сиёсат
“ҲУКУМАТ ЧАНД БОР ҶИНОЯТҲОИ МОРО БАХШИД, МО ЧӢ КОР КАРДЕМ?!”
МУРОҶИАТНОМАИ АЛОВАТШОЕВ АМРИДДИН БА САРКАРДАГОНИ ГУРӮҲҲОИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ
Ман, Аловатшоев Амриддин Бозорович, соли таваллудам 1977. Зодаи деҳаи Пастарасти ноҳияи Роштқалъа мебошам. Оиладор, соҳиби ду фарзандам. Солҳои 1985 то 1995 дар мактаби № 26-и ноҳияи Роштқалъа хондам. Маълумоти олӣ дорам. Соли 1996 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Сайидмуъмин Раҳимов дохил шуда, соли 2000-ум онро хатм кардам. Соли 2008 барои ҷинояти авбошӣ ду сол аз озодӣ маҳрум шудам. Баъди ба озодӣ баромадан, ба Россия рафтам. Соли 2014 ба Роштқалъа баргаштам, толори варзиш кушодам. То соли 2018 шогирдонро машқ медодам. Ман бисёр фикр мекунам, дар маҳкама вақти зиёди фикр кардан ҳам дорам.
Аз худ мепурсам, чаро ҳаёти ман ин хел шуд? Ман бисёр имкониятҳои зиёд доштам, ки инсони намунавӣ шавам. Маълумоти олӣ гирифтам, варзишгар будам ва ба ҳамин касб машғул будам. Шогирдонро тарбия мекардам. Лекин, ин хел нашуд. Ҳамин муҳити ҷиноятӣ дар Роштқалъаю Хоруғ чанд ҷинояткоре, ки дар ҳаёташон ягон кори неке накардаанд, дасти касеро нагирифтаанд, ба ман таъсир карду ман “афтаритет”-и ҷиноятӣ шуданро аз устоди варзишӣ будан боло донистам.
Соли 2018 дар шаҳри Хоруғ митинг шуд. Ман ҳамчун роҳбари гурӯҳ, ҷавонони гумроҳи Роштқалъаро ҷамъ карда, ба Хоруғ рафтем. Дар он ҷо бетартибӣ кардем. Бинои ҳукумати вилоятро бо зӯрӣ ишғол кардем. Дару териза, компютеру дигар таҷҳизоти идораро шикастем. Пештара раиси вилоят Шодихони Ҷамшедро таҳқир кардем, суханони бад задем, ҳамон шаб Толиб, Мунаввар, Ёдгор, Матлаб ва Қаноат ҳам буданд. Мо дар ҳақиқат ҳамин ҷиноятро кардем. Пас дар назди қонун ҷавоб додан даркор аст. Моро ҳамроҳи Толиб, Ёдгор, Боқир ва Хурсанду Мунаввар ба прокуратураи вилоятӣ даъват карданд. Дар он ҷо забонхат додем, имзо кардем, ки дигар даст ба ҷиноят намезанем.
Баъди ин ман боз ба Россия рафтам. Вале ҳамарӯза аз Толиб, Айёмбек ва Зиёбеков Гулбиддин вазъиятро дар Хоруғу Роштқалъа мепурсидам. Моҳи феврали соли 2020 Зиёбеков Гулбиддин ба ман занг зада, гуфт, ки як духтари ноҳия номашро ҳам намедонам, бо як корманди прокуратураи ноҳияи Роштқалъа гап мезадааст. Гулбиддин бачаи тағоим аст. Ман ба Гулбиддин гуфтам, ки ҳамон корманди прокуратураро қапед ва ба зӯрӣ маҷбур кунед, ки худро гунаҳгор гӯяд ва ӯро ба навор гиреду ба телефони ман партоед. Баъд Гулбиддин наворро ба воситаи телефон ба ман равон кард. Тамошо кардам, дидам, ки прокурор аз тарс ва шиканҷа худро гунаҳгор донист. Мо аз ин корамон хурсанд шудему онро барои забонкӯтоҳ ва шарманда кардани мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар интернет партофтем. Пас аз чанд рӯз Гулбиддин занг зада, гуфт, ки нисбат ба ӯ ва чанд нафар рафиқонаш мақомот парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст ва ба онҳо даъватнома фиристодааст.
Ман ба ӯ гуфтам, ки ба ягон ҷой наравад. Акнун фаҳмидам, ки ҳамаи ин корҳои ман хато будааст. Имрӯз оқибаташро худам медонаму тамом. Зану фарзандам дар як ҳолати ногувор монданд. Ана оқибати кори кардаам, ки ин лаҳзаҳо ба ҷойи дар назди фарзандонам будан, дар паси панҷара ҳастам. Ману Гулбиддин дидаву дониста ҷиноятро содир кардем, ин кори мо боиси ноором гаштани вазъият дар шаҳри Хоруғ шуд. Даҳҳо нафар паси панҷара рафтанд. Зану кӯдакони онҳо бесарпаноҳ монданд. Афсӯс, хатоии худро дер фаҳмидам. Ман аз падару модарони онҳо ва аз модари Гулбиддин бахшиш мепурсам. Ман ҳамроҳи Ораз, Амид, Маҳмадёр ва чанд нафар аз шариконам дар рӯзҳои нооромии шаҳри Хоруғ дар моҳи ноябри соли гузашта дар Москва дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон митинг ташкил кардем. Дар ҳамин ҷо моро дигарон истифода карданд. Баъд аз ин фаҳмидем, ки қонунҳои Россияро низ вайрон кардем ва 11 январ бо ҳамроҳии Муҳиб, Иззат, Мусаммир, Солим, Шукруллобек, Мӯсо ба Украина рафтанӣ шудем. Вақте ки наздики сарҳади Украина расидем, ба мо гуфтанд, ки санҷиш бисёр сахт аст. Ва дуртар аз хати сарҳад шабро гузарондем. Ман шаби дароз фикр кардам, ки гузарам ҳам то ба кай гуреза мешавам. Дур аз фарзандон, оила, хешу табор. Ман медонистам, ки мақомот маро дар кофтукоб эълон кардааст. Рӯзи дигар ҳамроҳонамро гуфтам, ки то ба кай гурез - гурез мекунам. Ман ба Тоҷикистон бармегардам. Дар пеши қонун ҷавоб мегӯям ва дар назди оила ва хешу таборам мемонам. Баъд аз ин ба Москва баргашта, билет харидам ва ба Душанбе парвоз кардам. Худро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдам. Бовар дорам, ки худро ихтиёрӣ ба мақомот супурдан ба ман сабукӣ медиҳад. Дар маҳбас муносибат бо ман аз рӯйи қонун аст. Касе маро азоб намедиҳад. Ягон камбудӣ надорам. Ҳатто, аз хабарҳои ҳаррӯза хабардор мешавам. Хабар дорам, ки чӣ гуна гурӯҳҳои иғвоангез барои мардумро раҳгум кардан аз номи ман истифода мебаранд.
Алиев Шерзамон дурӯғ мебофад, ки гӯё ман аз зарби латукӯб ду рӯз беҳуш будам. Ин аблаҳӣ аст. Ту аз куҷо медонӣ, ки бо ман мисли инсони комил муносибат мекунанд. Ин шумоед, ки мардумро ноором месозед. Ӯ аз қафои лайкҳои худаш, ҳизби террористияш парво надорад, ки зану фарзандон ва наздикони ман дурӯғи бофтаи ӯро хонда ба кадом ҳол гирифтор мешаванд.
Дирӯз муроҷиатномаи Боқирро хондам. Аз номи тамоми мардум гап мезанад. Мисли он ки як ҷинояткор неву як дилсӯзи халқ бошад. Боқир, агар дигарон туро надонанд, ман туро нағз медонам, ки мову ту Хурсанду Мунаввар, Зоҳир ва Толиб ба чи амалҳои нангин даст задем ва вазъияти Хоруғро ба ҳамин аҳвол расондем. Боқир биё мардона иқрор шавем. Мо ба ғайр аз ҷиноят чӣ кори хуб кардем, чӣ фоида ба мардуми одӣ расидааст? Дар як ҷо мешиштем, суҳбат мекардем ба ғайр аз иғвогарӣ, бадном кардани Ҳукумат, бадбинӣ ба кормандони сохтори ҳифзи ҳуқуқ, бероҳа кардани ҷавонон боз чӣ кор кардем?
Ростӣ, мардуми шаҳри Хоруғ аз ману ту барин “афтаритет”-ҳо безор шудаанд. Бас будагист, ба қонуни ҷангал зиндагӣ кардан. То кай мардумро азобу ташвиш медиҳем. Як бор аз худат пурс, ки чаро барои ҷиноятҳои ману ту дигарон дар азоб бошанд. Ҳамаи ҷиноятҳои мо бас буд. Боз ту аз худат як шахси бегуноҳ метарошиву баромад мекунӣ ба ҷойи он ки аз мардум барои ин қадар азобҳо бахшиш пурсиву худатро ба мақомот супорӣ.
Ман бисёр фикр кардам, ҷавононе, ки шабҳо туро “охранят” мекунанд барои эҳтироми ту ин корро намекунанд. Аз раҳгумзадагӣ онҳо низ мисли ману ту ба роҳи хато рафта истодаанд. Мо тамоми Хоруғро ба ҷинояткорӣ олуда кардем. Ҷавононро ба ҷойи ба роҳи дуруст бурдан, тарбия кардан аз дасти падару модарашон гирифтему ҷинояткор кардем. Ҷамоат пагоҳ моро намебахшад. Ин кори мо аз рӯйи мардӣ нест. Боқир, ту ҳақ надорӣ ҷони онҳоро дар хатар монӣ! Имрӯз давлат қудрате дорад, ки дар як шаб ҳазор ману ту барин ҷинояткорро дастгир карда, дар рӯбарӯи қонун рост мегузорад. Мову ту ва ҳамон Хурсанду Мунавварро давлат сад маротиба бахшид. Аз гуноҳамон гузашт. Вале мо ваъдахилофӣ кардему боз ҷиноят содир кардем. То кай моро бахшанд! Ман фикр мекунам ҳоло ҳам дер нашудааст. Чоршанбе Чоршанбиев фаҳмид, Мусиршоев Амрано ва дигар ёрони онҳо фаҳмиданд. Чаро ту фаҳмидан намехоҳӣ? Боз мехоҳӣ, ки чанд ҷавони гумроҳ қурбони гапҳои дурӯғу фиреби ту шуда, ҳаёташонро сӯзонанд?
Мо барои мардуми Хоруғу вилоят ҳеҷ коре накардем. Эй Боқир, як бор чуқур фикр кун, ки чӣ кор кардаӣ ба ҷуз аз садҳо ҷиноят, таҳқири мардуми одӣ, авбошӣ. Боқир, мо ку ҷавон ҳастем, беақлӣ кардем ту бо ҳамин синну солат шарм накардӣ, бо ҳамин синну солат ба сари як омӯзгор даст бардоштӣ, мардӣ ҳамин аст?
Такрор ҳам шавад мегӯям, ки мо ва шахсан худатро Ҳукумат чандин бор барои ҷиноятҳоямон бахшид, имкон дод, ки оромона кор ва зиндагӣ кунем, лекин ману ту дар қавламон наистодем. Бас аст. Биё мард бошӣ мисли ман тавба кун. Ҳоло ҳам дер нашудааст, худро супору ҷони дигаронро дар хатар нагузор. Саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ бояд инро донанд ва барои ҳар амали ҷиноятии худ дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Ана ҳамин хотирбиниҳо ва гузаштҳои Ҳукумат буд, ки ҷинояткорон солҳои дароз беҷазо монданд. Биёед дигар бо кирдорҳои авбошонаи худ ба кори мақомот ва мардуми одӣ халал нарасонем.
Ба фикрам роҳи дигар нест. Давраи бахшишҳо гузашт. Ҳама бояд ба қонун итоат кунанд, Хоруғ ҳам мисли дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриямон бояд шаҳри орому обод шавад. Аз тамоми мардуми Бадахшон, минҷумла шаҳри Хоруғ, хоҳиш мекунам, ки ба суханони иғвоангезонаи Боқиру Мунаввару Хурсанду Толиб дода нашаванд. Ҷавонон бояд аз қафои ҷинояткорон нараванд, хонанд, машқ кунанд, ояндаи худро мисли ман талх насозанд.
Ман аз кардаам сахт пушаймонам, ҳазорон маротиба тавба кардам, дигар ба ҷиноят даст намезанам. Ба озодӣ бароям, ба хизмати зану фарзанд ва наздиконам машғул мешавам. Агар тавонам, заррае ҳам бошад, ба Ватан хидмат мекунам.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.02.2022 №: 31 Мутолиа карданд: 1522