Хабарҳо
САНОАТ. ЯК МУЛОҚОТИ МУҲИМ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ҶДММ «Пахтакор Голд Текстил»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон Меҳриддин Юсуповро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноати сабук ва коркарди пахта мубодилаи афкор намуданд.
Раиси вилоят дар оғози суҳбат зикр кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои дуҷонибаи давлатҳои дӯсту бародар тавсеа ёфта, робитаҳо дар бахшҳои гуногун тақвият ёфта истодаанд. Аз ҷумла, дар соҳаи саноат ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, соҳибкорони тоҷику ӯзбек то имрӯз, аллакай, чанд корхонаи муштаракро фаъол намуданд.
Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба имкониятҳои вилоят дар самти истеҳсолу коркарди пахта маълумот дода, изҳор дошт, ки ҷонибҳо метавонанд дар ин ҷода корҳои назаррасро амалӣ созанд.
Соҳибкорони ӯзбек дар навбати худ доир ба фаъолияти корхонаи «Пахтакор Голд Текстил», ки яке аз корхонаҳои муваффақ аст, маълумот дода, омодагии худро барои амалисозии тарҳҳои муштарак баён доштанд.
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 606