logo

иҷтимоиёт

АНТИБИОТИКҲО. ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ОНҲО ШАРТИ ҲАТМИСТ

Ҳафтаи равон бо дастгирии Ташкилоти ҷамъиятии “Авесто”, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  раёсати тандурустӣ  барои табибони оилавӣ  семинар ва омӯзишҳо  гузаронда шуданд. Имрӯз проблемаи муқовимат ба зидди микробҳо глобалӣ мегардад. Пайдоиши муқовимати зиддимикробӣ дар саросари ҷаҳон ва дар доираи васеи микроорганизмҳо мушоҳида гардидааст. 
Паҳншавии ин падида афзуда, ба саломатии ҳам одамон ва ҳам ҳайвонот таҳдид мекунад. Оқибатҳои фаврии сироят бо организмҳои тобовар метавонанд ҷиддӣ бошанд, аз ҷумла давомнокии тулонии беморӣ, афзоиши фавт, дар беморхона бистарӣ будан, муҳофизати сусти беморон аз сироят ҳангоми ҷарроҳӣ ва дигар расмиёти тиббӣ ва афзоиши хароҷоти табобат.
Тоҷикистон дар байни 12 мамлакати ғайриаврупоӣ ҷойи сеюмро оид ба устувории антибиотикҳо ишғол менамояд.
Дар 29 кишвари минтақаи Аврупо ҳар сол тақрибан 25 000 нафар аз сироятҳои муқовимат ба антибиотикҳо мефавтанд, ки аксари онҳо дар беморхонаҳо рух медиҳанд. Ин боиси хароҷоти назарраси саломатӣ дар натиҷаи бистарӣ дар беморхона дарозтар ва хароҷоти баланди табобат бо хароҷоти мустақим ва ғайримустақим ба ҷомеа мегардад.
Муқовимати зиддимикробӣ маънои онро дорад, ки бактерияҳо ба мавҷудияти антибиотикҳо мутобиқ мешаванд ва афзоишро идома медиҳанд. 
Дар Тоҷикистон доруҳои зиддимикробӣ бештар аст. Гузашта аз ин, дар бисёр мавридҳо ин доруҳо оқилона таъин карда намешаванд. Дар табобати беморони гирифтори патологияи сироятӣ сатҳи хеле пасти истифодаи санҷишҳои ҳассосият вуҷуд дорад. Дастрасии густурдаи аҳолӣ ба доруҳои зиддимикробӣ, таҷрибаи бе дорухат аз дорухонаҳо додани онҳо низ ба паҳншавии муқовимати зиддимикробӣ мусоидат мекунад. Илова бар ин, дар аксар мавридҳо  аҳолӣ ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд. 
 Инчунин, дар интернет маълумот дар бораи табобат кардани худ бо антибиотикҳо метавон пайдо кард.
Дар Тоҷикистон антибиотикҳоро на танҳо барои табобати одамон, инчунин, дар тибби байторӣ, махсусан дар чорводорӣ, гӯшту шир ва саноати хӯрокворӣ, ҳам барои табобати бемориҳои ҳайвонот ва ҳам барои ҳавасмандгардонии афзоиш васеъ истифода мешаванд.
Тавсияҳо ба аҳолӣ оид ба истифодаи антибиотикҳо.
Устуворӣ ба доруҳои зиддимикробӣ хатари ҷиддии глобалӣ маҳсуб мешавад ва агар ин хатар пешгирӣ нагардад, пас, сироятҳои одӣ аз нав ба ҳаёти ҳаррӯза хавф меоранд.
 Ташкилоти  ҷаҳонии тандурустӣ огаҳ менамояд:
1. Доруҳои зиддимикробиро танҳо бо тавсияи табибон бояд қабул намуд.
2. Беасос қабул намудани антибиотикҳо ба устувории бактерияҳо мерасонад.
3. Антибиотикҳо барои табобати бемориҳои вирусӣ бесамар мебошанд.
4. Танҳо он доруҳои зиддимикробиро қабул бояд намоед, ки табибон тавсия медиҳанд.
5. Меъёри доруҳои зиддимикробиро низ мувофиқи тавсияи табибон бояд қабул намуд.
6. Ваксинатсия шуморо аз устувории зиддимикробӣ муҳофизат менамояд.
 
Комилҷон КАБИРОВ,
табиби оилавии Маркази саломатии
шаҳрии № 1-уми шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.02.2022    №: 30    Мутолиа карданд: 435
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед