Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
RT. Владимир Путин тарҳи маҷмуавии посухи Россияро, ки Вазорати корҳои хориҷӣ оид ба кафолатҳои амниятӣ омода кардааст, тасвиб кард.
ТАСС. Президенти Россия Владимир Путин дар Кремл бо Канслери Олмон Олаф Шолс дидору гуфтугӯ мекунад. Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи ду сиёсатмадор хоҳад буд.
RT. Вашингтон бо изҳороти вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров дар бораи он ки ҳанӯз фурсатҳое ҷиҳати ҳалли мушкилоти амниятӣ аз тариқи музокира вуҷуд доранд, розӣ шуд. Тавре сухангӯйи Пентагон Ҷон Кирби таъкид кард, барои ҳалли дипломатии буҳрон дар атрофи Украина “вақт ва фазо” вуҷуд дорад.
РБК. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш бо Сергей Лавров - вазири корҳои хориҷии Россия ва Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, гуфтугӯйи видеоӣ анҷом дода, «нигаронии ҷиддӣ» - и худро дар бораи афзоиши таниш дар атрофи Украина иброз кард.
Lenta.ru. Департаменти давлатии ИМА бо нигаронӣ аз ҳузури васеи неруҳои низомии Россия дар марзи Беларус бо Украина аз шаҳрвандони кишвараш хост, ки фавран Беларусро тарк кунанд.
АИР «Новости». Раиси Шурои давлатии Италия Франко Фраттини мушкили ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Москваро дар эҳтиёҷ доштан ба гази Россия донист.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 599