logo

иҷтимоиёт

РАШТ ШУКУФОН МЕШАВАД

 
Соли 2021 бо рӯйдодҳои муҳими таърихии худ дар лавҳи хотири мардуми кишвар ҷовидона сабт хоҳанд ёфт, зеро миллати тоҷик бо ҳидояту роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои азими сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ таҷлил намуд ва ин тантанаҳо дар саросари ҷумҳурӣ то имрӯз идома доранд.
Аз Паём то Паём ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи Рашт низ сол ба сол ободу зебо гашта, ҳоло ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. 
Сохта ба истифода додани зиёда аз 370 иншоот ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, асфалтпӯш намудани 87 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, пармакунии зиёда аз 22 чоҳи амудию хати оби нӯшокӣ ва чанди дигар аз корҳое мебошанд, ки тайи солҳои охир ба анҷом расонда шудаанд.
Дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2021 ба ноҳияи Рашт бинои нави Муассисаи таълимии № 35 деҳаи Шуле, бозори “Сияриён” ва нуқтаҳои хизматрасонии он, маркази савдои “Мираюб”, бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Навобод, бинои истиқоматии 5-ошёна ва боғчаи бачагона дар кӯчаи Эмом Муҳиддинови шаҳраки Ғарм мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар баробари навсозиву таъмири муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, айни замон, сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 82 (деҳаи Чорбоғ), № 7 (деҳаи Шулмак), № 18 (деҳаи Яшм), № 70 (деҳаи Варзигон), № 61 (деҳаи Шаҳринав), № 14 (деҳаи Ярхаб), № 105 (деҳаи Зиҳбед) аз ҷониби соҳибкорон ва саҳми аҳолӣ бомаром идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки саҳми шарикони рушд дар бунёди муассисаи таълимӣ назаррас буда, аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди хайриявии Тоҷикистон” дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 деҳаи Ҳоит сохтмони бинои нави замонавии дуошёна идома дорад.
Дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ солҳои 2019 – 2021 бинои 4 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Амирбек, Сияҳлояк ва Навдонак, Буни Сӯфиён ва Зарифӣ сохта ба истифода дода шуд.
Бо ҷалби маблағгузории шарикони рушд, аз ҷумла Барномаи тандурустии фонди Оғохон дар ноҳияи Рашт сохтмони бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Кочон, Ғарми Боло, Қалъаи Шайх ва Ниширён дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Бо маблағгузории Ташкилоти ҷамъиятии “Фонди хайриявии Тоҷикистон” бинои маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаи Нимичи Ҷамоати деҳоти Ҷафр ба истифода дода шуда, сохтмони таваллудхона дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит идома дорад. Шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, шуъбаҳои эҳё ва сироятӣ бо дастгирии шарикони рушд аз нав таъмир гардиданд.
Вазъи иҷтимоии оилаҳои камбизоат, шахсони яккаву танҳо, маъюбон, пирону барҷомондагон ва ятимон зери назорати доимии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Гузашта аз ин, ҷиҳати амалӣ намудани корҳои ободонии манзилҳои истиқоматии оилаҳои эҳтиёҷманд ва шахсони яккаву танҳо давоми солҳои 2019 – 2021 бо ҷалби маблағҳои хайриявӣ ва маблағҳои шахсони саховатпеша барои 10 оилаи эҳтиёҷманд манзилҳои зисти дорои шароитҳои замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2020 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ҷалби шахсони хайрхоҳ ба 3911 оилаи дорои шахсони маъюб ва камбизоату ниёзманд бо мақсади беҳгардонии шароити зист ва ободонии манзилҳои истиқоматиашон ба маблағи 2597,5 ҳазор сомонӣ (аз 500 то 1000 сомонӣ ба ҳар оила) ёрии молиявӣ расонда шуд.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ сохтмону навсозии бинои амфитеатр дар боғи марказии ноҳия ба анҷом расида, бо ҷалби кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар боғҳои фарҳангии маркази ноҳия ва шаҳраки Навобод гулгаштҳо бунёд ва амсилаи ҳайвоноти нодир насб шуданд. 
Бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар деҳаҳои Ярхаб, Навдонак, Қазноқ, Шулмак ва Поҷеи Поён биноҳои нави китобхонаҳо ва осорхонаи замонавӣ дар деҳаи Ҷафр сохта ба истифода дода шуда, сохтмони китобхонаҳо дар деҳаи Кадара, Варзигон, деҳаи Мусофирон идома дорад. Инчунин, дар 6 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмони китобхонаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Давоми солҳои 2019 – 2021 ҷиҳати дастрасии аҳолии шаҳраку деҳот бо оби нӯшокӣ ва полизӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша дар ноҳия 34 чоҳи амудӣ ва 2 канал бунёд шуд. Аз ҷумла, дар деҳоти Қалъанак 1 адад, деҳоти Нусратулло Махсум 10, деҳоти Қалъаи Сурх 5, деҳоти Ҳоит 1 ва шаҳраки Ғарм 3 адад чоҳҳои амудӣ кофта шуданд. 
Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва эълон гаштани солҳои 2022 – 2026  ҳамчун Солҳои рушди саноат дар ноҳия 22 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аҳли заҳмати ноҳия боварии комил доранд, ки бо дастгирии соҳибкорон ва сокинони бонангу номуси ноҳия дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои дарпешгузоштаашон мерасанд.
 
Муқимӣ Раҳимҷон НАБИЗОДА,
раиси ноҳияи Рашт, 
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси 
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2022    №: 30    Мутолиа карданд: 467
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед