номаҳо
ЗАМИН. МАН ОБОД КАРДАМ, АКНУН БА ОН ЧАШМ АЛО МЕКУНАНД…
Дар назди хоҷагии деҳқонии Ғаззи деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич 0,21 гектар замини иҷоравӣ дорам. Дар муддати 12 сол ин ҷо 60 бех ниҳоли сояафкан ва мевадиҳанда, ҳамчунин, ток сабзондам. Соли 2020 ба маблағи 11 ҳазор сомонӣ аз масофаи 700 метр хатти об кашидам. Аммо Абдуназар Маъмуров, сокини деҳаамон, бо ҳар роҳу усул мехоҳад ин заминро аз ман бигирад. Ӯ замини зиёд, чорвои хурду калон ва чоҳи амудӣ дорад. Бар замми ин, боз мехоҳад ҳамин қитъаи замини ба ман вобасташударо низ аз худ кунад.
Ӯ соли 2020 барои замини мазкур ҳуҷҷатгузорӣ карда, қариб буд замини бо арақи ҷабин ободкардаамро гирад. Ҳол он ки ман андози заминро пурра супурда будам ва касе хуқуқ надошт, ки ҳадди ақал, то охири сол заминро аз худ кунад.
Дар оғози соли 2022 чунин даъво боз бархост. Ин дафъа Абдуназар Маъмуров ба сохтакории ҳуҷҷатҳо сар кард. Кенҷабой Ҳомидов, раиси вақти хоҷагии деҳқонии Ғазз, таҳти фишор ҳуҷҷатҳои заминро бо таърихи гузашта қалбакӣ омода кардааст.
Маҷбур шудам, ки ба раиси ноҳияи Деваштич Ашӯр Ҷалилзода муроҷиат намоям. Бо мусоидати раис оид ба ҳуқуқи истифодаи замин аз 10 сентябри соли 2021 қарори нав гирифтам, ки ҳоло дар дастам ҳаст. Аз қарори нави раиси ноҳия се моҳ ҳам нагузашта, боз даъвоҳои беасоси Абдуназар ба замин сар шудааст. Мувофиқи ин ҳуҷҷат, замин 19 соли дигар бояд дар ихтиёри ман бошад, зеро онро оқилона истифода бурдаму боз истифода мебарам. Дар такя ба ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягон ваҷаби ин заминро бекор намегузорем. Агар бовар накунанд, аз ноҳия комиссия ташкил карда оянд ва бинанд, ки ин як гӯшаи хурд чӣ қадар обод шудааст. Хати обе, ки бо ранҷ кашида овардем, боиси шодоб гардидани замини наздиҳавлигии ҳамсояҳо низ гардид.
Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки Абдуназар Маъмуров бо масъулони сохторҳои дахлдоре, ки бояд барои ҳалли ин баҳс мусоидат кунанд, ба қавле «забон як» кардааст. Аз ин рӯ, хостам арзамро тавассути минбари рӯзномаи бонуфузи «Ҷумҳурият», ки дар ҳалли бисёр мушкилот ва баҳсҳое ба ин монанд мусоидат кардааст, ба самъи масъулон расонам, то дар ҳалли баҳси мо низ пойбанди қонун ва боадолат бошанд.
Ҷасур АБДУРАҲМОНЗОДА,
сокини деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.02.2022 №: 31 Мутолиа карданд: 11306