Хабарҳо
ШАҲРИ ВАҲДАТ. ТАВАҶҶУҲ БА РУШДИ САНОАТ ТАВСЕА МЕЁБАД
Сокинони шаҳри Ваҳдат барои ободу зебо гардондани як гӯшаи Ватани хеш бо дилу нияти нек ва бо ҳисси баланди ватандӯстию ифтихормандӣ дар ободонии шаҳр дастаҷамъона талош доранд.
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша, шаҳраку деҳоти он рӯз ба рӯз зебо гашта, бунёди иншооти муҳими таъиноташон гуногун, инчунин, таъмиру навсозии роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳо ба шаҳр ҳусни нав зам намудаанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият ва ваҳдати миллӣ, баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим, ба эҳёву рушди саноат таваҷҷуҳи махсус равона менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022-2026-ро Солҳои рушди саноат эълон доштанд. Гузашта аз ин, саноатикунонии босуръати кишвар бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар равнақу ривоҷи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳадафи чоруми миллӣ эълом гаштаанд.
Имрӯзҳо, баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, дар шаҳри Ваҳдат низ ба соҳаи саноат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Аз ҷумла, бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 34 корхона дар назар дошта шуда, то ин замон 29-тои он мавриди истифода қарор гирифт ва беш аз 4380 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кори муваққатӣ ва доимӣ шуд. Заводи гидрометаллургӣ, фабрикаи ғанигардонии маъдан (заводи тилло), сехҳои коркарди пахта ва чӯбу тахта, 14 сехи хишти пухта, 11 сеху корхонаи дӯзандагӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Маврид ба зикр аст, ки корхонаҳои мазкур аз ҳисоби сармояи хориҷӣ, буҷети шаҳр ва дастгирии соҳибкорони ватандӯсти шаҳраку деҳоти Ваҳдат бунёд ёфтаанд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 519