Хабарҳо
Рӯйдодҳои илмӣ
НАШРИ «АХТАРОНИ АДАБ» ДАР 50 ҶИЛД
Нашриёти «Адиб» чопи силсилаи китобҳои «Ахтарони адаб» - ро, ки аз 50 ҷилд иборат мебошад, ба итмом расонд. Дар ин бора аз нашриёт ба мо хабар доданд.
«Ахтарони адаб» бо ибтикор ва аз ҳисоби Фонди захиравии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи чоп омадааст.
Нашри силсила соли 2007 оғоз гардида буд. Ҷилди аввали китоб осори қофиласолор Абуабдуллоҳи Рӯдакиро фаро мегирад. Дар ҷилди дуюм ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ ҷой дода шудаанд. Дар ҷилди 3 то 12 «Шоҳнома» - и Абулқосим Фирдавсӣ ва ашъори дигар ҳакимону орифон, ба мисли Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ ҷой дода шудаанд. Осори адибони муосир аз ҷилди 41 оғоз мегардад.
ҲАВОПАЙМОЕ, КИ БО ҲИДРОГЕН ПАРВОЗ МЕКУНАД
Донишмандони Донишгоҳи технологии Делфт дар Нидерландия соли равон парвози ҳавопаймои ҷадидро имтиҳон хоҳанд кард. Дар ин бора сомонаи Naukatehnika.com иттилоъ додааст.
Ҷолиб ин аст, ки ҳавопаймо ба воситаи сӯзишворие ҳаракат мекунад, ки донишмандон аз ҳидроген ҳосил кардаанд.
Ширкати колифорниягии «ZeroAvia» низ парвози санҷишии чунин ҳавопаймояшро, ки барои 20 мусофир пешбинӣ шудааст, дар ин сол роҳандозӣ карданист.
«СУПЕРИММУНИТЕТ» АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУС
Гурӯҳи донишмандони Донишгоҳи тиббӣ - илмии Орегон дар бораи имконияти пайдо намудани «супер-иммунитет» зидди коронавирус иттилоъ медиҳанд,- нигоштааст «Business Insider».
Мувофиқи тадқиқот, дар сироятёфтагони Омикрон – штамми нави COVID-19 баъд аз эмкунӣ ба навъҳои ояндаи вирус муқовимати бештар пайдо мешавад. Аз рӯйи мушоҳидаҳо бештари нафароне, ки аз зарбаи штамми Делта раҳо ёфтанд, онҳое мебошанд, ки пеш аз паҳн гардидани он иммунизатсия шуданд.
Олимон зикр менамоянд, ки дар нафарони аз беморӣ шифоёфта масунияти муқаррарӣ ба амал меояд. «Супериммунитет» танҳо баъд аз гирифтани ваксина пайдо мешавад. «Дар натиҷа сатҳи потан (антитела) баланд ва дар бунияи инсон имкони безараргардонии вирусҳо меафзояд», - гуфтааст Фикаду Тафесси, ҳаммуаллифи таҳқиқот.
Қаблан пизишки амрикоӣ Ашиш Ҷа иттилоъ дода буд, ки баъзе нафарон худро қасдан ба Омикрон олуда менамоянд, то масуният пайдо кунанд. Мутахассис ҳушдор додааст, ки COVID-19 – ро набояд нодида гирифт.
«Ду ҳафта дар табобатхона бо гирифторони ин намуди беморӣ сари кор гирифтам ва дидам, ки одамон чӣ гуна аз Омикрон азият мекашанд. Медонем, ки Омикрон мисли Делта қотил нест, аммо хатар ҳанӯз ҷиддӣ аст» - гуфтааст духтур.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 619