯ афзуд, ки шумораи бештари баҳсҳоро (460 парванда) муносибатҳои қарзӣ ташкил медиҳад. Доир ба рӯёндани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ дар ҳамин давра ба маблағи 254 миллион сомонӣ талабот арз гардида, аз он 179 миллион талаби даъво қонеъ гардидааст. 
 
Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
ТЕЛЕВИЗИОНИ «САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРУЪ МЕКУНАД
Зимни нишасти матбуотӣ Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр намуд, ки соли гузашта  ду шабакаи нави телевизионӣ – «Илм ва табиат» ва «Шаҳнавоз» ҳамчун муассисаи алоҳида ба фаъолият шуруъ намуданд. 
Ҳоло корҳо барои ифтитоҳи Муассисаи давлатии телевизиони «Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №272, таъсис дода шудааст, бомаром идома дошта, дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба кор оғоз менамояд. 
- Инчунин, соли рафта фоизи фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши телевизиони рақамӣ 78, 7 ва шабакаҳои давлатии радиоӣ ба 88, 6  дарсад расонда шуда, дар назар аст, ки имсол ин рақамҳо ба таври мусбат тағйир меёбанд,-  гуфт Нуриддин Саид.
 
Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
ШУМОРАИ НАФАҚАГИРОН ҚАРИБ БА 750 ҲАЗОР НАФАР РАСИД
- Соли рафта ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 3431,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020-ум 550,6 миллион сомонӣ зиёд буда, 101,6 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Дилмурод Давлатзода. Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта барои маблағгузории нафақа 3126,5 миллион сомонӣ харҷ гардида, талабот пурра таъмин шуд ва ҳоло дар ҷумҳурӣ қарзи нафақа вуҷуд надорад. Шумораи умумии нафақагирон нисбат ба соли пешӣ афзуда, то моҳи январи соли равон ба 749 817 кас расид. 
Таъкид гардид, ки лоиҳаи шартнома миёни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа бо ҷониби Федератсияи Россия мувофиқа шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи августи соли 2021 «Дар хусуси лоиҳаи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа» ба тасвиб расид. Тибқи шартнома шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Россия расман ба фаъолият машғуланд, бо шаҳрвандони ин кишвар баробар буда, ҳуқуқи нафақа гирифтанро доранд. 
Созишнома имкон медиҳад, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа собиқаи корӣ ҳам дар Россия ва ҳам дар Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Барои ин, муҳоҷирон бояд фаъолияташонро дар Россия ба расмият дароранд. Агар қисми собиқаи кории муҳоҷирон дар Тоҷикистон гузашта бошад, Тоҷикистон низ нафақа муайян мекунад. Яъне, барои ин шахсон вобаста аз собиқаи корие, ки дар ин давлатҳо кор кардаанд, нафақа аз ду қисм иборат мешавад. 
 
Кароматулло АТО
 
 
 
 
ТАНЗИМ 
668 ҚОНУНШИКАН БЕШ АЗ 3 МИЛЛИОН СОМОНӢ ҶАРИМА ШУД
Бар пояи иттилои Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, соли рафта комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим 32498 рейди санҷишӣ гузарондаанд. Тибқи маълумоти Суди Олӣ, вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 668 парвандаи маъмурӣ баррасӣ гаштааст, ки маблағи ҷаримаҳо беш аз 3 миллиону 96 ҳазор сомонӣ мебошад. 
- Пас аз ворид гардидани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 481) меъёри ҷарима барои риоя накардани Қонуни танзим боло рафт, ки  бар асоси он, шахсони воқеӣ ба андозаи як саду даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба шахсони мансабдор ба андозаи панҷсаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст. Бешак, тағйиру иловаҳои воридгардида саривақтӣ буда, аллакай, таъсири мусбати худро расонда истодааст. Мутаассифона, комиссияҳои доимие, ки масъули бевоситаи татбиқи Қонун дар маҳаланд, саҳлангорӣ мекунанд ва бандҳои онро хуб ба мардум фаҳмонда дода наметавонанд. Аз ин хотир, риоя нагардидани талаботи Қонун сар мезанад, - гуфт Сулаймон Давлатзода ба саволи хабарнигори «Ҷумҳурият». 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
«ТОҶИКМАТЛУБОТ» 
51 АНБОР ВА 3 САРДХОНА ФАЪОЛ АСТ  
Дар анбору сардхонаҳои ташкилоту хоҷагиҳои Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба миқдори  1038 тонна пиёз, 567 тонна картошка захира шуд. Шуруъ аз оғози фасли зимистон фаъолияти муътадили бозорҳои соҳа ба роҳ монда шуда, фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввалия ҳамарӯза дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони бозор амалӣ шуда истодааст. 
Ин матлабро Ҳусайн Идиев, раиси Раёсати «Тоҷикматлубот», зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳа дар соли сипаригардида иброз намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар тавозуни раёсат 51 анбори захираи маҳсулоти кишоварзӣ, 3  сардхона  дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров бо мақсади таъмини саривақтии сокинони пойтахт бо маҳсулоти ғизоӣ фаъолият доранд.                                                 
Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  соли гузашта ба муносибати Соли нави мелодӣ, Наврӯзи байналмилалӣ, идҳои Рамазон, Қурбон ва дигар ҷашнҳои миллӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзиро ташкил намуд. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
 
ҚУРБОНАЛӢ ХАЙРЗОДА: «ДОНИШГОҲ ЛИТСЕЙ ТАЪСИС МЕДИҲАД»
Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Қурбоналӣ Хайрзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ расонд, ки аз сентябри соли ҷорӣ аввалин литсейи иқтисодӣ-риёзии Донишгоҳ фаъолияти худро оғоз мекунад.
- Вобаста ба эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” Донишгоҳ тасмим гирифт, ки литсейи махсус таъсис диҳад, то кӯдакону наврасони болаёқат аз синфи 1 то 9 ба омӯзиши иқтисод ва математика фаро гирифта шаванд. Ҳоло сохтмони бинои асосӣ ба поён расида, қабул аз ҳамин сол шуруъ мешавад, - афзуд ректор.
Инчунин, хабар дода шуд, ки аз имсол ихтисоси нав – иқтисоди рақамӣ роҳандозӣ мегардад. Паёми нави фараҳбахш пирӯзии устоду донишҷӯйи муассиса Гулпарӣ Ҳусейнова ва Муҳаммадфирӯз Ҳасанов дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад, ки яке сазовори ҷойи аввал ва дигарӣ соҳиби ҷои дувум гардиданд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
ДДЗТ 
СОЛИ БОБАРОРТАРИН
Аз дастовардҳои муҳимтарини Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода дар баробари боло бурдани сатҳи сифати таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон 5 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадӣ дифоъ намуд. Ҳамчунин, 8 нафар омӯзгори ин муассисаи таълимӣ аз тариқи озмун сертификати байналмилалии Донишгоҳи Кембриҷи Британияи Кабирро бо номи «ЕМИ» ва 4 нафар сертификати Донишгоҳи ин кишвар «СЕЛТА»-ро соҳиб гардиданд. Ин нуктаро Жило Гулназарзода, ректори таълимгоҳи мазкур, ёдовар шуд ва онро шарҳ дод.  Ва иброз дошт, ки аз ҷониби омӯзгорон дар ин давра 17 номгӯй монография, 38 номгӯй дастури таълимӣ, таълимӣ- методӣ, 6 номгӯй китоби дарсӣ таҳия ва ба табъ расид, ки 16 номгӯй нисбат ба соли 2020 зиёд мебошад.
Нашри китобҳои «Фотеҳи қуллаи армонҳои миллат», «Энсиклопедияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода», «Боргоҳи забоншиносӣ аз равзанаи таърих», «Донишномаи забонҳо», «Улуғзода вафодори Ватан буд» низ аз дастовардҳои дигари омӯзгорони ин таълимгоҳ дар соли рафта буд, ки аҳамияти таърихӣ ва илмӣ- адабиро моликанд.
Зимни посух ба пурсиш вобаста ба самти робитаҳои байналмилалӣ Жило Гулназарзода изҳор дошт, ки «дар давраи ҳисоботӣ 572 шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Россия ба таҳсил фаро гирифта шуд».
Умуман, соли 2021 барои Донишкада аз солҳои бобарортарин маҳсуб мешавад.
 
Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
БАРНОМАҲОИ ОЗМУНӢ ЭҲЁ МЕШАВАНД
«Яке аз сабабҳои баргузор нагардидани барномаҳои озмунӣ – ин таъсири бемории коронавирус мебошад. Мо соли гузашта озмуни «Беҳтарин» эълон карда будем ва хостем телевизионҳои дохилӣ ва ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қазоқистон, бо барномаҳои ҷолиб дар он иштирок варзанд, аммо, аз сабаби бемории ҳамагир, ин озмун мавқуф гузошта шуд. Айни ҳол мо мехоҳем онро аз сар эҳё кунем». 
Ин матлабро Носир Саид, директори МД «Сафина», зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт. 
- Бо мақсади рушди фарҳангу ҳунар ва дарёфти истеъдодҳои нав, баланд бардоштани мақому нуфузи ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ  МД «Сафина»  дар соли 2021 дар амалисозии фасли дуюми лоиҳа – Озмуни байналмилалии («Central Asia’s Got Talent») «Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд» дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Қирғизистон иштирок намуд, - гуфт Носир Саид.
 
Лола РИЗОӢ 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 624
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед