Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
CentralAsia (UZ). Бино ба иттилои раиси Ҷамъияти ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон «Эзгулик» Абдураҳмон Ташанов, ба як сокини вилояти Хоразм барои таҳқири президентҳои аввал ва феълӣ дар интернет се соли зиндон таҳдид мекунад.
RT. Вазири иқтисод ва молияи Фаронса Брюно Ле Мэр дар суҳбат бо шабакаи радиои France Inter гуфт, ки яке аз нуқтаҳои асосии баромадан аз буҳрон бо Россия роҳандозии лӯлаи гази «Маҷрои шимолӣ – 2» мебошад.
Лента.ру. Ҷен Псаки, сухангӯи Қасри Сафед гуфт, ки ИМА аз пешрафт дар музокироти амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Россия истиқбол хоҳад кард.
RT. Шаҳрдори Москва Сергей Собянин изҳор дошт, ки ҳафтаи охир шумораи сироятёбӣ ба штамми омикронии коронавирус дар пойтахт 6 дарсад кам шудааст.
Взгляд. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар мусоҳиба бо шабакаи "Вести"-и Сербистон ин нуктаро таъкид кард, ки Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ ба дарёфти роҳи сиёсии зиддиятҳо бо Россия тамаркузи ҷиддӣ дорад, зеро муноқишаи низомӣ даҳшатнок ва харобиовар хоҳад буд.
РБК. Вохӯрии Анналена Бербок, вазири корҳои хориҷии Олмон, бо Владимир Зеленский, Президенти Украина, ба далелҳои сарпечӣ кардани ҷониби Олмон аз расондани кумаки низомӣ ба Киев ва ихтилофи назарҳо дар мавриди лӯлаи гази "Маҷрои шимолӣ -2" лағв шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 700