Хабарҳо
КӮЛОБ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБРАМ
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии масъулони шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мардумии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Дар он рафти иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025", "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин", "Ғайриқонунӣ ба роҳ мондан ва гирифтани таълими динӣ" баррасӣ шуд.
Дар вохӯрӣ сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ваҳҳобзода, муовини раиси суди вилоят Назрӣ Муҳаммадвалӣ, сардори шуъбаи байниноҳиявии раёсати Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Азим Назризода, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД вилоят Муҳаммадӣ Шарифзода сухан ронда, оид ба масоили зикргардида ибрози андеша намуданд.
Зикр гашт, ки барои дар сатҳи баланд амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва иҷрои бечунучарои қонунҳои дар ин самтҳо қабулгардида, бояд чорабиниҳои оммафаҳмониро тақвият бахшида, ҷиҳати маърифатнокии аҳолӣ аз тамоми воситаҳои фарҳангиву иттилоърасонӣ самаранок истифода бурд. Зимни суҳбати ошкорову табодули андеша бо аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб, иштирокчиёни вохӯрӣ ташкилу баргузории ин гуна вохӯриҳоро бо тамоми қишрҳои ҷомеа муфид арзёбӣ намуданд.
Далер ШАРИФОВ,
котиби матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 803