сиёсат
АФҒОНИСТОН: КӮДАКОНРО МЕФУРӮШАНД. ЧАНД ҲАҚИҚАТИ ТАЛХУ АШКБОР
Аввал аксеро дар фазои маҷозӣ дидам, ки модари афғон дар картон эълони фурӯши духтарашро бо хати форсӣ навишта, дар кӯча нишастааст. Бовар накардам, гуфтам шояд сохтаанд, аммо вақте дар шабакаи телевизионии «Евронюс» бо чашмони худ дидам, ки занону мардон кӯдакон ва пиронсолон набераҳои ятимашонро ба фурӯш гузоштаанд, дилам реш шуд, дигар ҷойи шубҳа кардан намонд.
Вақте яке аз пирамардон бо журналист дар ин мавзуъ суҳбат кард, ҷаҳон пеши чашмонам торик гардид (суҳбат бо забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума шуда, ба эфир мерафт, аммо такаллуми пастовози форсии ӯро мешунидам). Мӯйсафед мегуфт: «То ҳол барои хӯрок ва сарпаноҳ тақрибан 500 доллар қарздор шудаам. Мехостам ӯро (ба духтарак ишора дошт) фурӯхта қарзҳоямро диҳам, барои чанд вақти дигар хонаводаро таъмин кунам, аммо ба бахти бади ман, духтарам афтода пояшро шикаст, бинед, акнун қарзамро чӣ гуна медиҳам?»
Азбаски ин манзара ба кас маҷоли таҳлилу баррасӣ ва баҳогузорӣ намедиҳад, беихтиёр гиристам. Пирамард дар бораи тифл чунон бо бепавроию лоқайдӣ харф мезад, ки на дар бораи фурӯши Инсон, балки гӯё дар бораи савдои молу колое сухан мегуфта бошад.
Воқеан, пойи рости духтарак гаҷбандӣ шудаву дар замин, дар сояи хаймаи муваққатӣ менишаст. Танҳо шикастани пойи тифли бегуноҳ сабаб шудаву ӯро ҳанӯз ҳам нафурӯхтаанд. Чашмони духтараки сабзина, ки шояд 5 ё 6 сол дорад, шуъла мезаданд, бечора заррае намедонад, ки сари ӯ чи савдо меравад, баъди фурӯш тақдираш чӣ мешавад?
Барои дарёфти ҳақиқати кулл ба шабакаҳои интернетӣ сар задам ва бо забони русӣ ба саволи «Как продают детей в Афганистане?» (Дар Афғонистон кӯдаконро чӣ гуна мефурӯшанд?) посух ҷустам. Ростӣ, ҳуш аз сарам рафт, зеро фурӯши тифлакон дар ин кишвар ҳанӯз аз моҳи сентябри соли гузашта оғоз шуда, дар сардии зимистон ба авҷи аъло расидааст. Бино ба гузоришҳо, СММ ҳанӯз соли 2018 бонги изтироб задааст, ки дар ин кишвар фурӯши тифлон ҷараён дорад.
Имрӯзҳо Афғонистон марҳилаи шадиди буҳрони худро паси сар мекунад, мувофиқи иттилои Фонди кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ (аз 23 августи соли 2021), дар ин мамлакат тақрибан 10 миллион кӯдак зиста, дар аксар мавридҳо ба сифати ғулом, коргар, хизматгузор, мардикор, хиштрез, пешхизмат, коргари кон ва дар даҳҳо корҳои сиёҳу сангин истифода мешаванд. Дар ин шабу рӯз онҳо ба бемориҳои вазнини инфексионӣ, бавижа пневмония ва кор (дар лотинӣ морбили, ки хавфноктарин вирус мебошад, ҳарорати кӯдак аз 40,5 дараҷа нафаромада, аввал роҳҳои нафасро маҳкам мекунад ва оқибаташ дар аксар ҳолатҳо марг аст) гирифтор буда, мутахассисони ин ниҳод пешгӯӣ мекунанд, ки аксари тифлони то панҷсола то баҳори оянда намепоянд.
Директори иҷроияи ЮНИСЕФ дар Афғонистон Генриетта Фор афзудааст, ки мо 65 сол боз инҷоем ва ҳолати имрӯза буҳронитарин вазъи аҳолии ин мамлакат, бахусус тифлон аст, ки собиқа надорад.
Даҳшат ин аст, ки дар «бозори кӯдак» аз ҳама бештар духтаракон «харидор»-и бисёр доранд ва қимат болои онҳо низ нисбат ба писаракон аз 1 то 2 ҳазор доллари амрикоӣ бештар аст. Фурӯхта шудан, як тарафи масъала, вале оянда чӣ шудани тақдири онҳо, махсусан, духтараконе, ки ҳанӯз аз даҳонашон бӯйи шир меояд, дилро абгор мекунад.
Дар ин бора хабару гузоришҳои чопиву видеоӣ ва мақолаҳо дар интернет чунон зиёданд, ки кас раҳгум мезанад. Воқеият ин аст, ки одамизод бо ҳама тараққиёти бемисли худ аз нав ба замони ғуломдорӣ, одамхӯриву одамфурӯшӣ расидааст.
Агар ба мантиқ такя кунем, ин ҷо гунаҳкор ҷустану ҳатто ба зудӣ ёфтани муҷримон осон аст. Масалан, хоҷагони хориҷии кишвари Афғонистон, ки ҷангро оғоз карданд, низоъ ангехтанд, баъзе аз собиқ роҳбарони беиродаву зархарид, ки дар ниҳоят ин рӯзро ба сари мардуми хеш оварданд, бозиҳои бузурги пасипардагии абарқудратҳо, ки ноамнии минтақаҳои бузургро ташкил ва бад-ин восита ба тақсими нави сайёраи Замин саргарманд, падару модари заифу сангдил, ки барои шикам бачаи худро мефурӯшанд ва боз садҳо омилу сабабгорони чунин фоҷиаи гӯшношунид. Вале ин ҳама айбҷӯиву гунаҳкорҷӯйиро сӯйе гузошта, иқрор шавем, муҷрими асосии он худи инсоният аст. Охир, ҳар касе, ки дар ниҳоят ҳамчун сабабгори ин фоҷиа таъину тасдиқ мешавад, боз ҳам одам аст, аз бани башар аст, мисли мову шумост. Дар ин ҷо кӯдаке, ки аз чунин рангу риё ва ғиромбозиҳои олам огоҳ нест, чӣ гуноҳ дорад? Ӯро падару модар барои чунин рӯзи сиёҳ офариданд? Ояндаи ӯ дар дасти кист? Ин саволҳо намегузоранд, ки ором бихобем, аз ин ҳама чашм бипӯшем ва бигӯем, ки охир он мулки мо нест, тифл аз мо нест.
Магар инсони имрӯз бо ҳама инкишофи бесобиқаи худ дар илму техника, рафтанаш то ба кайҳон, азхуд кардани сарватҳои зеризаминӣ, биноҳои азиму оламшумул ва иншооти осмонбӯси боҳашамат ҳаққи ифтихор дорад, вақте садҳо кӯдак дар ин фасли сармои шадид ташнаву гурусна дар хайма мехобад ва дарк мекунад, ки фардо барои як бурда нон фурӯхта мешавад? Бузургтарин иқтисоддони ҷаҳон Карл Маркс, ки бо ғояву назарияҳои фароақли одамӣ оламро дигар кард, дар як номааш менависад: «Дар ҳақиқат чизе барои ифтихор ва фахрӯшӣ нест. Ҳама чиз аз як рақобати ноодилона иборат аст. Бузургтарин барандагону муваффақони ҷаҳон бояд ба куллӣ дар қоидаҳои рақобат тан диҳанду бубинанд, ки шарофаташонро бохтаанд». Карл Маркс, ки бо идеяи марксистӣ дар ҷаҳон инқилоб овард, дар поёни хулосаҳои куллӣ ниҳоят ба инсони замони нав муроҷиат мекунад, ки ба шармандаю ҳечкора будани худ қоил шавад: «Расидан ба дараҷаҳои олии илму ҳунар ва дигар маҳоратҳо эътиборе надоранд, то замоне ки ҳатто як кӯдак бо сабаби нодороии падару модар дар пардохти хазинаи дабистон, гурӯҳи варзишӣ ва ҳунару маҳораташ нотавон монда, аз он дур мешавад. Имрӯз инсони ростин аз муваффақиятҳояш на фахр, балки шарм дорад ва ҳамин шарму номус бузургтарин инқлоб аст».
Дар ин маврид ёд овардан сазост, ки яке аз номаҳои навёфтаи Марксро дар музоядае бо нархи 52 ҳазор евро харидаанд. Аммо муаллифи нома паёмҳои ҷонсӯзашро ба фардо на бо он умед навиша буд, ки онҳоро ба савдо бароранду ба маънии аслии он кор надошта бошанд.
Имрӯз, воқеан ҳам, аз хурд то бузург ҳаққи ифтихор надорем, вақте дар он сӯи дарёи Панҷ, ҳамсоягони дерини мо, ҳамтаборони мо кӯдаконашонро мефурӯшанд.
Ба ин хотир, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар суханрониашон бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳам дар Паёми навбатиашон такрор ба такрор кишварҳои оламро ба ҳалли масъалаи Афғонистон давъат ва бетарафии ҷомеаи ҷаҳониро маҳкум карданд: «Имрӯз Афғонистон, мутаассифона, гирифтори буҳрони амиқи сиёсӣ ва гуманитарӣ мебошад, ки метавонад оқибатҳои ҷиддии дарозмуддатро ба бор оварад. Дар робита ба ин, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон расондани кумакҳои башарии мақсаднокро амри зарурӣ медонем».
Дар ин ҳол аз мо тақозо мешавад, ки ба қадри бузургтарин неъмат – озодиву осудагӣ бирасем ва маънию маҳаки аслии ин падидаҳои муқаддасро аз тифлӣ ба ҷону дил, ба ақлу ҳуш ва ба мағзи фарзандонамон ҷо кунем. Онҳо донанд, ки агар Истиқлол аз даст равад, озодиро бохтем, моро чӣ интизор аст. Барои насли нав дарси ибрат ҳамин авзои ноором ва муносибати бераҳмонаи одам ба одам аст, ки ҷараён дорад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.02.2022 №: 30 Мутолиа карданд: 544