logo

иҷтимоиёт

ДАР ҚАЛАМРАВИ СУЛҲУ ОРОМӢ

Ман ҳамчун омӯзгор аз он шодам, ки Пешвои миллат дар Паёми худ изҳор доштанд, ки «раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст». Ин барои мо ва миллат баҳои баланду арзишманд мебошад. Он, ҳамзамон, моро вазифадор месозад, ки ба сифати таълим диққати махсус бидиҳем, донишу таҷрибаамонро биафзоем. 
 
Мусаллам аст, ки бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабтару печидатар мегардад. Таҳдиду хатарҳо дар ҳоли афзудан мебошад. Мо бояд ин вазъро бишиносем, таҳлил карда аз он хулосаи дуруст бароварда битавонем. Ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ барои ҳар сокину шаҳрванди кишвар воҷибу ногузир мебошад. Пас, чӣ бояд кард? Ба ин пурсиш дар Паём посухи сазовор пайдо намуда метавонем. Нахуст, «бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем ва ҳамеша ҳушёру зирак бошем». Барои ба ин мақсадҳо ноил гардидан омӯзгор тухми меҳри Ватан ва ин сарзаминро дар замири дилҳои шогирдон бояд бипошад. Ин кори осон нест. Агар амали мазкур дар баробари доштани дониш аз рӯи муҳаббат сурат нагирад, наметавон муваффақ гашт. Яъне, омӯзгор нахуст худаш вазъи муосири ҷаҳонро дуруст дарк кунад, меҳру муҳаббаташ ба ин Ватан ва сарзамини аҷдодӣ сидқӣ бошад.
Омӯзгор бояд ба шогирдон фаҳмонда тавонад, ки мо аз чи гирдоби балову хун гузаштаем, ки ба ин Ватани имрӯз ободу зебо ифтихор мекунем. Барои расидан ба ин рӯзгори осоишта, истиқлол, ваҳдати миллӣ, ободӣ бо Сарварии муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон заҳматҳо кашидаанд, худфидоӣ кардаанд, муҳимтарин тадбирҳоро сари вақт андешиданд. Пешвои миллат изҳор доштанд: «Ба ҳамватанони азизам муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотиррасон месозам: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем».
Ҳамин тавр, бо дарки муҳимияти масъала тамоми тадбирҳоро меандешем, то хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ,  сарзамини аҷдодӣ, тарбияи дуруст биёбанд.
 
Суман САФАРОВА,
директори МТМУ № 7, шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2022    №: 30    Мутолиа карданд: 470
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед