logo

Хабарҳо

Даъвати Берлин, Париж ва Варшава аз Москва

 
ТАСС. Берлин, Париж ва Варшава аз Москва даъват мекунанд, ки муколамаи ҷиддиро оид ба масъалаҳои амниятӣ дар Аврупо оғоз  ва ба рафъи таниш дар атрофи Украина мусоидат намояд.  
Ин матлаб дар  изҳороти муштараки  Канслери Олмон Олаф Шолс, президентҳои Фаронса ва Лаҳистон Эммануэл Макрон ва Анҷей Дуда пас аз музокироти худ дар формати ба истилоҳ секунҷаи Веймар дар Берлин   таъкид мешавад. "Сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои секунҷаи Веймар (Олмон, Фаронса ва Лаҳистон) ба саъю кӯшиши муштарак ҷиҳати таҳкими сохтори амнияти Аврупо ва трансатлантикӣ содиқ будани худро таъкид карданд", - омадааст дар изҳорот. Дар он  зикр мешавад, ки Берлин, Париж ва Варшава принсипҳои дар ҳуҷҷатҳои гуногуни САҲА ифодаёфтаро риоя менамоянд. Тавре таъкид гардид, се кишвар амалиёти худро бо шарикон дар ИА ва муттаҳидон дар НАТО бо мақсади таъмини сулҳу субот дар фазои Евроатлантикӣ зич ҳамоҳанг хоҳанд кард".
 
 
Макрон пас аз гуфтугӯ бо Путин бар зарурати муколама бо Россия таъкид кард
Газета.ру.  Президенти  Фаронса Эммануэл Макрон бар аҳамияти муколамаи «матлуб»  бо Россия таъкид кард. 
«Мо бояд тамоми воситаҳоро барои нигоҳ доштани муколамаи серталаб ва муҳим бо Федератсияи Россия дар шаклҳои гуногун истифода барем.  Уҳдадориҳо оид ба азсаргирии ин муколама ва иҷрои уҳдадориҳои ҳамаи тарафҳо аз ҷониби Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти Украина Владимир Зеленский ошкоро изҳор гашт», - иброз дошт Макрон. Ба гуфтаи ӯ, мулоқотҳои ахир бо Путин ва Зеленский дар ҷараёни гуфтугӯҳои телефонӣ, ки ҳафтаи гузашта сурат гирифтанд, «ҳамоҳангшуда» буданд.
 
 
Лукашенко дастур дод, ки раъйпурсии амн ва осоиштаро таъмин намоянд
Мир 24. Президенти Беларус  Александр Лукашенко дар ҷаласаи Шурои амният изҳор дошт, ки раъйпурсӣ оид ба тарҳи нави Конститутсия ҳанӯз баргузор нашудаааст, вале натоиҷи он ба кишварҳои  Ғарб, аллакай,  маъқул нест. Президенти  Беларус дастур дод, ки бехатарии маърака ва орому фаъолона созмон додани раванди овоздиҳӣ таъмин шавад.
Мамлакат ба  раъйпурсӣ  оид ба Қонуни асосӣ тайёр аст. Ҳуқуқшиносон,   сиёсатмадорон, мардуми одии Беларус пешниҳодҳои худро дар як лоиҳа пешниҳод кардаанд. Он ба Конститутсияи нав табдил меёбад ё на, тавассути овоздиҳӣ ҳал мешавад. Лукашенко мутмаин аст, ки Ғарб бо ин интихоб розӣ нест. Ӯ ба унвони намуна рӯйдодҳои қабл ва пас аз   интихоботи президентии соли 2020-ро мисол овард.
“Онҳо дар маркази Аврупо як «инқилоби ранга» ба нақша гирифта буданд, аммо ноком шуданд. Ва ба ин кӯшиши бебарор аз рӯи ҳисобҳои мо зиёда аз шаш миллиард доллари ИМА сарф гардид.  Онҳое, ки  корро ба сомон нарасондаанд, кӯшиш хоҳанд кард, ки мардумро дубора ба шӯр андозанд”, - таъкид кард Лукашенко.
 
 
Изҳори назари Дабири кулли СММ аз Исроил ва Фаластин  
ТАСС. "Исроилиён ва фаластиниҳо бояд аз ҳама гуна иқдомоти якҷониба ва амалҳои ғайриқонунӣ даст кашанд, робитаҳоро барои ҳалли мушкилот густариш диҳанд". 
Дар ин бора Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ, зимни суханронӣ дар ҷаласаи кумитаи Созмони ҷаҳонии амалисозии ҳуқуқи фаластиниҳо изҳори назар кард. Гутерриш гуфт: "Вазъият дар сарзамини ишғолшудаи Фаластин, аз ҷумла Байтулмуқаддаси Шарқӣ, ҳамчунон, чолишҳои қобили мулоҳизае барои сулҳу амнияти байналмилалӣ ва ваъдаҳо оид ба истиқлоли давлати Фаластин иҷронашуда боқӣ мемонанд. Мо бояд ба таври фаврӣ талошҳои муштаракро дар чаҳорчӯби қатъномаҳои СММ, ҳуқуқи байналмилалӣ ва созишномаҳои дуҷониба барои ҳалли низоъ ва хотима додан ба ишғол фаъол созем».
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 676
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед