сиёсат
КӮРГИРЕҲИ ҚАЗИЯИ БАДАХШОН
Бадахшон ба ҷуз раҳоӣ аз ягона монеаи сунъӣ, ки чун захми носур ҷомеаро мебалъад ва он ҷинояткорӣ ном дорад, илоҷи дигар надорад. Ҳалқаҳои вобаста ба гурӯҳҳои ҷинояткор бо он шинохте, ки аз вазъи шаҳри Хоруғ дорем, халқро амалан ба гаравгон гирифтаанд. Сокинони миёнаомори Хоруғ ҳеҷ умумияте ба ин ҷинояткорон надоранд, онҳо тифлонашонро ҳар рӯз мактаб мебаранд, дар пайи ёфтани қути лоямут ва ризқу рӯзианд. Ва аз ҳама муҳимаш, давлатдоранд ва тарафдори қонун. Вале ҷавонони ноогоҳ, ки ҳадди ақаллияти сокинонро ташкил медиҳанд ва дар кӯчаву гузарҳои наздик ба хонаи саркардаҳои ҷиноятӣ зиндагӣ мекунанд, тасаввури воруна ва чаппа дар бораи олами атроф доранд. Онҳо ин ҷинояткоронро нофи замин мепиндоранд ва хаёл мекунанд, ки берун аз ин «қонуни ҷангал» дунёе вуҷуд надорад.
Дар ҳошияи воқеаҳои шаҳри Хоруғ саволҳои зиёде ба зеҳн меоянд, ки дар ин лавҳаи насрӣ то андозае ба онҳо ҷавоб меҷӯем. Якум, чаро ба вазъи Хоруғ танҳо саркардаҳои ҷиноятӣ таъсиргузоранд? Оё метавонад ҷинояткор баёнгари «раъй»-и халқ бошад? Волоияти қонун кай дар шаҳри Хоруғ таъмин мегардад? Маҳалгароӣ нисбат ба сокинони ноҳияҳои дигари вилоят дар шаҳри Хоруғ то кай идома мекунад? Хоруғ дар кадом давра ва кадом шароит ба маркази воқеии маъмурии вилоят табдил мегардад, ки ҳама қатъи назар аз маҳал ҷойгоҳашонро дошта бошанд?
Ҷавоби ҳамаи ин саволҳо осон ба назар мерасад, то даме ки фазои оштинопазир дар муҳити шаҳри Хоруғ ҳукмфармо нагардад, ҳалли масъалаҳои бузурги иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба таъхир андохта мешавад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки иҷмои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ ба вуҷуд биёяд ва ҳама сокинон дар атрофи мақомот муттаҳид шаванд. Наҳаросанд ва аз мавқеи калонмиқёси шаҳрвандӣ бар зидди гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ беамон мубориза баранд. Зеро ҳувияти миллии тоҷикии мардуми Бадахшон иҷозат нахоҳад дод, ки «нухба»-и ин мардуми илму фарҳангдӯст ду-се ҷинояткор бошад:
Кони гавҳари ишқам, кӯҳи лаъли ирфонам,
Карда з-ин сабаб Эзид сокини Бадахшонам.
Шофутур ШОМАМАДОВ,
омӯзгор, сокини шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.02.2022 №: 32 Мутолиа карданд: 1415