logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

ИФТИТОҲИ “БОБУНА” ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои иловагии ширхоргоҳ - кӯдакистони рақами 22-и “Бобуна”-ро баъди навсозиву таъмири куллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Кӯдакистон дар заминаи дастгирии давлатӣ оид ба рушди соҳаи маориф, ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ба истифода дода шуд.
Иттилоъ доданд, ки бино бо харҷи 3 миллион сомонӣ навсозӣ гашта, он бо тарҳу лоиҳаи хосса барои таълиму тарбияи то 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Иншоот аз 2 ошёна, хонаҳои алоҳидаи хоб ва машғулиятгузаронӣ барои 6 гурӯҳ, толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, корӣ ва ёрирасон иборат аст.
Дар саҳни ҳавлӣ суҳбаткадаҳои мавсимӣ, ҳавзи шиноварӣ мавҷуд буда, муассиса  барои  таъмини  фаъолияти  мунтазаму самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Бо бунёди бинои иловагӣ 15 нафар мутахассис бо кор таъмин гашт, ки бо ин шумораи кормандону мутахассисон дар “Бобуна” ба 45 нафар расид.
Раванди таълиму тарбия дар муассиса, асосан, бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. 2 гурӯҳи алоҳида пурра бо забони русӣ амал мекунад ва барои ин мутахассисон мерасанд. Ҳамзамон, ба омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шуда, тарбиятгирандагон тибқи нақшаи барномаи давлатӣ ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҷалб карда мешаванд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки “Бобуна” ягона муассисаи томактабӣ дар шаҳраки Сирдарё барои 3000 нафар аҳолӣ буда, ба истифода додани бинои иловагӣ то андозае талабот ба муассисаҳои томактабиро қонеъ кард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои муассисаи томактабӣ зиёд кардани шумораи кӯдакистонҳоро дар маҳал тадбири муҳим ҷиҳати фарогирии ҳар чи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ арзёбӣ намуданд.
 
КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН СОҲИБИ БИНО ШУД
9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистонро ифтитоҳ намуданд.
Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ давоми як сол бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯй ба талаботи замон иншооти мазкур дар масоҳати умумии 1122 метри мураббаъ бо тарҳу намуди муосир бунёд гардид.
 Бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои 6 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар хуҷраҳои ёрирасон асту барои фаъолияти кормандон шароити хуб фароҳам оварда шудааст.
Дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷраҳои корӣ бо компютер ва дастгоҳҳои тақвияти овоз муҷаҳҳаз шудааст.
Роҳбари муаззами ҳизб аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатиро талаб намуданд.
 
БА ИСТИФОДАДИҲИИ БИНОИ МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии  «Маркази таҳсилоти иловагӣ» дар шаҳри Гулистонро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази таҳсилоти иловагӣ бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардид.
Корҳои сохтмонии бино аз моҳи марти соли 2021 оғоз ёфта, дар муҳлати 10 моҳ пурра ба анҷом расонда шуданд. Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои маркази гармидиҳӣ, 13 синфхона, маҷлисгоҳ барои 60 нафар ва толори хониш барои 20 нафар мебошад. 
Дар таҳхона барои 30 нафар зану духтарони имконияташон маҳдуд коргоҳи дӯзандагӣ ташкил шудааст.
Муассиса барои қабули 500 нафар хонанда дар ду баст омодааст. Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон дорои 24 воҳиди корӣ буда, омӯзгорону мутахассисон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд, барояшон шароити хуби корӣ фароҳам аст.
Зимни шиносоӣ бо шароити забономӯзӣ ва синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзии Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагӣ» дар шаҳри Гулистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
 
ИФТИТОҲИ БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ БА НОМИ ТЕМУРМАЛИК ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмаликро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалик дар соҳили «Баҳри тоҷик» соли 1991 таъсис ёфта, бо гузашти сӣ сол ба таҷдиду навсозӣ ниёз пайдо намуда буд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар оғози соли 2021 корҳои таҷдиду навсозӣ шуруъ гардида, дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонда шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз бардоштани парда аз рӯйи муҷассамаи Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик барномаи театрикунондашудаи аҳли фарҳангро тамошо карданд.
Қобили зикр аст, ки номи Темурмалик ҳамчун қаҳрамони халқи тоҷик дар саҳифаи таърих абадан сабт шудааст.
Солҳои 1219-1220 ҳангоми ҳуҷуми аҷнабиён Темурмалик бо корнамоиҳои бузург барои мудофиаи диёри худ ҷасорату шуҷоат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ нишон додааст, ки  ин  ҳама  дар  барномаи  театрикунондашуда акс  гардид. Дар девори навбунёди шафати муҷассама корномаҳои таърихии Темурмалик наққошӣ гаштаанд, ки ин дар ниҳоди ҷавонону наврасон ҳисси худшиносиро бедор мекунад.
Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалик дар масоҳати 3,2 гектар доман паҳн намуда, баъди навсозӣ шудан шароити истироҳату фароғатро барои сокинону меҳмонони шаҳри Гулистон фароҳам овардааст.
Дар доираи корҳои созандагӣ дар масоҳати 20 ҳазор метри мураббаъ корҳои сабзкорӣ анҷом ёфта, роҳравҳои боғ дар масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш шудааст. Ҳамчунин, нишастгоҳҳои наву замонавӣ насб гардида, суҳбаткадаҳо қад кашидаанд.
Тибқи лоиҳа дар ҳудуди боғ муҷассамаи Темурмалик гузошта шуда, муҷассамаи «Хотира», ки қаблан бунёд ёфта буд, таъмиру навсозӣ гардид. Бунёди се фаввора, як шаршара дар ҳудуди боғ ва ҳавзи шиноварӣ барои кӯдакон ба ин мавзеъ ҳусни хосса зам мекунад. Барои равшансозӣ дар ҳудуди боғ 120 сутунпояи равшанидиҳанда насб гардида, обёрии иншоот пурра таъмин шудааст.
Барои ҳаракати бемонеаи воситаҳои нақлиёт бештар аз 2 километр роҳи мошингарди ҳудуди боғ пурра мумфарш шуда, таваққуфгоҳи нақлиётӣ низ ташкил гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозии боғҳои фарҳангӣ-фароғатиро дар мамлакат барои фароҳам овардани шароити арзандаи фароғати сокинон ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ дар ниҳоди хурду бузург маънидод намуданд. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат ба хотири қадршиносии фарзандони фарзонаи миллат номи боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои махсус ба номи фарзонафарзандони миллати тоҷик гузошта шуда, бо ин васила, номи неку кори некашон ҷовидона нигоҳ дошта мешаванд. Номгузории боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Гулистон ба номи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик тасдиқи гуфтаҳои болост.
Тибқи маълумоти оморӣ дар мамлакат 96 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумор 22-тои он дар вилояти Суғд мебошад. Қобили зикр аст, ки танҳо дар давоми даҳ соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар баробари навсозии боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ даҳҳо боғҳои нав бунёд гардиданд.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалик бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон атраксионҳои наву замонавӣ насб гардида, воситаҳои дилхушии наврасону кӯдакон, ба монанди автомобилҳои барқӣ дастрас карда шудаанд.
Шаҳри Гулистон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ дар соҳили «Баҳри тоҷик» имкониятҳои фароғатии зиёд дорад. Дар доираи корҳои созандагиву ободонӣ соҳили баҳр навсозӣ шуда, барои машқу тамрин ва, бо ин васила, ҳарчи бештар ҷалб намудани мардум ба варзиш шароит муҳайёст.
Дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалик бо умеди сарсабзии диёр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарахтони ҳамешасабзу нодир шинонданд.
Иттилоъ доданд, ки барои сабзу хуррам намудани боғи мазкур бештар аз 300 бех дарахти ороишӣ ва зиёда аз 118 ҳазор дона гули рангоранг шинонда шудаанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди боғ дигар иншооти ёрирасон бунёд гардида, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ анҷом додаанд.
 
ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО БА 80 ЯТИМИ КУЛЛ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН
9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Темурмалики шаҳри Гулистон дар тарабхонаи наву замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳодур Маҷидов бунёд гардидааст, бо 80 нафар ятими кулл, ки сокинони шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт мебошанд, мулоқот намуданд.
Чун анъана Сарвари ятимпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон нахуст аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимон, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозанд. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро бар дӯши худ гирифтаанд ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё месозанд.
Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд. Ба 80 нафар ятими кулл туҳфаҳои молию пулии Сарвари давлат тақдим шуданд.
Наврасону ҷавонон бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта изҳор доштанд, ки ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакат-ро ҳамеша эҳсос мекунанд. Барои тарбия ва ба камол расиданашон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда барои хизмат ба халқу Ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
 
БУНЁДИ БОҒИ ИНТЕНСИВӢ ДАР “БОҒИ МИЛЛИИ ВАҲДАТ”
9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маросими бунёди боғи интенсивии зардолу ва ба истифода додани хати оби полизӣ дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” иштирок карданд.
Дар ҳамин мавзеъ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст хати оби полизиро, ки аз чуқурии 40 метр бароварда шуда, барои обёрии 20 гектар замин пешбинӣ гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Иқдоми бунёди чоҳи амудӣ, ки аз 90 метр иборат аст, бо ташаббуси маъмурияти боғ амалӣ шуд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинондани ниҳолҳои зардолу ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд.
Бунёди боғи интенсивии зардолу дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо иқдоми маъмурияти Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” амалӣ гардид. Дар ин қитъа ниҳолони зардолуҳои қадпасти аз Ҷумҳурии Туркия воридгардидаро аз рӯйи меъёри 4 бар 3 шинондаанд.
Ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дар байни қаторҳои боғи навбунёд кишти зироатҳои барвақтӣ, аз ҷумла картошкаи зери плёнка ва сабзавот, ба роҳ монда шудааст.
Тибқи стандарти бунёди боғҳои анъанавӣ, дар масоҳати 5 гектар замин мувофиқи меъёри 8 ба 8 метр дар як гектар замин, шинондани 150 -156 бех ниҳол муқаррар карда шудааст. Аз рӯйи меъёри 10 ба 10 метр бошад, дар як гектар метавон 100 бех ниҳол шинонд, ки дар шароити феълӣ ин усули бунёди боғ камдаромад мебошад.
Дар ҳамин масоҳати 5 гектар замини Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди чор ҳазор ниҳоли зардолуи қадпаст шинонда мешавад, ки ин яке аз афзалиятҳои бунёди боғҳои интенсивӣ мебошад. Зимнан, ҳамин усул, ба гирифтани ҳосили баланд ва сифатнокии мева мусоидат мекунад.
Ҳамин аст, ки баъди тасмими ташкили чунин боғҳо, дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар “Боғи миллии Ваҳдат” бештар аз 18 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтисивӣ бунёд гардидааст.
 
БОЗДИД АЗ ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ ЧОРВОИ ХУШЗОТ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “БОҒИ МИЛЛИИ ВАҲДАТ” 
9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Фестивал-намоиши чорвои хушзот, чорвои калон барои истеҳсоли шир ва гӯшт, шутур барои шир ва гӯшт, асп, гӯсфанд ва бузҳои зотӣ иштирок карданд.
Дар намоишгоҳ фермаҳои ширию молӣ, коргоҳу корхонаҳои парандапарварӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори бахши чорвопарварӣ навъу намудҳои мухталифи чорворо ба намоиш гузоштанд.
Ба ин мавзеъ даҳҳо намуди чорвои калон, гӯсфанду буз, асп, шутур, шутурмурғ, кабк, мурғи ҳилол, фазан, моҳӣ, хӯрокиҳои омехтаи чорво, ки дар ҳамаи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд парвариш ва истеҳсол мешаванд, овардаанд.
Дар Фестивал-намоиш чорвои калони зоти сиёҳало, голштенӣ, сименталӣ, шведӣ, гӯсфандони зоти ҳисорӣ, бузҳои зоти серпашми тоҷикӣ, бузҳои ширии зоти зааненӣ ва алпенӣ, шутурҳои яккӯҳона ва дукӯҳона, намуди моҳиҳои зағорамоҳӣ, пешонағафси сафед, амури сафед ва ғайраҳо ба маъраз гузошта шуданд.
Манзараи намоишгоҳ аз рушди устувори бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ дар вилояти Суғд дарак медод. Дар натиҷаи татбиқи амалии стратегияҳои алоҳида рушди бахши чорводорӣ дар вилоят марҳила ба марҳила таъмин мегардад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 8 ҳазору 575 сар асп парвариш меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо иштирокчиёни Фестивал-намоиш бо истифода аз зарфиятҳои мавҷудаи аграрии мамлакат ҷиҳати таъсиси комплексҳои чорводорию парандапарварӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо дастовардҳои чорводорону парандапарварон ва дигар истеҳсолкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кори хоҷагидоронро намунаи барҷастаи амалисозии тадбиру барномаҳои давлатӣ дар самти рушди чорводорӣ маънидод карда, бобати бештар тақвият бахшидани ин бахши сердаромад ба масъулони сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2022    №: 28    Мутолиа карданд: 3948
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед