Хабарҳо
Президенти Бразилия меҳмони Москва мешавад
ҶАҲОН
Президенти Бразилия меҳмони Москва мешавад
ТАСС. Президентони Россия ва Бразилия Владимир Путин ва Жаир Болсона дар ҷараёни мулоқот дар Москва равобити дуҷониба ва доғтарин мавзуъҳои рӯзномаи ҷаҳониро баррасӣ хоҳанд кард. Бино ба иттилои Дмитрий Песков, котиби матбуоти Президенти Россия, сафари расмии Болсона ба пойтахти Россия 16 феврал сурат мегирад.
Песков, инчунин, таваҷҷуҳи худро ба рӯзномаи хеле ғании дуҷониба, аз ҷумла баррасии бахшҳои эҳтимолӣ, ки дар онҳо ҳамкориҳоро метавон боз ҳам амиқтар густариш дод, ҷалб кард.
Лукашенко хостори даргирии низомӣ дар Украина нест
Лента.ру. Президенти Беларус Александр Лукашенко изҳор дошт, ки Беларус дар ташдиди равобити Россия ва Украина даст надорад ва, ҳамчунин, барои тезутунд намудани ин ихтилофот талош намекунад.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, кишвараш намехоҳад бо шаҳрвандони Украина ҷанг кунад ва, ҳамчунин, дар ин муқовимат "кӣ ҳақ асту кӣ ноҳақ"-ро бифаҳмад. Мо пайванди хешутаборӣ дорем, ҳамсоя ҳастем ва бояд дар руҳияи неки ҳамсоядорӣ муносибат кунем.
Россия, ИМА, НАТО ва баҳси кафолатҳои амниятӣ
Российская газета. Владимир Путин дар Кремл бо вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров посухҳои Россия ба Амрико ва НАТО дар бораи кафолатҳои амниятро баррасӣ кард. Лавров ба Президент гуфт, ки дар бораи пешниҳодҳои калидии Федератсияи Россия дар ин масоил посухи Вашингтон ва Брюссел манфӣ аст.
Президент дар навбати худ аз Лавров пурсид, ки оё имкони ба даст овардани созиш бо ИМА ва НАТО дар мавзуъҳои мавриди нигаронии Россия вуҷуд дорад? Ё ин танҳо фақат талошест барои кашидани мо ба як раванди музокироти беохир, ки ҳеҷ як хулосаи мантиқӣ надорад?
Вазири корҳои хориҷӣ зикр кард, ки Россия ва шахсан Президент борҳо шариконро дар бораи мақбул набудани суҳбатҳои беохир оид ба масъалаҳое, ки имрӯз бояд ҳал шаванд, ҳушдор додаанд. "Аммо ба ҳар ҳол, ба унвони роҳбари Вазорати корҳои хориҷӣ бояд бигӯям, ки ҳамеша имкон ҳаст", - таъкид кард Лавров.
СҶТ: «Теъдоди мубталоён ба COVID-19 дар ҷаҳон аз 410 миллион нафар гузашт»
Мир 24. Теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти COVID-19 дар ҷаҳон аз 410 миллион ва шумораи фавтидагон – 5,81 миллион нафар гузашт.
Таъкид мешавад, ки омори Созмони ҷаҳонии тандурустӣ танҳо маълумоти расман тасдиқшударо дар бораи беморон ва фавтидагон аз ҷониби кишварҳо ба инобат мегирад. То 14 феврал, соати 20:32 ба вақти Мос-ква созмон дар бораи 410 565 868 ҳодиса ва 5 810 880 фавт маълумот гирифтааст. Теъдоди мубталоён дар як рӯз 1 655 868, фавтидагон 8 654 нафар афзудааст. Аксари мубталоён ба коронавирус дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (76 983 188) сабт шудааст. Баъд аз он Ҳиндустон (42 665 534) ва Бразилия (27 425 743) қарор доранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 592