logo

иҷтимоиёт

МАҲАЛГАРОӢ. ХОКИСТАРЕ, КИ МАМАДБОҚИР АЗ НАВ БОД КАРДАН МЕХОҲАД

Таҳдиду таҳқири Мамадбоқир Мамадбоқиров нисбат ба Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, боиси нигаронӣ аст. Мамадбоқир Мамадбоқиров, сокини маҳаллаи Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ, бо чунин кирдори маҳалгароӣ ва рафтори ғайриқонуниаш бори дигар чеҳраи воқеиашро ба мардум нишон дод, ки мавсуф аз ҷинояткорон ва ташкилкунандагони амалҳои ҷиноятӣ дар ВМКБ маҳсуб меёбад.
Номбурда шоми 29 январи соли равон, дар ҳолати мастӣ  бо яроқ ба манзили истиқоматии Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи ВМКБ даромада, ӯро мавриди латукӯб ва таҳқир қарор додааст, ки ин амалаш нобахшиданист ва бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ин дар ҳолест, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манзили шахс дахлнопазир ва ворид  шудан  ба  манзилро бе ризои шахсони маскуни он манъ кардааст.
Мавсуф ба Лутфулло Наврӯзов “ту аз куҷо мешавӣ?” гуфта суол додааст, ки ин суол аломати зуҳуроти бади маҳалгароист. Мо бояд хуб дарк намоем, ки муҳим аз куҷо будан нест, балки муҳим тоҷикистонӣ будан ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намудан аст, на душманиву бадхоҳӣ! 
М. Мамадбоқиров аз ҷинояткорон пуштибонӣ мекунад ва дар меҳвари кору пайкораш манофеи миллӣ ва халқи сарбаланди Бадахшон дида намешавад. Амалу рафтори ӯ шаҳодат бар он аст, ки  саводи казоӣ надорад ва халқро ба ҷудоиандозиву гумроҳӣ мебарад. 
Мардуми Бадахшон бояд хуб дарк намоянд, ки Мамадбоқир Мамадбоқиров комилан бо барномаи тарҳрезишудаи душманон ва бадхоҳони миллати тоҷик рафтор намуда, амру супориши хоҷагонеро иҷро мекунад, ки нисбат ба давлату миллати мо носипосу душмананд. Агар саҳфаи умри мавсуфро варақ занем, ҳамеша ба ҷинояту ҷинояткорӣ машғул буда, сабаби нооромии мардум гаштааст. Вай бо ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни мардум бо лақаби “Боқир”, “Боқир - авбош”, “Боқир - қумандон” шинохта шудааст. 
Тасдиқи ин гуфтаҳоро мо дар амалкарди ӯ нисбат ба сардори Раёсати маорифи ВМКБ мушоҳида карда, дар ин робита, аз мақомоти дахлдор талаб менамоем, ки Мамадбоқир  Мамадбоқиров бо пайравону ҳамандешонаш ба ҷавобгарӣ кашида шавад, то ки ҷудоиандозиву маҳалгароӣ миёни мардуми Бадахшон решакан гардад.   
Аз рафтору кирдори пайваставу ҷинояткоронаи М. Мамадбоқиров хулоса баровардан мумкин аст, ӯ ҳамеша ба манфиати шахсӣ ва иғвогариву дасисабозӣ миёни мардум, дигар шуғле надорад.  
Ин гуна афрод бозичаи дасти гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва душманони миллати тоҷиканд ва барои мардуми сарбаланди Бадахшон, хосатан шаҳри Хоруғ, танҳо нооромиву бадбахтӣ ва ҷудоиандозӣ меоранд. 
Агар мо хоҳем, ки насли наврасу ҷавонон дар руҳияи илм, инсондӯстӣ, худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёбанд, ин гуна афроди ҷиноятпеша ва худхоҳу дастнигар бояд дар ҷомеаи мо набошад! 
Ҷойи чунин шахсон ҳаргиз миёни ҷомеаи солим нест!
 
Сорбони РУСТАМ, 
устоди ДДХ ба номи 
академик Б. Ғафуров
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.02.2022    №: 28    Мутолиа карданд: 2070
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед