Хабарҳо
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нияти таъсиси корхонаҳои муштарак доранд
CentralAsia (UZ). Ҳайати Тоҷикистон, ки дар он кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нав, корхонаҳои саноатии хусусӣ ва намояндагони лоиҳаҳои рушди саноати СММ шомиланд аз Ӯзбекистон дидан кард.
Зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсоли атласу адрас дар Ӯзбекистон раванди дастгирии давлатӣ, низоми андозбандӣ, бозори фурӯш, раванди истеҳсолот, интихоб ва истифодаи нақшҳои матоъ, ҷалби тарроҳон ва содироти маҳсулоти тайёр баррасӣ ва омӯхта мешаванд. Ҳайати Тоҷикистон қитъаи намунавии тутзор, намоиши ашёи хом ва матоъҳои тайёр, либосҳои дизайнериро тамошо кард.
Путин бо Токаев дар Кремл мулоқот мекунад
ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин як силсила тамосҳои байналмилалиро идома медиҳад. Имрӯз меҳмони ӯ дар Кремл Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев хоҳад буд.
Тавре сухангӯи Президенти Россия Дмитрий Песков гуфт, раҳбарон равобити дуҷониба, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва равандҳои ҳамгироӣ дар фазои иқтисодии Авруосиёро баррасӣ мекунанд. Тибқи пешгӯии намояндаи Кремл, дар суҳбати Путин ва Токаев вазъи минтақаҳои наздик, муноқишаҳои минтақавӣ низ мавриди гуфтугӯ қарор хоҳанд гирифт.
Тавсияи Президенти Ҷумҳурии Корея ба маъмурияти ояндаи кишвар
ТАСС. Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чжэ Ин дар мусоҳиба бо хабаргузориҳои маъруфи ҷаҳон изҳор дошт, ки Россия дар сиёсати авруосиёии Сеул мавқеи марказиро ишғол мекунад ва маъмурияти навбатии Кореяи Ҷанубӣ бояд ҳамкориҳоро бо Москва тақвият бахшад.
Ба саволи он, ки муносибатҳои Москва ва Сеул дар замони маъмурияти нав чӣ гуна бояд инкишоф ёбанд? Мун Чжэ Ин чунин посух гуфт: «Мо бо Россия дар масъалаҳои сулҳу шукуфоӣ дар Авруосиё ҳамкорӣ мекунем. Ин кишвар дар "Сиёсати нави шимолӣ"-и Ҷумҳурии Корея мавқеи асосиро ишғол мекунад. Лозим аст ба тақвияти ҳамкориҳои пойдор ва густариши мубодилот бо ҳадафи таҷассуми давраи нав дар муносибатҳои дуҷониба, ки дар он гардиши мол ба 30 миллиард доллар мерасад ва шумораи сафарҳои мутақобила аз як миллион нафар зиёд мешавад, идома диҳем».
Мун Чжэ Ин моҳи май мақомашро тарк мекунад.
Россия ба Украина ҳамла намекунад
Известия. Геннадий Гатилов, намояндаи доимии Россия дар СММ дар Женева гуфт, ки Россия нақшаи ҳамла ба Украинаро надошт ва надорад.
Дар ин кор ягон ҳадаф ё мақсади геостратегӣ мавҷуд нест. Россия ҳамеша ҷонибдори равобити соф, мутақобилан судманд ва прагматикӣ на танҳо бо ҳамсояҳо, балки бо ҳама кишварҳо мебошад. Ҳамзамон, ӯ ёдовар шуд: "Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров, аллакай, зикр кардааст, ки агар ҳамла аз Россия вобаста бошад, пас ҷанг нахоҳад шуд".
Ячейкаи «Ҳизб-ут-Таҳрир»
дар Қрим баста шуд
Известия. Хадамоти федералии бехатарии Россия як ячейкаи созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» дар Қримро барҳам дода, чаҳор узви ин созмонро боздошт кард. Дар ин бора Маркази робита бо ҷомеаи хадамоти махсус хабар дод.
Тавре ХФБ афзуд, дар маҳали зисти боздоштшудаҳо миқдори зиёди маводи таблиғотии созмон, ки дар Россия мамнуъ аст, таҷҳизоти иртибототӣ ва васоити электронии аз ҷониби онҳо дар анҷоми фаъолиятҳои террористӣ истифодашуда, мусодира карда шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 646