иҷтимоиёт
БАСКЕТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО КУҶО РУШД КАРДААСТ?
Шоҳиди онем, ки дар шаҳри Душанбе барои оммавияти варзиш миёни сокинон майдончаҳои зиёди варзиш ба истифода дода шуда, аксари онҳо барои се намуди варзиш – футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки сокинон бештар ба футбол машғул гардида, ба ду риштаи дигар таваҷҷуҳ надоранд. Дар аксари майдончаҳо сабадҳои бозии баскетбол ва худи майдончаҳо вайрону валангоранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар кишвар риштаи олимпӣ – баскетбол оммавӣ нест. Чаро? Барои ҷавоб пайдо кардан ба савол, бозтоб ва муайян намудани вазъи воқеӣ ин мавзуъро пайгирӣ намуда, бо масъулони соҳа сари суҳбат нишастем.
НИҲОДИ ДАХЛДОР ЧӢ ҶАВОБ ДОД?
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, зимни як нишасти матбуотӣ дар робита ба ин чунин гуфт: «Федератсияҳои варзишӣ ташкилотҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Кумита ҳамчун мақоми давлатӣ дар назди ин ё он федератсия наметавонад вазифаҳои муайяну мушаххасро барои рушди соҳа вогузор намояд. Аз ҷумла, Федератсияи баскетбол тибқи имкониятҳои худаш нақшаҳои корӣ дорад ва саҳми худро дар рушди соҳа мегузорад».
- Барои рушди баскетбол чӣ бояд кард? Мо, аллакай механизмҳои нави корбариро таҳия намудем ва барои оммавияти ҳама намуди варзиш дар маҳал татбиқ карда истодаем. Воқеан, майдончаҳои варзишие, ки ҳастанд, барои футбол, волейбол ва баскетбол нигаронда шудаанд. Шояд таваҷҷуҳи мо барои рушди баскетбол камтар аст ё таваҷҷуҳи мардум, ки мутаассифона, майдончаҳо мақсаднок истифода намешаванд, - иброз дошт раиси кумита.
ФЕДЕРАТСИЯ ТАВАҶҶУҲ НАДОРАД!
Барои пайгирии мавзуъ ба Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии № 5-и шаҳри Душанбе оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ” барои суҳбат бо София Давидова, мураббии варзидаи риштаи баскетбол, рафтем. Вохӯрии мо бо ин мутахассис зимни баргузории мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба баскетбол миёни наврасон иттифоқ афтод. То пайдо шудани фурсати суҳбат бозии дастаҳои “Душанбе – 1” ва “Душанбе – 3”-ро тамошо кардам, ки баскетболбозони нав-раси “Душанбе – 1” ҳамсолонашонро шикаст доданд. Пас аз анҷоми ин қувваозмоӣ бо София Павловна мусоҳиба кардем.
Ӯ бо нигаронии ҷиддӣ гуфт, ки баскетбол миёни наврасону ҷавонон дар умум рушд надорад. Федератсияи баскетболи Тоҷикистон ба ривоҷи ин риштаи варзиш, махсусан, миёни наврасон таваҷҷуҳ намекунад. Танҳо мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон кӯшиш ба харҷ медиҳанд то баскетбол аз байн наравад.
- Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҳамагӣ 5 тим (се даста аз Душанбе ва ду тим аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ширкат дорад. Дастаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Суғд бисёр хоҳиши иштирок дар мусобиқаро доштанд, вале бо сабаби мушкилоти молиявӣ натавонистанд ширкат варзанд. Дар як сол ҳамагӣ 3 – 4 мусобиқа доир мегардад, бо вуҷуди ин тимҳо аз манотиқи дурдасти кишвар имкони иштирок пайдо намекунанд. Агар кор ба ҳамин минвол ҷараён гирад, аз куҷо метавон дар бораи рушди ин риштаи варзиш сухан гуфт, - зикр кард ҳамсуҳбати мо.
Мураббӣ аз он нигаронӣ кард, ки наврасонро бо заҳматҳои зиёд омода мекунанд, вале барои ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ дастгирӣ намекунанд. Илова бар ин, барои нафароне, ки машғули рушди баскетбол миёни кӯдакону наврасон ва ташкили тими миллӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, шароити хуб фароҳам нест.
- Миёни наврасон бозигарони хуб бисёранд. Бояд онҳоро дастгирӣ кард. Чанд сол шуд, ки мунтахаби мо дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат намекунад. Охирин мусобиқаи байналмилалие, ки мунтахаби наврасони мо иштирок кард соли 2019 дар Ханти-Мансийск (Россия) буд. Баскетболбозони кишвар дар равияи 3х3 мақоми дуюмро касб намуданд, - гуфт София Давидова.
Гуфтаҳои мураббиро метавон ба як ҷумла ҷамъбаст кард. Дар ҳоле ки ба рушди баскетбол миёни наврасон таваҷҷуҳ набошад, пас аз куҷо метавон барои рушди ин риштаи варзиш дар солҳои оянда фикр кард!
ЧАРО ТОҶИКИСТОН ДАР РАДДАБАНДИИ FIBA НЕСТ?
Тоҷикистон узви Федератсияи байналмилалии баскетбол (FIBA) мебошад, вале муддати тулонист дар мусобиқоти бузурге, ки таҳти сарпарастии ин созмон мегузарад, ширкат намекунад. Аз ин рӯ, ба раддабандии Ассотсиатсияи байналмилалии баскетбол тими миллии Тоҷикистон шомил нест.
Тими миллии баскетболи Тоҷикистон бори охир дар мусобиқоти байналмилалӣ соли 2005 дар Бозиҳои ҳамбастагии кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ) ширкат карда буд.
Вила Очилдиев, сармураббии вақти тими миллӣ, дар як суҳбат чунин гуфта буд: “Мо ба бозиҳо аз ҳисоби маблағи худамон рафта будем. Даста бе тайёрии ҷиддӣ дар мусобиқот иштирок намуда, миёни 19 тим мақоми 16-умро гирифт”.
Мураббиён мегӯянд, ки ба далели камбуди манобеи молӣ тими миллӣ имкони иштирок дар қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳонро надорад.
ЛИГА АЗ БАЙН РАФТ?
Бори аввал дар Тоҷикистон соли 2019 бо ширкати 8 тим («33», «Зуҳро», «Душанбе», «Фойтун», «Беркут», «Легендҳо», «Dizel Power», «DIS») Лигаи баскетбол таъсис ёфт. Ин дар ҳоле буд, ки то соли 2014 дар кишвар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи баскетболи Тоҷикистон баргузор мегардид.
Пас аз ин ҳаводорон бо итминон мегуфтанд, ки баскетбол дар кишвар рушд меёбад ва дастаҳо аз тамоми манотиқ дар лига ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар аввалин мавсим (2019 /2020) клуби «Душанбе» ғолиб омад. Мутаассифона, лига ҳамагӣ як мавсим бақо кард, ҳоло бошад, аз он дараке нест.
Дар иртибот ба ин, София Давидова чунин гуфт: «Бачаҳо дилгарм шуда буданд, ки лигаи касбӣ таъсис ёфт ва дар оянда онҳо метавонанд дар он ҳунарнамоӣ кунанд. Мутаассифона, он ҳамагӣ як мавсим арзи ҳастӣ кард. Воқеан, аламовар аст, ки вақте мо наврасонро тарбия мекунем, вале онҳо дар куҷо бозӣ карданашонро намедонанд. Аз ин рӯ, аксарият тарки ин шуғл мекунанд».
Котиби генералии Федератсияи баскетбол Наврӯз Умедов зимни суҳбат иброз дошт, ки лига бо сабаби пандемияи коронавирус қатъ гардид. Дар назар аст, ки имсол аз нав ба фаъолият шуруъ намояд.
Ин хабарро Мақсуд Ҳаётов, муовини раиси федератсия, тасдиқ намуда, гуфт, ки баргузории лига хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Ба ҳисоби миёна дар як бозӣ 2500 – 3000 сомонӣ харҷ мешавад.
НАҚШАИ ТАЪСИСИ АКАДЕМИЯИ БАСКЕТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН
Моҳи сентябри соли равон Макс Вилсон, менеҷери Ассотсиатсияи миллии баскетболи ИМА, бо мақсади омӯхтани шароит ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Федератсияи баскетболи Тоҷикистон ба кишвари мо омада, бо варзишгарону мураббиён ва намояндагони федератсия мулоқот намуд.
- Мо имкон дорем дар навбати аввал барои табодули таҷриба мутахассисонро аз NBA ба ин ҷо фиристем ва мураббиёну варзишгаронро аз Тоҷикистон ба ИМА сафарбар намоем. Сипас, бо дастгирии NBA шояд дар Тоҷикистон Академияи баскетбол таъсис диҳем, - гуфт М. Вилсон.
Намояндагони Федератсияи баскетбол, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Макс Вилсон барои омода кардани дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Бозиҳои Осиё – 2022 дар равияи баскетболи 3х3 (моҳи сентябри соли 2022, Ҳангжоу, Чин) ба мувофиқа расиданд.
- Тибқи маслиҳат соли оянда як ҳайат аз NBA (иборат аз бозигарон, мураббиён ва менеҷерон) ба Тоҷикистон меояд. Онҳо бо бозигарон, мураббиён ва доварон машғулият мегузаронанд, то касбияти онҳо баланд гардад, - зикр кард Мақсуд Ҳаётов.
МУШКИЛОТИ КАДРӢ
Дар кишвар қариб, ки мутахассисони соҳибтаҷриба нест. Барои баланд бардоштани маҳорату касбияти мураббиёну доварон семинар ва курсҳои омӯзишӣ гузаронда намешаванд, зеро танҳо бо ин роҳ метавонд касбияти онҳоро боло бурд.
Дар ҳамин ҳол, Бунафша Қаландарбекова, муовини ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, гуфт, ки ҳамасола аз рӯйи ихтисоси баскетбол Донишкадаро то 30 нафар хатм мекунанд. Тақрибан 50 дарсади онҳо ҳамчун муаллимони тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд.
Мутахассисон ба ин назаранд, ки сабаби асосии ин рушд надоштани баскетбол дар Тоҷикистон мебошад. Ва ба ихтисоси баскетбол нафарони тасодуфӣ дохил шудаанд.
НАЗАРЕ БА БАСКЕТБОЛИ КИШВАРҲОИ ҲАМСОЯ
Фаъолияти федератсияҳои баскетболи кишвар-ҳои ҳамсоя – Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар муқоиса ба Федератсияи баскетболи Тоҷикистон қиёснопазир аст. Фарқ аз замин то осмон. Дар ин мамлакатҳо чемпионат ҳам миёни мардон ва ҳам бонувон доир мегардад. Гузашта аз ин, равияи 3х3 низ рушд дорад. Ба ғайр аз Лигаи олӣ, боз лигаи якум низ дорад. Дар баробари ин, мусобиқоти зиёд миёни наврасону ҷавонон ва бонувон гузаронда мешаванд. Тимҳои мунтахаби наврасон ва асосии онҳо пайваста дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат мекунанд.
Тибқи иттилои сомонаи интернетӣ, тими миллии Ӯзбекистон иштирокчии 7-каратаи Чемпионати Осиё мебошад. Ва дар рейтинги FIBA дар мақоми 136-ум қарор дорад.
ЧӢ БОЯД КАРД?
Абдунасим Сатторов, шореҳи риштаи баскетболи телевизиони «Варзиш», ба ин назар аст, ки бозии баскетбол дар Тоҷикистон аслан рушд карда нест. Аз ин рӯ, система ва сохторе лозим аст, ки баскетболро дар масири ҳирфаӣ шудан қарор диҳад.
Ба андешаи коршиносон, барои пешбурди фаъолияти федератсияи намуди даставӣ аъзои федератсияро зарур аст, ки ба ҳайси раиси федератсия номзадеро интихоб намоянд, ки қудрати пешбурди фаъолияти федератсия, малакаи мененҷерӣ ва кор бо ташкилотҳои хориҷиро дошта бошад.
Чанде қабл Саид Холов раиси Федератсияи баскетболи Тоҷикистон интихоб гардид. Вале, то ҳол ягон пешравӣ ба назар намерасад.
Аз ин рӯ, инҷониб барои рушди ин риштаи варзиш чунин пешниҳодҳо дорам:
- Пеш аз ҳама, ба рушди баскетболи наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ диҳанд. Чунки рушди баскетболи кӯдакона заминаи воқеӣ барои ояндаи ин ришта аст. Мо инро аз кори дурусту ҳадафмандонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон дида истодаем;
- Мураббиёне, ки бо кӯдакону наврасон ва тимҳои мунтахаб фаъолият мекунанд дастгирӣ шавад;
- Федератсияи баскетболи кишварро зарур аст, ки бо Федератсияи байналмилалии баскетбол ва қоравӣ ҳамкориро дар сатҳи хуб ба роҳ монанд, зеро дар сурати тақвияти ҳамкориҳо аз ҷониби федератсияҳои байналмилалӣ ба Федератсияи баскетболи Тоҷикистон кумакҳои зиёд карда мешавад. Гузашта аз ин, кишвари мо мизбони мусобиқоти байналмилалӣ интихоб мегардад, ки ба нафъи мост;
- Барномаи махсуси миёнамуҳлат бояд қабул кард;
- Корҳои тарғиботию ташвиқотиро зиёд намояд. Аз ҷумла, сомонаи худро дошта бошад;
- Федератсия бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ ҳамкориро ҷоннок намояд.
Дуруст аст, барои ҳамаи ин маблағ лозим. Бо итминон метавон гуфт, ки агар ин корҳо дар қадами аввал муваффақона амалӣ гардад, сарпарастон худ пайдо мешаванд. Гузашта аз ин, баскетбол ба яке аз намудҳои варзиши дӯстоштании сокинон табдил меёбад, зеро ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ дорои толор ва майдончаи баскетбол мебошанд.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
“Ҷумҳурият”
Р.S. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни вохӯриашон бо ҷавонон (21 майи соли 2021) ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш супориш доданд, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпӣ ва федератсияҳои соҳавӣ навъҳои мухталифи варзишро васеъ ҷорӣ карда, ҷиҳати баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Ва чунин таъкид карданд: «Роҳбарону масъулони соҳа бояд ба куллан беҳтар кардани фаъолияти баъзе федератсияҳо, тарбия кардану ба камол расондани варзишгарони касбӣ, истифодаи самараноки иншооти варзиш ва нигоҳубини онҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд».
Қаблан, Сарвари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ (14.02.2018) фаъолияти баъзе федератсияҳои варзиширо сахт интиқод намуда, гуфта буданд, ки баъзеи онҳо ба ном таъсис ёфта, вале дар амал, махсусан, дар самти омода кардани варзишгарони касбӣ ва таъмин намудани иштироки онҳо дар мусобиқаҳои бонуфуз ташаббус нишон намедиҳанд. Бар замми ин, донишу малакаи мураббиёне, ки ба ин федератсияҳо ҷалб мешаванд, ба талабот ҷавобгӯ набуда, аксари онҳо ба такмили маҳорату таҷрибаи варзишӣ ниёз доранд.
Аз байн чор сол гузашт, мутаассифона, вазъ то ҳол нигаронкунанда боқӣ мондааст. Агар фаъолияти 54 федератсияро нигарем, мебинем, ки аксари онҳо дар мисоли Федератсияи баскетбол ягон пешравӣ надоранд. Гузашта аз ин, федератсияҳо қароргоҳ як тараф истад, ҳатто, ҳуҷраи корӣ надоранд…
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.02.2022 №: 30 Мутолиа карданд: 485