logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ПАЛАНГ»
1. Муродифи вожаи «булбул» 2. Асари Саъдии Шерозӣ 3. Зодгоҳи Умари Хайём 4. Исми мардонаи тоҷикӣ 5. Мева 6. Бозор дар шаҳри Душанбе 7. Шоири адабиёти классикии тоҷику форс 8. Адади номаълум дар илми ҳисоб 9. Давлат дар қитъаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ  10. Донаи шоҳмот 11. Масолеҳи сохтмон 12. Асбоби тории мусиқӣ 13. Ҳафт, даҳ, чордаҳ 14. Шахси ба дил наздик 15. Ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 16. Повести Ҷ. Икромӣ 17. Сафед, кабуд, сиёҳ 18. Марворид, санги қиматбаҳо 19. Тамғаи мошини сабукрави хориҷӣ 20. Ҷирми осмонӣ 21. Навъи варзиш 22. Мурғи афсонавӣ 23. Ҳарфи алифбои ниёгон 24. Маҳсулоти донагӣ 25. Зарфи таомхӯрӣ 26. Моеи хушбӯй 27.  Асъори миллии ҳиндӣ 28. Инструктори тайёраи «Як 40» 29. Самад ***, адиби шинохтаи Озарбойҷон 30. Фатҳу кушоиш 31. Миллат 32. *** Ёрматов, режиссёр,  Ҳунарпешаи халқии ИҶШС 33. Пайвандаки хилофӣ 34. Шаҳр ва вилоят дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 35. Шумораи тартибӣ 36. Шеъри М. Турсунзода 37. «*** бодо шири модар бар касе» (Лоиқ) 38. Шакли геометрӣ 39. Сухани тоза, нав 40. Номи  оҳанг дар  «Шашмақом» 41. Дин 42. Воситаи навохтани асбобҳои тории мусиқӣ 43. Факт, далел  44.  Навъи хати арабӣ 45. Муродифи вожаи «душман» 46. Унвони давраи амирӣ 47. Бебок, зирак, ҳушёр, бепарво  48. Мафҳуми хешутаборӣ 49. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ 50. Навъи хӯроки миллӣ 51. Ҳайвони саворӣ 52. Мучали соли 2022 53. Ҳарфи алифбои ниёгон 54. Соҳаи илми забоншиносӣ 55. Навъи ширинӣ 56. Ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 57. Воситаи ороиши мӯй 58. «Кардам аз *** савол, ин ки чӣ бошад имон?» (Мавлавӣ) 59. Муаллифи манзумаи  «Хар ва трактор» 60. Ҷонишини ишоратии забони тоҷикӣ 61. Муаллифи асари «Давлати Сомониён» 62. Воҳиди маъмурӣ 63. Муҳити табиии  моро иҳотакарда 64. Повести П. Толис 65. Шаҳри энергетикҳо 66. Паранда 67. Исми собиқи шаҳри Турсунзода 68. Истилоҳи илми физика 69. Як навъ сарпӯши миллӣ 70. Зодгоҳи академик Б. Ғафуров 71. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ 72. Андози давраи амирӣ 73. Муаллифи повести «Ҷамила» 74. Актёр, иҷрогари нақши Раҷаб дар филми «Ҳасани аробакаш» 75. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 76. Ҷумҳурии собиқ ИҶШС 77. Персонажи повести «Ривояти суғдӣ» 78. Қаҳрамони афсонаҳои халқи тоҷик 79. Муқобили «рӯз» 80. Сиёҳ, Миёназамин, Мурда 81. Муқобили «чап» 82. Муқобилмаънои ҷуфт 83. Пойтахти давлат дар қитъаи Осиё. 
 
Таҳияи Файзалӣ МУҲАММАДИЕВ, сокини шаҳри Душанбе
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 
93-547-00-05,
bzm_701@mail.ru
 
 
 
 
Саргузашти боварнакардании аҷиб дар тиб
4. АЛСИЕДЕС МОРЕНО
АЗ 150 МЕТР АФТОДУ НАМУРД 
Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки танҳо 50 дарсади шахсоне, ки аз ошёнаи 4 меафтанд, зинда мемонанд. Вале қариб ҳамаи нафароне, ки аз қабати 10 афтидаанд, ба ҳалокат расиданд.
Аммо гоҳо воқеаҳои тааҷҷубовар ҳам рух медиҳанд. Чунончи, соли 2007 Алсиедес Морено ҳангоми поккории тирезаҳо аз ошёнаи 47-уми бинои осмонбӯс (баландии 150 метр) ба замин афтода, бо вуҷуди ҷароҳати вазнин бардоштан ҷон ба саломат бурд. Ӯ баъд аз шонздаҳ амалиёти ҷарроҳӣ пас аз шаш моҳ ба по мехезад.
 
Аз русӣ тарҷимаи Нигина РАҲМОН
 
 
 
«ҚУДРАТИ ИНСОН»
5.  ФРАНКЛИН ДЕЛАНО РУЗВЕЛТ 
Шояд аксарият надонанд, вале Президенти 32-юми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маъюб буд. Ӯ соли 1921 ба бемории варами ҳароммағз гирифтор мешавад ва бо вуҷуди муборизаҳои хастагинопазираш, ин бемориро мағлуб карда наметавонад. Ниҳоят, чун шал мешавад, ноилоҷ ба аробачаи маъюбӣ менишинад. Бо вуҷуди маъюбияш, муҳимтарин саҳифаҳои таърихи ИМА вобаста ба сиёсати хориҷиву тавсеаи дипломатия маҳз ба номи Рузвелт рабт доранд. Барқарор ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо Иттиҳоди Шуравӣ ва ширкати фаъол дар коалитсияи зиддигитлерӣ аз корнамоиҳои таърихсози президент Рузвелт маҳсуб меёбанд. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Самад ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
РАДДИЯ
Марк Твен ҳангоми муҳаррири рӯзнома буданаш, лавҳаеро чоп карда, дар бало мемонад. Қаҳрамони лавҳа ҷаноби Н. ба суд даъво мебарад, ки рӯзнома ӯро таҳқир кардааст.
Вақте судя аз Марк Твен мепурсад, ки асли ҳодисаро шарҳ диҳад, ӯ мегӯяд:
- Воқеан, ибораи «Ҷаноби Н. лоиқ нест, ки ҳатто ба рӯяш туф кунем», ки дар лавҳа омадааст, на таҳқир, балки ҳимоят аз қаҳрамон аст. Вале агар даъвогар аз аризаи худ даст накашад, тибқи қонун, мо маҷбурем раддия чоп карда, дар он нависем, ки «Ҷаноби Н. лоиқ аст, то дар рӯяш туф кунем». 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ПУШКИН –  АЛЕКСАНДР  ОДНАКО…
Пушкин ҳангоми дар литсей хонданаш, қарор медиҳад, ки як рӯз аз дарс гурехта, Петербургро сайр кунад. Мураббии сахтгир Трико аз ин огоҳ шуда, таъкид мекунад, то бе иҷозат аз ҳудуди литсей набарояд, дар акси ҳол куҷое, ки равад, аз гӯшаш гирифта пас меорад. Пушкин бо ишораи «ҳар чи бодо бод» даст афшонда, ҳамроҳи ҳамсабақаш Вилгелм Кюхелбекер қасди гурехтан мекунанд. Табиист, ки мураббӣ Трико аз пушти онҳо поида меистад. Назди дарвозаи литсей вақте посбон ному насаб мепурсад, Пушкин аз ҳама пеш худашро шинос мекунад:
- Александр Однако!
- Насаби шумо? - боз мепурсад қаровул аз рафиқи ӯ.
-Григорий Двако,- бадоҳатан посух медиҳад Кюхелбекер.
Аз посухи нафари дуюм дили посбон каме дур меравад, ки қошу қавоқашро дам мекунад, вале «Двако»-ро ҳам рухсат медиҳад.
Дар ҳамин ҳол мураббӣ расида меояд.
- Насаби шумо? - мепурсад Посбон.
-Трико.
Бо шунидани ин ном посбон якбора дод мезанад: 
- Дурӯғ мегӯӣ аблаҳ, худаш чӣ гап: Однако, Двако, Трико ва амр медиҳад, ки «масхарабоз»-ро ҷазо диҳанд. 
Ҳамин тавр, Трикои ҳайратзада ва бехабар аз асли воқеа як шабонарӯз дар қаровулхонаи литсей ҳабс мешаваду Пушкин бо ҷӯрааш Петербургро тамошо карда, ба мақсад мерасанд. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ 
 
 
 
 
 
«ШИФОХОНАИ ТАБИАТ»
Бойгарии дигари кишвари кӯҳсори мо обҳои маъданӣ ва гиёҳҳои шифобахши он мебошанд, ки дар муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мешаванд. Муҳимияти онҳоро дар раванди ташкили истироҳату табобат ба назар гирифта, дар макони ҷойгиршавиашон истироҳатгоҳу фароғатгоҳҳои замонавӣ сохта шуданд. Ҳамчунин, мавзеъҳое низ ҳастанд, ки ба муаррифӣ ниёз доранд. Мақсад аз таъсиси рубрикаи нави «Шоми шанбе» ҳам, аз ҳамин иборат аст. 
 
ҲАВОТОҒ
Ҳавотоғ дар шимолу ғарби Истаравшан воқеъ аст. Оби шифобахши он дорои микроэлементҳое ба монанди хлор, оҳан, фтор, бор, стронсий, литий ва ванадий мебошад. Аз ин рӯ, он гардиши хунро беҳтар месозад ва системаи асабро тақвият мебахшад. Инчунин, фаъолияти рӯдаву меъдаро беҳтар намуда, дар муолиҷаи бемориҳои ҷинсӣ низ истифода мешавад.
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
10 ҚОИДАИ НӮШИДАНИ ЧОЙ
ЧОЙИ СӮЗОНРО НАНӮШЕД!
Чойи аз ҳад зиёд гарм ба гулу, сурхрӯда ва меъда таъсири манфӣ дорад ва ҳангоми муддати зиёд истифода кардан, ин узвҳо ба касалӣ гирифтор мешаванд. Аз рӯйи тадқиқотҳо, истифодаи доимии чойи ҳарораташ аз 62 дараҷа боло ба бемориҳои гуногуни меъда оварда мерасонад. Беҳтар аст, дар вақти нӯшидан ҳарорати чой аз 52 дараҷа поён бошад.
 
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
САБЗАВОТИ ДАВОБАХШ
КАДУ
Бино ба фармудаҳои Абуалӣ ибни Сино, каду табиати хунук ва тар дошта, ҷӯшобаи он давои сулфа ва таскинбахши дарди қафаси сина мебошад. Афшураи каду бо омехтаи равғани гули садбарг бошад, на танҳо ба дарди гӯш даво мебахшад, балки марҳамбахши гирифторони бемории дарди гулу низ ҳаст. 
Бино ба гуфтаи Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ дар китобаш бо номи «Махзан-ул-адвия», каду барои одамони мизоҷашон гарм нафъ дорад. Он қабзиятро рафъ намуда, зардпарвин ва табларзаи шадидро шифо мебахшад. 
 
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
 
ҚАТРАЕ АЗ БАҲР
14 ҚОНУНИ ПСИХОЛОГИЕ, КИ ДОНИСТАНИ ОНҲО ҲАЁТИ ШУМОРО ТАҒЙИР МЕДИҲАД
 
3. ҚОНУНИ «БУРИШ». Одамони нолозим ҳатман аз ҳаёти шумо дур мешаванд. Шумо танҳо шитоб накунед. Буриш тадриҷан, дар вақти зарурӣ ва муҳимтар аз ҳама, оромона сурат мегирад, ки ҳатто пай намебаред. Агар ба касе дил баста бошед ва медонед, ки вай одами шумо нест, ӯро низ базудӣ аз ҳаётатон наронед. Вақти он мерасад, ки ӯ худаш меравад. 
 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
СЕРБИНАНДАТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
МАЙДОНИ КОНСТИТУТСИЯ  Ё СОКАЛО  (МЕХИКО, МЕКСИКА)
Сокало яке аз рамзҳои шаҳри Мехико ва аз бузургтарин майдонҳои ҷаҳон (бо масоҳати 240 ҳазор метри мураббаъ) маҳсуб меёбад. Онро конкистадорҳои испанӣ дар асри XVI дар ҳамон ҷое, ки давраҳои пеш маркази пойтахти астекҳо - Теночтитлан ҷойгир буд, таъсис додаанд. Дар ин ҷо биноҳои пойтахти атсекҳои қадим ва зеботарин биноҳои давраи мустамлика ҷойгиранд. Тамоми фасли сол дар майдони Сокало ба ғайр аз сайёҳони сершумор, метавон садҳо сокинони маҳаллиро вохӯрд, ки танаффусҳои нисфирӯзӣ ё вақти холии худро бо дӯстон мегузаронанд. Ҳар сол аз он 85 миллион нафар одамон мегузаранд. 
 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
5 БРЕНДИ АҶИБИ ШОКОЛАД
5.  БРЕНДИ “VOSGES HAUT-CHOCOLAT» ДАР ЧИКАГО (ИМА)
Офарандаи яке аз брендҳои ҷолибтарин шоколади амрикоӣ Катрина Маркоф санъати пухтупаз (кулинарӣ) - ро дар мактаби «Cordon Bleu» дар Париж омӯхтааст. Омӯзишаш беҳуда нарафт, зеро ӯ тавонист як маҳсулоти воқеан беназир – шоколад бо иловагиҳои ғайриодӣ ихтироъ кунад. Таркиби он аз гулҳои худрӯйи  хурди рангорангу хушбӯй, («пыльца» фенхеля), каҳзак (хрен), қаламфури мексикоӣ ва косни иборат мебошад.                                                                
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
НОГУФТАҲО АЗ ОЛАМИ ПАРАНДАҲО 
ТӮТӢ
ПАРАНДАЕ, КИ IQ-АШ БА КӮДАКИ ЧОРСОЛА БАРОБАР АСТ
Тӯтиҳо одати аҷибе доранд, ки мусиқиро ҳис карда, дар ҳавои он мерақсанд. Онҳо, ҳамчунин, қобилияти хуби тақлид кардани на танҳо парандаҳои дигар, балки пай бурдани ҳодисаҳои гирду атрофро доранд. Тӯтие бо номи Пак боистеъдодтарин парандаи сухангӯст, ки 1700 калимаро дар ёд гирифтааст.  
Какапо калонтарин навъи тӯтӣ ба ҳисоб меравад, ки қудрати парвоз надорад. Вазнаш қариб 5 килову қадаш 60 сантиметр. Асосан, шабгард асту, ба ин васила, аз чанги даррандагон эмин мемонад. Ҳоло дар табиат тақрибан 150-тои ин парандаи нодир боқӣ мондаасту халос. 
Тӯтиҳо аз 15 то 80 сол умр мебинанд. Мутаассифона, қариб 130 намуди он дар ҳоли нестшавӣ қарор дорад. 
 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ҲУКМҲОИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
САНГИНТАРИН ҶАЗО
28 ҲУКМИ АБАД  ВА 1 ҲУКМИ ҚАТЛ 
Бобби Ҷо Лонги амрикоӣ барои силсилаҷиноятҳои куштор пай дар пай бо ҳукмҳое маҳкум ба зиндон шуд, ки дар умри сараш чунин ҷазоро иҷро карда наметавонад. Чунончи, суд ӯро ба як ҳукми 5-сола, чаҳор ҳукми 99-сола, як ҳукми қатл ва 28 ҳукми абад маҳкум кард. Бо назардошти умри миёнаи мардон дар ИМА, чунин ҳисоб шудааст, ки муҳлати умумии ҳабси Лонг бар иловаи як ҳукми қатл 2305 солро ташкил медиҳад. Албатта, иҷрои муҳлати ин ҷазо номумкин аст, вале дар таҷрибаҳои судии як қатор кишварҳои олам чунин меъёр амал мекунад ва он баробар ба ченаки ҷиноятҳои содиршуда арзёбӣ мешавад. 
 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
 
 
 
 
БЕРУН АЗ СИЁСАТ
МАЭСТРО  МАКРОН
Ҷавонтарин Президенти Фаронса дар таърих Эммануэл Макрон дӯстдор ва ошиқи пианино буда, ҳоло ҳам, хастагиашро тавассути мусиқӣ мебарорад. 
Ӯ барои омӯзиши пурраи навохтани пианино даҳ соли умрашро дар Консерваторияи Аменск паси сар кардааст. Вақте дар саҳнаҳои бузург бидуни ифшо кардани шахсияташ ба навохтан шуруъ намояд, на танҳо мухлисон, балки мусиқишиносон ҳам, аз ҳунараш дар ҳайрат мешуданд. Ҳамтоёни сиёсиаш дар ҳозиру ғоиб Макронро бо тахаллуси «Мотсарти кохи Елисей» вирди забон мекунанд.
Ёдовар шудан баҷост, ки аввалин ихтисоси шахси аввали Фаронса дар Донишгоҳи Нантер фалсафа буд.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
 
 
КӮДАКОНИ  МИЛЛИОНДОР
ЭШЛИИ МУҲТОҶ БА 100 ДОЛЛАР  ЧӢ ГУНА МИЛЛИОНДОР ШУД? 
Духтарчаи 14-солаи амри-коӣ Эшли барои дар вақтҳои холӣ бо коре машғул шудан,  сомонаи хеш Whateverlife-ро таъсис дод. Ҷиҳати анҷоми ин кор ба вай бештар аз 100 доллар лозим гардид. Духтарак дар  сомона иттилооти муфидро барои истифодабарандагони интернет ҷой дод. Матнҳои самимӣ, шеърҳо, сурудҳо ва аксҳои ҷолибро дар сомона истифода мебурд. Ин амали ӯ сабаби ҷалби духтаракони наврас аз тамоми дунё ба сомона гардид  ва Эшли тариқи он пул дарёфт мекардагӣ шуд. Пас аз се соли фаъолияти сомона ӯ миллиондор гашт.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
ПЕШВОЁНИ СИЁСӢ ВА ҲАҚҚИ ҚАЛАМ 
ЛЕОНИД БРЕЖНЕВ
АЗ 800 РУБЛ МАОШ ТО 180 ҲАЗОР ҲАҚҚИ ҚАЛАМ
Дар оғоз маоши расмии Котиби генералии КМ ПКИШ Леонид Илич Брежнев 800 рубл буд.  Бо ченаки муосир ин маблағ ба 150 ҳазор рубл баробар аст. Вай соли 1973 худро бо ҷоизаи Комсомоли ленинӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор рубл мушарраф гардонд. Маблағи мазкур дар он вақт пули басо зиёд маҳсуб мешуд, вале он дар қиёс бо ҳаққи қалами ниҳоят ҳангуфти Котиби генералӣ ночиз менамуд.
Л. Брежнев муаллифи асарҳои адабии «Малая земля»(Замини хурд), «Целина» (Замини нокорам)  ва «Возрождение» (Барқароршавӣ) дониста мешавад. Аз нашри онҳо ӯ 180 ҳазор рубл ва ҷоизаи Комсомоли лениниро дарёфт намуд. Ҳар кадоми ин китобҳо  бо теъдоди  бештар аз 15 миллион чоп гардидаанд. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
 
ТАВСИЯ
ЧӢ ГУНА АЗ ТАНБАЛӢ РАҲО ЁБЕМ?
 
5. АРЗИШҲО ВА ҲАДАФҲОЯТОНРО БОЗБИНӢ КУНЕД
Расидан ба ҳадафу орзуҳо талошу азхудгузаштанҳои зиёдеро металабад. Дар ин ҷо лозим аст, ки ба баъзе сахтиҳо тобовар бошем ва ҳадафи ниҳоиямонро фаромӯш насозем. Зеро дар ин ҳолат танбалӣ вориди роҳ мешавад ва моро ба бероҳагиҳо мекашонад. Пас, лозим аст, ки дар айни талош барои расидан ба ҳадафҳоятон гоҳе биистед, таҷдиди қувва ва паймон кунед. Яъне, мақсади аслиатонро ба хотир оред ва худро бовар кунонед, ки барои ба мақсад расидан ҳама корҳои лозимаро анҷом хоҳед дод. 
Метавонед аз худ бипурсед, ки зарурати ҳадафҳоятон дар чист? Он дар зиндагиатон чӣ аҳамият дорад? Оё ба танҳоӣ аз уҳдаи иҷрои мақсади ниҳоӣ мебароед? Оё ба ҳамроҳе ниёз доред? Дар сурати ҷавоб пайдо кардан ба ин суолот ҷиддан дунболи ҳадаф шавед.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
Ганҷи шойгон
ЯК ШАФОАТ
 
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳеҷ гоҳ аз гурӯҳҳое, ки ниёз ба дидору суҳбат ва пандаш доштанд, бо он ҳама хираду дониш, иззату мартаба, дурӣ намекард. Даъваташонро мепазируфт. Агар ҳам ба наздаш меомаданд, бо камоли майлу хоҳиш онҳоро қабул мекард. Муътақид буд, ки авбошу риндони муфсидаҷӯ ба шайхе, раҳнамое эҳтиёҷ доранд, то онҳоро ба роҳи рост бибарад. Яке аз авбошони румиро ба гуноҳе, ки карда буд, ҳукми қатл доданд ва бояд бар дораш мекашиданд. Он авбошро барои иҷрои ҳукм ба пойи дор оварданд. Бо шафоати Мавлоно ӯ наҷот ёфт ва роҳи дурустро пазируфт.
 
Китобати Абдулқодири Раҳим
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.02.2022    №: 29    Мутолиа карданд: 2943
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед