Хабарҳо
«АБУРАЙҲОН БЕРУНӢ – МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ МАШРИҚЗАМИН»
Абурайҳон Берунӣ яке аз бузургтарин олимҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс буда, дар омӯзиш ва рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақши бориз дорад. Ин нукта дар конференсияи илмӣ - назариявии байналмилалӣ, ки ба ифтихори 1050 – солагии олими барҷаста дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид, зикр шуд.
Дар он намояндагони Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сафоратхонаҳои Ӯзбекистону Эрон дар шаҳри Душанбе ва бо тариқи онлайнӣ олимону муҳаққиқон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки миллати тоҷик тули таърихи чандинҳазорсолаи худ бисёр абармардони фарҳангу тамаддун ва нобиғагони илму маърифатро ба дунё овардааст, ки бо осори ҷовидонаашон на танҳо ба халқу кишвари худ хизматҳои пурарзиш анҷом додаанд, балки дар рушду нумӯи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштаанд.
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 681