Хабарҳо
«Баробарӣ, гуногунрангӣ ва фарогир: об моро муттаҳид мекунад»
Зери ҳамин унвон Академияи султонии илм ва эътимоди байналмилалӣ (RASIT) дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Кипр, Кения, Лубнон, Малта, Марокаш, Филиппин, Лаҳистон, Португалия, Қатар, Руанда, Словакия, Словения, Испания,Тоҷикистон ва як қатор ниҳодҳои СММ Конфронси байналмилалӣ баргузор намуд.
Дар ифтитоҳи он Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, Президенти иҷлосияи 76-уми МУ СММ Абдулло Шоҳид ва якчанд сарварони давлату ҳукуматҳои кишварҳои узви СММ иштирок ва суханронӣ карданд. Ҳайати Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ муаррифӣ кард.
Рустами Эмомалӣ дар баромади худ аз мушкилиҳои об дар ҷаҳон гуфта, аҳамияти нақши ҷомеаи ҷаҳониро дар пешгирии ин раванд ва тақвият бахшидан ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об, бавижа Ҳадафи шашуми рушди устувор таъкид кард. Ӯ, инчунин, оид ба нақши занону духтарон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дар ҳаллу фасли мушкилиҳои глобалӣ сухан ронда, аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин мавзуъ ёдовар шуд.
Намоиши «Дарвеши ланг» дар Маҷористон
Дар Будапешт бахшида ба 30-юмин солгарди барқарор намудани равобити дипломатии Тоҷикистон ва Маҷористон, дар Қасри кинои «Урания» асари муштараки таҳиягарон ва коргардонҳои Тоҷикистон ва Маҷористон, ки соли 1986 ба навор гирифта шудааст, филми ҳунарии «Дарвеши ланг» ба намоиш гузошта шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Филм дар асоси ёддоштҳои шарқшинос ва муаррихи маҷор Арминий Вамберӣ ва таассуроти ӯ аз сафар ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 1863-1864, ошноиаш бо мардуми тоҷик, таъриху забону фарҳанг ва расму оинҳои тоҷикон қисса мекунад.
Ба тамошои филм намояндагони мақомоти расмӣ, доираҳои илмӣ ва фарҳангии Маҷористон ва ҳайати дипломатии шаҳри Будапешт даъват шуда буданд.
Вохӯрӣ бо сафири Туркия
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёлро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Туркия табодули назар карда, ҳавасмандии худро барои густаришу таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯст дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн иброз дошта, идомаи ҳамкориро дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳим донистанд.
Боздиди сафири Беларус аз Китобхонаи миллӣ
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Денисенко Виктор ва котиби якуми сафорат Новак Александр ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд. Ҳадаф тақдим намудани як миқдор китоб ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тақдими китоб буд, ки ҳамасола 14 феврал таҷлил мегардад.
Меҳмонон сараввал аз мусаввараи таърихӣ, осорхонаи китоб, толори китобҳои тозанашр ва гӯшаи китоби Беларус, ки дар толори шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҷой гирифтааст, боздид намуданд.
Баъдан, мулоқоти сафир бо директори Китобхонаи миллӣ Ҷумъахон Файзализода сурат гирифт. Ҷонибҳо доир ба фаъолияти пурсамар миёни Тоҷикистон ва Беларус, атрофи муносибатҳои дуҷонибаи китобу китобдорӣ, татбиқи бандҳои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Беларус изҳори назар намуданд.
Ба Тоҷикистон 594 ҳазор воя ваксинаи «Модерна» ворид гардид
Дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 ба Тоҷикистон 594 ҳазор вояи ваксинаи «Модерна»-и истеҳсоли ширкати «Модерна Инк»-и ИМА ворид гардид, - иттилоъ дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вояи ваксинаи мазкур бо мақсади пешгирии сирояти коронавируси нави COVID-19 ва ба иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур фаро гирифтани сокинони мамлакат ворид шудааст.
То ҳол ба ҷумҳурӣ 11 269 920 вояи ваксинаҳои «АстраЗенека», «КоронаВак», «Модерна», «Спутник V» ва «Пфайзер» ворид шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 592